УМРИ МИЛЛАТ БА ЗАБОНИ ОН ВОБАСТА АСТ

Дар толори Донишгоҳи давлатии Фарғона бахшида ба 29-умин солгарди забони давлатӣ конфронси илмию амалӣ баргузор гардид.

Онро проректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ ва инноватсионӣ Акмалҷон Олимов ҳусни ифтитоҳ бахшид.  Вай гуфт, ки умри ҳар як миллат ба забони он вобаста аст. Барои ҳамин роҳнамои худшиносию худафрӯзиаш — забони худро бояд ҳар як соҳибзабон ҳифз кунад ва онро барои наслҳои оянда ҳамчун волотарин неъмат ба мерос гузорад.
Баъд узви Сенати Олий Маҷлис, шоираи халқии Ӯзбекистон Энахон Сиддиқова,  доктори илмҳои филологӣ Шарифахон Искандарова, донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикӣ Ботиралӣ Исомиддинов ва Мумтозбегим Каримҷонова дар бораи паҳлӯҳои гуногуни забон ва аҳамияти он барои иштирокчиёни анҷуман маълумотҳои лозимиро ироа намуданд. Ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон Султоналӣ Маннопов бо хондани якчанд таронаи ҷаззоб табъи ҳозиронро хеле хушҳол сохт.
Инчунин, дар конфронси мазкур донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикии факултети филологияи донишгоҳ намоишномаеро таҳти унвони «Ду шохаи як дарахт» намоиш доданд. Ин намоишнома инъикоси меҳру муҳаббат ва муносибати самимонаи байни устоду шогирд – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоиро дар меҳвари таваҷҷӯҳ қарор дод. Онро аҳли чорабинӣ бо кафкӯбиҳо гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд.

Файзулло ИБРОҲИМОВ,
донишҷӯи гурӯҳи тоҷикии факултети филологияи ДДФ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: