Фароғат то корҳои рӯзгорро ба анҷом расонд, дарсҳои фарзандонашро як-як аз назар гузаронд ва бо онҳо саволу ҷавоб кард, шаб аз нисф гузашт.
Ба хурдтаракаш Суқротҷон таъин намуд, ки ба ҳусни хаташ эътибор диҳад. Пас, ба назди ҳамсараш чойники чойи гармро гузошта, аз кору бори имрӯзааш пурсон шуд. Охир кори ӯ низ миёншикан аст, девор мезанад, хишт мечинад, лой мехобонад, тахтаю чӯб арра мекунад, хуллас устои сохтмон аст. Изи дастони ӯ дар ҳар як иморати мактаб, боғчаи кӯдакон, ташкилоту корхона, хонадони ҳаммаҳаллаҳояш акс ёфтааст.
Фароғат ба хонаи кориаш гузашт. Дар рӯйи миз дафтарҳои хонандагонаш мехобиданд. Илова бар ин, имрӯз аз хонандагони синфи 4-ум дар мавзӯи «Табиатро бояд ҳифз намоем» нақли хаттӣ гирифта буд, бояд ҳамаи онро санҷад, боз ба шаш соати дарси фардоина тайёрӣ бинад. Дарвоқеъ, дар синфи 7-ум, ки роҳбариашро ба ӯҳда дорад, ҷамъомади падару модаронро низ гузаронданӣ аст. Бо ҳамин фикру хаёлҳо ӯ ба санҷидани дафтари хонандагон шурӯъ намуд.
Оре, ҳар як инсони накӯ заҳматҳои муаллими нахустинашро, ки бо самимият ва меҳру муҳаббат ӯро таълиму тарбия додааст, ҳеч гоҳ фаромӯш намекунад.
Фароғат Давлатова соли 1957 дар деҳаи зебоманзари Эҷи ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ дида ба дунё кушодааст. Солҳои 1964-1974 дар мактаби зодгоҳаш аз устодони сахтгиру меҳрубон Йӯлдош Самадов, Даврон Мансуров, Боймурод Йӯлдошев, Ӯзбекбой Рӯзиев, Эсанбой Муродов, Низом Тилабов (рӯҳашон шод бод!), Ҳазрат Бакриев, Абдуназар Набиев ва дигарон сабақ гирифт. Вақте мактаби миёнаро хатм кард, хост таҳсилро дар донишкада идома диҳад. Волидони маърифатпарвараш ӯро дастгирӣ карданд, аммо модаркалонаш ба идомаи таҳсили ӯ розӣ нашуд.
Рӯзе омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Эсанбой Муродов ба назди момои Норгул омада, аз аълохон, ба илму дониш ташна, пешқадам ва ташаббускории Фароғат ҳарф зад ва таъкид кард, ки ӯ бояд хонад.
Ҳамин тариқ, Фароғат соли 80 бахши ғоибонаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айниро бомуваффақият хатм кард.
– Солҳои душвор ва гуворои донишҷӯиро, ки «давраи тиллоӣ» меноманд, зуд-зуд ба ёд меорам. Ба донишҷӯёне, ки ғоибона мехонданд, хобгоҳ дода намешуд. Вале ман бо кӯмаки устодонам – декани факултет Восеъ Қосимов, Лӯъбат Назарова, Сабоҳат Умарова (ёдашон ба хайр!) дар хобгоҳ ҷойгир шудам. Як воқеаи аҷиб ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад, – каме табассум намуда суханашро идома дод муаллима,– рӯзҳое мешуданд, ки то ба охир расидани дарс дар дуконҳо нон намемонд. Ҳамон лаҳза бӯхчаи нонҳои модарам пеши назарам намоён мешуд. Рӯзе баъди дарс гушнаю ташна ба хобгоҳ омадем ва зуд аз пайи хӯрокпазӣ шудем. Ошхона барои ҳама умумӣ буд. Хӯрокро дар дег андохта, алови тагашро паст карда, пухтанашро интизор шудем. Баъди 15-20 дақиқа ба ошхона рафта бинам, дегамон дар ҷояш набуд. Бачаҳои шӯх хӯрокамонро бо дегаш рабудаанд. Ҳамон шаб нонҳои сахти ҷамъкардаамонро ба чой тар карда хӯрда будем.
Муаллима фаъолияти омӯзгориашро дар мактаби деҳа оғоз кард.
– Вақте ба синф медаромад, ба гуфтор, рафтор, меҳрубону самимӣ ва тарзи либоспӯшии оддию озодааш ҳавас мекардем. Мӯйи дарозашро майдабофӣ мекард. Табиист, ки духтарони синфҳои болоӣ ба худ оро медиҳанд, мӯйҳои дарозашонро мебуранд. Дар ёд дорам, духтараке мӯяшро бурида ба мактаб омад, муаллима ҳамаи духтаронро ҷамъ карда гуфта буд: «Мӯй ҳусни занро зиёда мегардонад, магар байти машҳури шоири тоҷик Боқӣ Раҳимзодаро фаромӯш кардӣ?» ва худ онро қироат карда буд:
Илтиҷо дорам, ки мӯятро мабур,
Кокулони мушкбӯятро мабур.
Зиннати боғи латофат кокул аст,
Дар назокат гӯйӣ рашки сунбул аст...
Муаллима барои пешгирии чунин ҳолатҳо ҳар ҳафта маҷлиси духтаронро ташкил мекард, оиди масъалаҳои нозуки занон модарвор маслиҳатҳо медод, – мегӯяд яке аз шогирдони муаллима, ҳоло мушовири занону духтарони ҷамъомади шаҳрвандони деҳаи Эҷ Соҷида Расулова.
«Духтарак санги фалахмон», гуфтаанд. Апаи Фароғат баъди бо Рӯзимурод Раҳмонқулови сирдарёӣ издивоҷ намудан фаъолияташро дар мактаби миёнаи рақами 14-уми ба номи Абӯалӣ Синои ноҳияи Гулистон идома дод. Солҳои тӯлонӣ дар шуъбаи таълими халқи ноҳия чун равишомӯз адои вазифа намуд.
Дар хона ҳам модар ва ҳам омӯзгор аст. Фарзандонро ростгӯй, инсонпарвар ва меҳнатдӯст тарбия намуд. Искандар дастпарвари факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Гулистон, Фирӯза – омӯзгор, Ӯлмасҷону Суқрот ходимони соҳаи кишоварзӣ, арӯсон низ муаллимаанд.
– Модарҷонамро чун модари худ дӯст медорам. Дар ҳар кору бори зиндагӣ маслиҳатгӯй ва роҳнамои мо мебошанд. Моро ба омӯхтани илму дониш, китобхонӣ раҳнамун месозанд, аз ғайбат, каҷрафторӣ, дурӯғ, коргурезӣ парҳезкор бошед мегӯянд,– иброз медорад арӯси хонадон Моҳира.
– Оилаи апаи Фароғат яке аз оилаҳои намунавии маҳаллаамон ба шумор меравад. Ӯ ба нафақа баромада бошад ҳам, маслиҳатгӯй ва кӯмакрасони мардум мебошад. Дар камхарҷ, ихчам ва оддӣ гузарондани тӯю маъракаҳои ҳаммаҳаллаҳояш саҳм мегузорад, – мегӯяд мушовири занону духтарони маҳаллаи Ибрат Мавлуда Оққулова.
Оре, омӯзгор барои насли ҷавон намуна аст. Онҳо дар симои муаллим инсони бузург ва аз ҳама ҷиҳат комилро мебинанду ба ӯ пайравӣ мекунанд. Омӯзгор бояд ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан ба эътироф муносиб бошад, ҳамон вақт ӯ дар назди аҳли ҷомеа сарбаланду сарфароз мегардад.
Вақте аз муаллима доир ба унвонҳояш пурсон шудем, ӯ каме сукут карду хоксорона гуфт:
– Унвонҳои ман шогирдонам мебошанд, охир 40 соли умрамро ба таълиму тарбияи онҳо бахшидаам. Шогирдонам дар соҳаҳои мухталифи ҷамъият меҳнат мекунанд, дар рушду равнақи кишварамон ҳисса мегузоранд ва ҳар гоҳе «муаллима» мегӯянд, сарам ба осмон мерасад.
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».