УСТО АМОН

Деҳаи Сойихурд дар доманаи кӯҳ воқеъ аст.

Он  пастиву  баландӣ ва  пастхамиҳои  зиёд   дорад.  Ҳар  субҳи  рӯзи  корӣ  аз  пастхамии  миёнаи  деҳа  марди  қоматбаланди   қавиҷусса бо  тамкин  қадам  зада  сӯйи  мактаб  мегузорад. Ҳамеша  дар  тан  сару  либоси  оростаю  шинам дорад. Ба  “Ассалому  алейкум”-и  хонандагони  роҳгузар   бо  овози  шунавою  шево   алейк  мегирад.  Бо  роҳгузарони  куҳансол бо  ду  даст  вохурӣ  намуда,  ҳолпурсӣ  мекунад. Ӯ ба мактаб  меравад ва  боз  бо ҳамин  роҳ ба  хонааш бармегардад. Ӯ Амонбой  ном  дорад. Номи  хонаводагиаш   Қӯзиев.  Ҷавонони  деҳа  ӯро  бо  эҳтиром  “муаллим”, куҳансолон  бошанд  «усто  Амон» ном  мегиранд.
Амон  Қӯзиев   омӯзгор  аст,  омӯзгори фанни  технология. Ба  хонандагон  сирру  асрори  ҳунар  меомӯзад.  Писарбачаҳоро  бештар   ба  чӯбкорию  кандакорӣ,  корҳои  техникӣ  машқ медиҳад. Духтаронро  аз  дӯзандагию  пазандагӣ сабақ  меомӯзад.
Аз  натиҷаи  кори  худ  ҳамеша   мамнун  аст.  Дар  мактаб  гӯшаҳои  ҳунар  ташкил  намудааст,  ки  дар  онҳо  ҳамеша  дастовардҳои  шогирдонро  ба  намоиш  мегузорад. Ҳунарҳои  мардумиро  аз  нав  зинда  намуда,  дар  қалби  хонандагон  ҷо  мекунад.
Дар  мактаби  деҳа воситаҳои  техникӣ   намерасанд ва  ё  умуман,  дар  мактаб  вуҷуд  надоранд.  Омӯзгорро  дар  ин  маврид  зарур  аст  эҷодкор  бошад, аз вазъият  ва имконоти  маҳал  самаранок  истифода  барад. Амон  устои  кори  худ  аст,  дар  айни  ҳол  ҳунарманди  асил низ мебошад.  Аз  рӯзе, ки  ба  мактаб  чун  омӯзгор  қадам  гузошт,  дар  корҳои  бунёдкоронаи  мактаб  фаъолона  иштирок  мекунад.
Устои  чӯб  аст  Амон, ба шогирдон  дуредгарӣ   меомӯзонад. Ба як  ҷавон чил  ҳунар кам  аст, –  гуфтааст  халқ. Усто  Амони  муаллим  дар  фасли  тирамоҳ  серкор  аст. Касби  шишабуриро  хуб  аз  бар  кардааст. Пеш  аз  зимистон  ҳар  як  хонадон  ба  ин  ҳунари  омӯзгор  ниёз  дорад. Ӯ  мушкилкушои  мардум  аст. Аз  шогирдони  худ  меболад,   бо  эътимоди  комил  метавон гуфт, ки  шогирдони  ӯ  имрӯз    байни  мардуми  кӯҳпояи  Нурато  хеле  шуҳрат  доранд. Дар  бунёди  биною  иморатҳои  замонавӣ  намунаанду  ибрати  дигарон  мебошанд ва дар ободу зебосозии биноҳои деҳоти силсилакӯҳ саҳми арзанда мегиранд.
    
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
ноҳияи Нуратои 
вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: