УҚОБ БО БОЛУ ПАРАШ УҚОБ АСТ

Боре ду ҷавон бо ҳам мунозира карданд, ҳамдигарро дашном додаву таънаву маломат сохтанд.

(ё худ дар шинохти хешу табор) 
“Рагатро дар Бағдод буранд, ҷонат дар Бухоро дард кунад”
(Мақол)

Боре ду ҷавон бо ҳам мунозира карданд, ҳамдигарро дашном додаву таънаву маломат сохтанд. Ба миёнаравии рафиқон эътибор надода, ҳеҷ кадоме паст намеомаданд. Ин дам мӯйсафеде болои ин моҷаро омаду гуфт: 
– Аз шумоён ҷангу ҷидол айб аст. Шумо хеши якдигаред. 
Ҷавонон пас аз ин гуфтаи мӯйсафед қадре суст шуданд ва яке аз онҳо пурсид:
– Мо бо ҳам чӣ хел хеш? 
– Риштаи хешигариатонро намедонам, вале медонам, ки шумоён фарзандони як авлод ҳастед. 
Ин гуфтугузор ҷавононро ба муросо овард ва ҳатто дертар бо ҳам хеле қарин гаштанд. 
Имрӯзҳо қисми зиёди ҷавонон ва баъзе миёнсолу калонсолон ҳам риштаҳои хешигариро намедонанд. Ҳатто баъзеҳо аз кадом авлод буданашро ҳам намедонад. Баъзан саҳв дар шинохти хешигарӣ инсонро дар хиҷолат мемононанд. 
Боре зани шахси миёнсоле вафот мекунад. Пас аз тамом шудани муддати иддаи он, фарзандонаш мехоҳанд падарро хонадор кунанд. Ин муддаои худро ба падар иброз намуданд ва писари калонӣ:
– Дада, фалон занакро гапзанон шавем, шумо розигӣ медиҳед? – гӯён ба падар муроҷиат намуд.
– Магар девона шудаӣ?! – гуфт падар, – вай занак  хоҳари ман, аммаи ту мешавад! 
Писар аз хиҷолат сар хам кард. Ӯ то ҳол намедонистааст, ки он занак хеши наздикашон аст. 
Соҳиби хешу табор будан инсонро рӯҳбаланд, пуштупаноҳдор, нотарс, ҷасур ва ироданок мегардонад. Дар вақти ночорӣ, муфлисӣ аз хешу табор ёрӣ мебинад. Хешу табор қувват бахшандаи ҷисму ҷон ва рӯҳу равон, манбаи ифтихори ҳар як инсон мебошанд. Ҳар як шахс чун паррандаест ва хешовандон болу пари ӯянд. Беҳуда нагуфтаанд: “Уқоб бо болу параш уқоб”. Тасаввур кунед, ки шумо аз зодгоҳ, хешу табор дур ё хориҷ аз кишваред. Ғарибӣ фақат аз Ватан дур буданро нафаҳмонда, балки аз хешу табор ва аз ҳамшаҳриҳо ҳам дур буданро мефаҳмонад. Агар инсон муҳаббат ба хешу табор ва ёру дӯст намедошт, фақат муҳаббати Ватан ӯро ба зодгоҳаш дилгарм намекард. Хоҷа Камол ҳам ғарибиву дурӣ аз ёру диёр (ин ҷо “ёр” ба маънои васеъ омадааст)-ро дар ғазали “Ғарибӣ” хеле образнок тасвир кардааст. 
Аз даврони қадим то рӯзҳои мо тоҷикон дар марзаи зисташон ба авлоди падарӣ ҷудо мешаванд. Ҳар як авлод аз шаҷараҳо таркиб ёфта, сароғози он як падару модар мебошанд ва бо мурури замон ба шохаҳо (шаҷараҳо) гурӯҳбандӣ шудааст. Дар “Энсиклопедияи тоҷик” оварда шудааст, ки “авлод” калимаи арабӣ буда “ҷамъи валад”, яъне “писар” гуфтан аст. Хешу табороне, ки баромадашон аз як насабанд, авлодро ташкил медиҳанд. Барои фарзанд авлод падарӣ ва модарӣ мешавад. Ба авлоди падарӣ амаку амакбачаҳо ва аммаҳо, ба авлоди модарӣ тағою тағобачаҳо ва холаю холабачаҳо ва наслҳои ояндаи онҳо дохил мешаванд. Ҷамоаи авлодӣ асосан аз сохти ҷамъияти ибтидоӣ оғоз гардидааст. “Шаҷара” низ арабӣ буда, “дарахт” гуфтан аст. “Насабнома” силсилаи номҳоеро гӯянд, ки ба воситаи онҳо насаби авлодӣ ва шаҷара муайян карда мешавад. Тарзи густариши авлодӣ махсусан дар қабристонҳои умумии шаҳру деҳоти қадима дида мешавад. Яъне дар ин қабристонҳо ҳар авлоди падарӣ дар алоҳидагӣ гӯрхона (дахма, хокҷой) дорад, ки аз дигар авлодҳо ҷудояст. Ба ин васила ҳар як шахс дар вақти дафн кардани наздикони худ аз кадом авлод буданаш ва ба аҳли он авлод хешигарӣ доштанашро фаҳмида мегирад. 
Боре дар Рӯзи хотира шахсе доир ба авлод маълумот дода гуфт, ки аъзои ҳар авлод бо ҳам хешованданд. 
Ҷавоне пурсид:
– Ҳамаи аъзои як авлод бо ҳам хеш буданашонро намедонанд-ку? 
– Дуруст, – гуфт нотиқ, – шохаҳои авлодӣ (шаҷараҳо) бо ҳам бо кадом роҳ хешованданд, исбот кардан душвор, яъне ҳар як шахс қавмҳои дури гузаштаашро аз рӯйи ному насаб то андозае муайян кунад, он шаҷара номида мешавад. Байни халқ гуфторе ҳаст, ки ҳар як шахс бояд то ҳафт пушти худро донад. “Баъзеҳо шаҷараи худро то 5-6 пушт медонанд, аммо баъзеҳо падару бобояшонро медонанду халос. Қисми ками одамон то ҳафт пушт ва аз он зиёдтарро медонанд. Номгӯйи пуштҳоро яке аз хатибони масҷид чунин номбар карда буд: бобо, падар, набера, абера, чабера, ибира ва ивира. Ду пушти охир дар бисёр ҷойҳо ҳар хел ном бурда мешаванд. Маънои “пушт” аз як тараф “аз пушту камар офаридан”-ро доро буда, аз тарафи дигар, аз худ пеш гузаштагонро ифода мекунад. Ивира – пушти якум буда, “бобо” пушти ҳафтум аст. Пушти ҳафтум ва давоми он аъзои авлод мебошанд. Ин аст, ки бисёриҳо аъзои як авлод буданашонро донанд ҳам, асосҳои хешу табориашонро исбот карда наметавонанд. Дар қабристон авлод-авлод хокҷой доштан фоидаи шинохти хешу таборӣ мебошад. Дар гузашта (имрӯзҳо ҳам дар баъзе ҷойҳо) ҳар авлод 2-3 нафар маслиҳатдиҳанда (пир) доштанд, ки норасоӣ ва нобаробариҳои дохили авлодро бо мӯйсафедони шаҷараҳо якҷоя ҳаллу фасл менамуданд. Ба ҷавонҳои авлоди худ роҳу равиш меомӯзонанд. Маслиҳат медиҳанд ва мадад мерасонанд. Муомила ва муносибатҳои байни авлод, шаҷараҳо ва оилаҳоро ба тартиб меандохтанд. 
Дар рисолаҳои қадимӣ бисёр фикрҳои бикр ва ҳикояту ривоятҳои ибратбахш оиди муносибатҳои хешу таборӣ оварда шудааст. Қитъа:
Рав барои пурсиши
 хешони хеш,
То ки гардад муддати умри 
ту  беш,
Ҳар кӣ гардонад зи 
хешовандон-ш рӯй,
Бегумон, нуқсон пазирад
 умри ӯй.
Ҳар кӣ аз хешии худ 
бегона шуд, 
Номаш аз рӯйи бадӣ 
афсона шуд.
Ё худ ривоят мекунанд, ки дар мулки Араб чоҳе бо номи Замзам вуҷуд доштааст, ки онро дарвозаи ҷаннат номидаанд. Дар сарзамини Шом чоҳе будааст, ки онро дарвозаи дӯзах меномиданд. Рӯзе шахси тақводор ва хеле порсо вафот мекунад. Пас аз ба хок гузоштани ӯ  ва гузаштани чанд муддат, шиносҳояш ӯро ба ёд оварда, бо боварӣ изҳор мекунанд, ки дохили ҷаннат гардидааст. Рӯзе яке аз дӯстон хост аз ҳоли ӯ хабар гирад ва  ба  лаби чоҳи Замзам рафта, номи ӯро гирифта чанд бор фарёд кард,  вале ҷавоб нашунид. Ӯ бозгашта бо маслиҳати рафиқонаш ба диёри Шом ба назди чоҳи дарвозаи дӯзах рафта, номи рафиқашро гирифта ҷеғ зада буд, ки аз зери чоҳ овози марди порсо баромад. Ин шахс пурсид:
– Ту одами порсо будӣ, барои чӣ дӯзахӣ  гаштӣ? 
– Ман бо тоату ибодат машғул шуда, –  ҷавоб медиҳад  марди порсо, – аз хешовандони дур, ки дар мулки Хуросон буданд, ҳолпурсӣ накардаам. Аз ин сабаб онҳо аз ман норозӣ будаанду ман бехабар. Аз ту хоҳиш мекунам, ки рафта аз номи  ман аз онҳо бахшиш пурс, ки аз азоби алим халос шавам. 
Ҳарчанд ин ривоят аст, аммо асоси тарбиявӣ дошта, қадру қимати хешу таборро ифода менамояд. Аксар дар шинохти хешу табор баъзан ба хатоиҳо роҳ медиҳанд, яке “тағо”-ро  “амак”,  “хола”-ро  “амма” ва ё  баръакс ба забон мегиранд. Ин ҷо хостем то андозае ба шинохти хешу таборӣ равшанӣ андозем. Тавре ки зикр шуд, хешони падариро  амаку амма ва  хешони  модариро холаву тағо бояд ном гирифт. Баробари ин  риштаҳои хешигарӣ, ки давомдор ва васеъ аст, бояд чунин номгӯ карда шавад:
1. Аъзои як авлод бояд мардҳоро амаку  занҳоро амма гӯянд.
2. Агар волидайн аз як авлод бошанд, фарзандон бародар ва хоҳарони  модарро бояд тағову хола гӯянд. 
3. Бобову модаркалон ва  падару модар наздикони худро чи тавре ки (амаку амма ва тағову хола) мегӯянд, фарзандон ва набераҳо ҳам онҳоро бояд ҳамон хел ба забон гиранд. Вале фарзандони аммаҳоро, агар аз дигар авлод бошанд, тағову хола гуфтан беҳтар аст.
4. Барои ҳар як мард ва ҳар як зан фарзандони бародарони хоҳаронашон додарзода ва  хоҳарзода ба шумор рафта, “ҷиян”  ном бурда мешаванд.
5. Фарзандони бародарону хоҳарон ба ҳамдигар амакбачаву аммабача ва тағобачаву холабача ба шумор рафта, якдигарро бояд амаку амма ва тағою хола гӯянд.
6. Келини хонадон, агар аз хешовандон бошад, тавре ки то келин шудан падаршӯ ва модаршӯяшро  ном мебурд, пас аз келин шудан ҳам бояд ҳамон хел ном барад,  яъне амак ё амма, тағо ё хола гӯяд. Агар келин аз дигар авлод буда,  ба хонадони шавҳараш ягон риштаи хешигарӣ надошта бошад, хуб мешуд, ки падаршӯяшро амак ва модаршӯяшро янга гӯяд  (на додову оча). Ин аз рӯи мантиқ дуруст аст. Инчунин  наздикони шавҳарашро (ғайр аз падару модари шавҳар) бояд чун шавҳараш  ба забон гирад. Дар навбати худ домодон ҳам ба наздикони арӯс чун ӯ муносибат намоянд. Хешовандони наздик бо сабаби ҳамдигарро ҳаматарафа хуб донистан ва ба мақсади решаҳои хешу табориро мустаҳкам кардан бо ҳам қудо мешаванд. Ҳарчанд бузургон ва тибби имрӯз чунин издивоҷро хатарнок ҳисоб намудаанд.
Дар “Насиҳатномаи”-и Унсурулмаолии Кайковус оварда шудааст: “Эй писар, чун зан хостӣ аз қабилаи дигар хоҳ то бегонагонро ба худ хеш карда бошӣ, зеро ақрабои ту худ хешони ту  ҳастанд” ва ё дар эҷодиёти  даҳонии халқ ба чунин байт дучор меоем:
Гула ба гул қӯш кардем,
Бегонаро хеш кардем.
Оиладоршавии хешу табор то рӯзҳои мо идома дорад. Издивоҷи  ғайрихешовандӣ насли солим меофарад ва доираи хешу табориро васеъ менамояд, ки  талаби замон аст.
Мутаассифона баъзан  шоҳиди нобаробариҳои оилавӣ – ҷангу талоши байни фарзандон, вайрон шудани оилаҳои ҷавони бо ҳам хеш, баҳсу мунозираҳои байни волидайн ва фарзандон, талоши мерос, ҷанҷолу хархашаҳои байни хешу табор ва дигар муносибатҳои бади хешовандон мешавем. Ҳатто ин ҷанҷолу хархашаҳо то даргоҳи додгоҳ рафта мерасанд, ки авфнопазиранд. Инчунин, агар аз аъзои авлод касе бадрафторӣ, ё бадмуомилагӣ, мисли дағалӣ, зинокорӣ, дуздӣ, фиребгарӣ, фоҳишагӣ барин хислатҳои бадро аз худ зоҳир намояд, байни мардум сабаби сархамии намояндагони он авлод ва асоси таънаву маломати бегонагон мегардад. Дар ҳадис омадааст: “Лутфи Худо шомили ҳоли хонаводае намегардад, ки дар он касе тарки ақвоми худ карда бошад. Он кас комил аст, ки ба хешони худ некӣ кунад, ҳатто замоне ки онон бад-ӯ некӣ накардаанд”.
Инчунин байни халқ мақоли “Хеши ганда – ҳам гиряву ҳам ханда” ҳаст. Яъне хеши бад барои аъзои авлод сабаби гиря бошад, барои бегонагон боиси ханда аст.

Абдуназари НАБӢ, 
Дилмурод ҚӮЗИЕВ, 

ноҳияи НУРАТО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: