«УШТУРИ САФЕДРО ДИДӢ? НЕ!»

Дар роҳи оҳани таҳти тасарруфи стансияи роҳи оҳани Ангрен ҳодисаҳои аз қатори вагонҳо дуздидани миқдори зиёди ангиштсанг ба вуқӯъ мепайванданд, вале касе ҷуръат намекунад, ки пеши ин дуздиро бигирад.

Тавре ки як сокини шаҳри Ангрен бидуни ифшои номаш ба мухбири «Овози тоҷик» изҳор кард, дар ин кор даст доштани як гурӯҳ наврасони шаҳри Ангрен ва деҳоти атрофи он боиси ташвишу нигаронӣ мебошад. Гуфта мешавад, дар ҳар гурӯҳ 15-20 нафарӣ наврасон ҳастанд.  Аъзои ҳар гурӯҳ баробари аз анбор ҳаракат кардани қатори вагонҳои пурбори ангишт ду нафарӣ тақсим шуда, болои вагонҳо мебароянд ва бидуни он ки дар фикри ногаҳон афтидан ё сарнагун шудан бошанд, рафта-равон ангиштҳои калонҳаҷмро дар як тарафи вагон ғун мекунанд. Ҳамроҳони онҳо ба ҷои қаблан муқарраршуда бо мошин ҳозир мешаванд. Баъд як нафар дастаи крани таваққуф кунонидани қатори вагонҳоро мекашад ва он ноилоҷ барои чанд лаҳза меистад. 
Дар ин лаҳза наврасони болои вагонҳо ангиштҳои ғункардаашонро зуд ба поён ҳаво медиҳанд ва ҳамтабақони дигарашон ин ангиштҳоро зуд ба мошинҳо бор мекунанд ва ғайб мезананд. Қатори вагонҳо баъди чанд лаҳза дубора ба роҳи худ идома медиҳад.
Чунин ба назар мерасад, ки ба гурӯҳҳои ангиштдузд ду-се сарпараст  роҳбарӣ мекунанд. Эҳтимол меравад,ки ин сарпарастон дар идораҳои интизомии минтақаи мазкур машғули вазифа мебошанд. Дар акси ҳол ин дуздии наврасон кайҳо фош мешуд ва гунаҳкорон ба ҷазо кашида мешуданд. 
– Аз ин ҳодиса бархе аз роҳбарони мақомоти идораи шаҳри Ангрен низ огаҳ набуда наметавонанд, аммо маълум нест, ки чаро ягон муносибат нишон намедиҳанд, – мегӯяд ҳамон ҳамсуҳбати мо.
Як соҳибкори намангонӣ иброз дошт, ки аз ҶСММ-и «Ӯзбеккӯмир» бар асоси шартнома ангишт мехарад ва онро ба мардуми вилояти Намангон бурда мефурӯшад. Ба гуфтаи ӯ, ин рӯйдод кайҳо боз идома дорад. Аммо аксарияти роҳбарони ҷамъияти саҳҳомӣ  ин ҳодисаро нодида мегиранд ва аз рӯи мақоли «Уштури сафедро дидӣ? Не!» амал мекунанд. 
– Аз ҳар вагон ангишт дуздида мешавад. Дар ин бора мо, соҳибкорон ба идораҳои гуногун муроҷиат кардем, аммо ягон натиҷа ҳосил нашуд. Ходимони милитсияи нақлиёти вилояти Намангон низ аз шунидани ҳарфҳои мо китф дарҳам кашиданд. Онҳо гуфтанд, ки дар бораи ин дуздиҳо маълумоти дақиқ дар даст надоранд. Беҳтараш мо ба милитсияи нақлиёти вилояти Тошканд муроҷиат кунем, – изҳор намуд ин соҳибкори намангонӣ.
Аз эҳтимол дур нест, ки кам баромадани миқдори ангиште, ки тавассути мошинҳо барои аҳолии ноҳияи дурдасти Сӯхи вилояти Фарғона низ расонда мешавад, аз ҳамин сабаб бошад. Зеро пайдо шудани ихтилофоти байни фурӯшандаҳо ва харидорони ин ангишт дар ноҳияи Сӯх борҳо ба қайд гирифта шудааст ва инро аксарият медонанд. Шояд вақти он расидааст, ки ин дуздиҳо ва аъмоли сарпарастони онҳо мавриди таҳқиқу бозрасии ниҳодҳои интизомӣ қарор гиранд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ТОШКАНД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: