УСТОД АЙНӢ ВА БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Аз рӯзи вафоти академик Ғафуров 43 сол гузашт

Аз рӯзи вафоти академик Ғафуров 43 сол гузашт
Бобоҷон  Ғафуров   аз  толеъбаландонест, ки аз  айёми  тифлӣ  ахтари  саъд  ба  сараш  нурафшон  будааст. Вай  чун  ба  дунё  омад, дар  оғӯши  пурмеҳри  модари  бомаърифату   хирадманд  ва  шоираву  суханшиносаш  Розия  Озод  ба  воя  расид.  Он  шамъи  донишу  хирад, ки  бо  мадади  модар  дар  дили  кӯчакаш  нурафшон  гашта  буд, ҳаргиз  хомӯш  нагашт  ва  тамоми  умр  фурӯзон боқӣ монд. Азму  иродаи қавӣ ва  муҳаббат  ба  илму  дониш  буд, ки  сокинони  Тоҷикистон  ӯро  дар  айёми   ҷавониаш  чун ходими  барҷастаи  давлатӣ  ва  олими  номдор   эътироф  карданд  ва  дӯст  доштанд.  Ӯ  дар  37-солагӣ  роҳбарии  мақоми  аввали  ҷумҳуриро  бар  дӯш  гирифт  ва  солҳои  зиёд  тамоми  ҳастиашро  бо  ободониву  шукуфоии  Тоҷикистон  бахшид. Корҳои   ҷамъиятию   давлатӣ  ва  илмиро    таъвам  пеш  мебурд  ва  ба  комёбиҳо   сазовор  мегашт.
Суннатигароӣ  ва арҷгузорӣ  ба  таъриху  фарҳанги  ниёгон  Бобоҷон  Ғафуровро   маҳбуби   мардум  гардонд  ва  ӯро  мавриди  таваҷҷуҳ   ва  эҳтироми Устод  Айнӣ  қарор  дод. Устод  Айнӣ  эътимоди  комил  дошт, ки   Бобоҷон  Ғафуров  бо  дониши  баланд, созмондиҳии  хирадмандона  ва  бо истифода  аз  мақоми  баланди   хеш  дар  шинохти  таърихии  тоҷикон  корҳои  бузургеро  анҷом  дода  метавонад.  Ва  ҳидоятҳои   падаронааш  ӯро  дар  таҳқиқи  таърихи   халқи  тоҷик  беш  аз  пеш  рӯҳбаланду  шавқманд  менамуд  ва  зина  ба  зина  қуллаҳои  нави  илмро  фатҳ  мекард.  Дар  32-солагӣ   рисолаи   номзадӣ  дифоъ  намуд, дар 42-солагӣ  академики  Академияи   улуми  Тоҷикистон  интихоб  шуд,  дар  43-солагӣ  сазовори  унвони  доктори  илми  таърих  гардид.  38-сол  дошт,  ки  асари калонҳаҷмаш  “Таърихи  мухтасари  халқи  тоҷик” ба  табъ  расид  ва  он  сароғози  омӯзиши  амиқи  таърихи  тоҷикон  гардид.  Муаллиф  чун  рамзи  эҳтиром ва  арҷгузорӣ  аввалин  нусхаи  онро  бо соядаст  ба  Устод  Айнӣ  тақдим  намуд, ки  дар  он  чунин  омада: “Ба  хубтарин  донишманди  адабиёт  ва  таърихи  тоҷикон – муаллим  ва  адиб   Садриддин   Айнӣ.  Ин   китоб  дар  соҳаи таърихи  тоҷикон якумин  ташаббус аст.  Аввалин   касе, ки  ба  навиштани  таърихи  адабиёт  ва   таърихи  тоҷик  сар  кардааст,  Шумо  ҳастед.  Аз  ин  сабаб,  бо  эҳтироми  зиёд  ин  китобро  тақдим  мекунам.  Бо  салом,  Ғафуров”. 2.05.1947.
Устод  Айнӣ аз  нашри  асари  Бобоҷон  Ғафуров   хеле  шод  гашт  ва  соли  1948  ба  он   тақризи  муфассал  навишт. Он аввал  дар  маҷаллаи   “ Шарқи  сурх ”  чоп  ва  баъдҳо  дар  ҳаҷми  30  саҳифа  дар  ҷилди  даҳуми  “Куллиёт”- и  устод  ҷой  дода  шуд. Эродҳои  зиёди  Устод  Айниро  муаллиф  бо  мамнуният  пазируфт  ва  дар  нашрҳои  минбаъда  онҳо  ислоҳ  гардиданд.
Дар солҳои  Ҷанги дуюми ҷаҳон бо пешниҳоди Бобоҷон  Ғафуров   Устод  Айнӣ  ба  кори  бузурге  иқдом  намуд  ва  бо  маҳорати  олии  суханварӣ  ва  таърихнигорӣ  қаҳрамониҳои  фарзандони  тоҷикро   аз  қаъри  таърих  берун  овард  ва  ҳамрадифи  қаҳрамонони  ҷанги  зидди   фашизм  гардонд.
Ҳамин  тариқ,  соли  1944  ду  шоҳасари  устод:  “Исёни  Муқаннаъ” ва “Қаҳрамони  халқи  тоҷик  Темурмалик ” ба  дасти  хонандагон  расид.  Инчунин,  бо  маслиҳати  Устод  Айнӣ ва раҳнамоии  Бобоҷон Ғафуров    мусиқии  классикии   “Шашмақом”  бо  252 оҳангутаронааш ба  адвор  (нота) гирифта  шуд, ки он  як  корномаи   фарҳангӣ  маҳсуб  мешавад.
Бобоҷон Ғафуров тамоми  имконияти   дастрасро  ба  кор  бурд, то  Устод  Айнӣ  дар  баробари  мақоми   баланди  адабӣ  ба  мартабаи  баланди  ҷамъиятӣ  низ  сазовор  гардад.  Ва  ҳамин буд,  ки  Устод  Айнӣ  соли  1949  вакили  халқ  дар  парлумони  Иттиҳоди  Шӯравӣ  интихоб  мешавад  ва  худи  ҳамон  сол  шӯрои  илмии   донишгоҳи   Ленинград  ӯро  бо  унвони  ифтихории   доктори  улуми   филологӣ  сарфароз   мегардонад.
Соли  1947  Бобоҷон  Ғафуров    ҳангоми  мулоқот  бо  Сталин   барои  бо  ордени  Ленин  мукофотонидани  Устод  Айнӣ,  ки  пас  аз  соле   70-сола  мешуд,   иҷозат  мепурсад. Сталин  бо  қаноатмандӣ  розӣ  мешавад. Чун  соли  1951  Академияи   илмҳои  Тоҷикистон таъсис  ёфт, бо  пешниҳоди  Бобоҷон  Ғафуров устод  Айнӣ  нахустин  президенти  он  интихоб  гардид.  Ин иқдоми хирадмандона ва дурандешона ҳадафи  дигаре  ҳам  дошт.  Бобоҷон  Ғафуров  мехост, ки  устодро дар  Душанбе  муқимӣ  гардонад ва ӯ чун  падари  маънавии миллат  дар  ҳамин  ҷо  маъвои   охираташро  дарёбад.
Бобоҷон Ғафуров дар 47- солагӣ сарвари Институти ховаршиносии Академияи  илмҳои  Иттиҳоди Шӯравӣ таъин  гардид  ва  то  охи  ри  умр  ин  вазифаро бар дӯш дошт. Аз Осиёи  Марказӣ ӯ ягона  шахсе буд, ки  академики  ин муассисаи олии илмӣ  интихоб  шуда  буд. Бобоҷон Ғафуров дар он солҳо низ  тарғибу  таҳқиқи  осори устод Айниро  фаромӯш  накард.  Бо ҳидояти ӯ шарқшинос ва забоншиноси  маъруф  Анна Розенфелд “Ёддоштҳо”-и  устод  Айниро аз сари нав дар сатҳи баланди бадеӣ ва илмӣ ба забони русӣ тарҷума намуд  ва он соли  1960  мунташир гардид.
Бобоҷон  Ғафуров “Ёддоштҳо”-ро на танҳо асари адабӣ, балки  ёдгории  бузурги таърихӣ  меҳисобид ва Устод Айниро дар радифи  Байҳақиву  Наршахӣ, Мирхонду Носири Хусрав  мегузошт.
Мегӯянд, ки Бобоҷон Ғафуров боре  дар  Иттифоқи  нависандагони  Тоҷикистон   дар  ҳузури Мирзо Турсунзода  чунин  арзи  муддао  кардааст: “ Бо амри  сарнавишт  солҳои  зиёдест, ки ман аз Тоҷикистон дур афтодаам. Оё маро дар охири умр дар як гӯшаи  домони  худ  ҷой  медода  бошад?”.
Тобистони соли 1977 бемории сахте пайкари устодро фаро гирифт ва ӯ бо хирадмандии  азалӣ оқибати  онро равшан дарк  мекард. Вай  табобатгоҳҳои  дараҷаи аввалро сарфи  назар  намуда, ба Ватан омад ва дар бемористони Душанбе бистарӣ гашт. Мехост хумори чандсолаи дурӣ аз  Ватан шикаста шавад ва дидори ёрону дӯстонро ба серӣ бубинад.
Ҳатто дар рӯзҳои сахти беморӣ аз  нав ба ёди Устод Айнӣ  афтод. Камол Айнӣ нақл мекард, ки  бо хоҳиши ӯ тасвири мақбараи Устод Айниро дар рӯ ба рӯяш ҷой дода буданд. Азбаски  табибон  омадурафти аёдаткунандагонашро ниҳоят  маҳдуд  карда  буданд, Бобоҷон Ғафуров дар танҳоӣ  соатҳои дароз ба симои Устод Айнӣ нигариста, бо андешаи амиқ фурӯ мерафт ва гӯё  хаёлан  бо  ӯ сӯҳбат  менамуд.
Бобоҷон Ғафуров 12 июли соли  1977 дар  бемористон  чашм аз олам пӯшид ва 14 июл дар Боғи Устод Айнӣ, дар паҳлӯи муаллим ва дӯсти беназираш ба хоби абад рафт.

Раҷабалӣ ҚУДРАТЗОДА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: