УСТОДЕ, КИ ОТАШИ ҚАЛБ БА ҶАВОНОН БАХШИДААСТ

Дар бораи муаллимон сухан ронда, меҳри онҳоро дарё меноманд.

Дар бораи муаллимон сухан ронда, меҳри онҳоро дарё меноманд. Зеро онҳо баробари дониш додан ба авлоди ҷавон меҳр низ ҳадя мекунанд.
Аз ин боис, солҳо гузаранд ҳам устодони сабақдодаамонро доимо эъҷоз мекунем, ба онҳо алоҳида ҳурмат нишон медиҳем. Дар вилояти Фарғона низ инсонҳое, ки бо шарофати ҳамин касб бахт ёфтаанд, хеле зиёд.
Директори мактаб-интернати барои бачаҳои имконияташон маҳдуд махсусонидашудаи рақами 9-уми шаҳри Қӯқанд Дилдорахон Маҳмудова ҳам аз ин гуна устодони «меҳридарё»ст.
Фаъолият бурдан дар маскани таълимии мазкур аз дасти ҳама ҳам намеояд. Сабабаш, барои кор дар ин муассиса ғайр аз маҳорати педагогӣ-мураббигӣ бояд ба касб садоқатманд буд, бачаҳоро чун фарзандони худ дӯст дошт.
Айни замон дар мактаб 241 нафар хонандагоне, ки дар ҳаракати такя нуқсон доранд, ба фалаҷии кӯдакона дучор шудаанд, таҳсил карда, ба онҳо 100 нафар муаллимон-мураббиҳо таълиму тарбия медиҳанд. Дар ин ҷо хониш, тарбияи ҷисмонӣ, корҳои омӯзиши илму ҳунар ба тарзи муштарак пеш бурда мешавад. Хонандагоне, ки ба синфи якум қабул шудаанд, баъди синфи 9-умро тамом карданашон ба давраи навбатии таълим гузаронида мешаванд.
Алҳол бачаҳое, ки аз водии Фарғона, вилоятҳои Самарқанд ва Қашқадарё омада дар ин ҷо тарбия мегиранд, ҳар кадоме як олам. Аксарият – беҳаракат. Бинобар дар як ҷо нишастан ба ҳаёт таваҷҷӯҳашон пурзӯр, серфикр. Дилдораапа оиди омӯзиши рӯҳияи ҳамин хел бачаҳо кори илмӣ пеш бурда, дараҷаи номзади илмҳои педагогикаро гирифтааст. Чи тавр кашф кардани истеъдоди пинҳонии писарону духтаронро хуб медонад.
– Ба ҳар бача меҳр ва эътибор даркор, – мегӯяд Д.Маҳмудова. – Бинобар ҳамин ҳам дар мактаб-интернатамон онҳое, ки ба касб меҳр доранд, кор мекунанд. Дарсҳо пурра дар асоси барномаи мактаби таълими умумӣ пеш бурда, муолиҷаи тиббӣ, машғулоти тарбияи ҷисмонӣ ташкил карда мешавад. Дар сехи дӯзандагӣ ва дуредгарӣ хонандагон ҳунар меомӯзанд. Дар мактаб музейи кӯчак мавҷуд. Дар давраи пандемия дарсҳо ба тарзи онлайн ба амал бароварда мешаванд.
Дилдорахон Маҳмудова, ки соли 1993 дар даргоҳи мазкур фаъолият сар кардааст, аз соли 1997 инҷониб чун директор ба ҷамоа роҳбарӣ менамояд. Соли 2001 бо нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқ», соли 2007 бо ордени «Соғлом авлод учун» (дараҷаи II) сазовор гашт. Ба муносибати 29-солагии истиқлолияти мамлакатамон бо унвони фахрии «Мураббии хидматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» тақдиронида шуд.
Мактаб-интернате, ки Дилдораапа кор мекунад нафақат дар шаҳр, балки дар вилоят низ ҳамчун яке аз муассисаҳои таълимие, ки корҳои таълиму тарбияро самаранок ба роҳ гузоштаанд, эътироф карда мешавад. Ба амал татбиқ сохтани таҷрибаҳои пешқадами педагогӣ, ба маҳфилҳои беруназсинфӣ фаъолона ҷалб кардани хонандагон ва ба адабиётҳои нав мунтазам таъмин сохтани онҳо ҳамчун омили асосии комёбиҳо хидмат менамоянд.

М.СУЛАЙМОНОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: