Гурӯҳи тарғиботие, ки ба вилояти Сурхондарё фиристода шуда буд, тӯли як ҳафта дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Тирмиз истиқомат кард.
Аз байни наздик 60 нафар аъзои гурӯҳ, ки намояндагони илму маърифат, адабиёту фарҳанг, вакилони санъати театр ва кино буданд, тавре ба назар менамуд таваҷҷӯҳи умум ба ҳунарпешагони мардумии Ӯзбекистон Абдуҳошим Исмоилов ва Зулайхо Бойхонова зиёдтар. Гурӯҳ ҳар рӯз ба зергурӯҳҳо тақсим шуда, ба ноҳияҳои Сурхонзамин сафар мекард. Ҳар кас мехост бо ин ду чеҳраи намоёни ҳунар ҳамсафар бошад.
Устод ва шогирд аз ҳам ҷудо намешуданд. Риштаҳои самимият онҳоро мепайваст. Он гуна, ки падару модар нисбати фарзанд ва фарзанд нисбати падару модар дар қалб эҳсос доранд, наздикӣ байни устод ва шогирд, айни ҳол, баръало ба зуҳур меомадааст.
Зулайхо бо Абдуҳошимака дар куҷо шинос шуд? Кай ба шогирдии ин оҳангсоз ва мусиқидони номвар қабул гашт? Ҷуз ӯ Зулайхо боз киҳоро устод шумурда ва эҳтироми шогирдӣ наздашон ба ҷо мегузорад?
Устодонаш бисёр, вале вай номи се нафарро, ки дар зинаҳои гуногуни таълим барояш сабақи мусиқӣ дода, чашмаш ба олами мӯъҷизаомези санъат боз кунондаанд, алоҳида ба забон меорад: муаллими мусиқӣ дар дабистони таълими умумӣ Долимҷон Абдуллоев, устоди донишкадаи санъат Асад Азимов ва ниҳоят муаллими сахтгир дар «дорулфунун»-и санъати сарояндагӣ Абдуҳошим Исмоилов.
Зулайхо боз аз Фаттоҳ Ҳотамов ва Орифхон Ҳотамов барин устодон, ки дар роҳи азхудсозии нозукиҳои мусиқию овозхонӣ барояш бисёр чизҳоро омӯзондаанд, як умр миннатдор аст.
Вай зодаи ноҳияи Уйчии вилояти Намангон мебошад. Дабистони таълими умумии деҳаи Бирлашганро ба итмом расонда, бо ҳамроҳии падар роҳи Тошкандро пеш гирифт.
Ҳанӯз вақте хурдакак буду синфи дуюм мехонд, дилгармӣ ба овозхонӣ ҳис кард. Бо завқи тифлона месуруд ва дар ҳавои таронаҳои беғубор, ки аз қалбаш рӯ мезаданд, рақс менамуд. Истеъдоди модарзоди ин шарораи ҳунарро устоди мусиқии дабистон Д. Абдуллоев пай бурд ва бо ӯ алоҳида машғул мегашт. Тадбирҳои маънавие, ки дар мактаби рақами 7-уми ба номи Чкалов ба амал меомаданд, бо рақсу суруд, шеъру таронахониҳои Зулайхову дугонаҳояш тароват ва дилчаспии дигар касб менамуданд.
Дар деҳот ҳар модар мехоҳад духтараш, хусусан дар қадрасӣ, камтар ба чашми одамон тобад, ӯро эҳтиёт созад, бе гапу гузор ба шавҳар диҳад.
Мегуфт: «Духтарам, калон шудӣ, сурудхонӣ бас». Вале Зулайхо метавонист шавқи дар қалб рӯзанандаро фурӯ нишонад?
Падар лаб ба таскин кушод: «Модарро дуруст фаҳм, айни замон дониста мон, ки падар ҷонибдорат».
Ба яке аз идҳои санъат, ки дар Тошканд баргузор шуд, Зулайхоро низ даъват карданд. Он асно дар синфи даҳум мехонд. Зулайхо бо суруди худ «Модарҷон» ба гирифтани ҷойи якум сазовор гашт. Дере нагузашта ба деҳаашон аз пойтахт намояндаи институти санъат Муҳаммадҷон Усмонов ташриф овард ва бо Зулайхо гуфтугӯ намуд. Шӯхиомез гуфт, ки агар аз имтиҳони ман гузарӣ, худро донишҷӯи институти санъат бишумор.
Дар монолог, шеър, суруд, хуллас шохаҳои гуногуни ҳунар Зулайхо қобилияти худ нишон дод ва ба таҳсини устоди донишкада сазовор гашт: «Табрик, ту донишҷӯ!» Хурсандии Зулайхоро андоза набуд.
Инак, «булбули боғи ҳунар» дар институти санъат. Паҳлӯяш падар ва омӯзгори донишкада М.Усмонов. Ба факултаи мусиқӣ-драмавии институти санъати пойтахт он сол абитуриентҳои зиёд ҳуҷҷат супурданд. Баъди имтиҳони ҳафтзинаина танҳо сенздаҳ нафар беҳтаринҳо донишҷӯ шуданд.
Зулайхо акнун нафақат бо овози хуб ва марғуб, бо иҷрои нақшҳои гуногун низ таваҷҷӯҳи устодонро ба худ мекашид. Баъди хатми институт ҳамагӣ чаҳор моҳ дар театри драмавӣ-мусиқии Қашқадарё фаъолият бурд ва тӯли ин вақти кӯтоҳ дар нақши Озода (аз «Якравҳо»-и Ҷумъаниёз Ҷабборов), Ҳоҷар (аз «Садо аз тобут»-и Абдулло Қаҳҳор) истеъдоди баланди актрисагӣ намоиш кард. Ба Тошканд баргашт ва дар театри давлатии драмавӣ-мусиқии ба номи Муқимӣ фаъолияташро давом дод. Бо офаридани образи Нурхон («Нурхон», К.Яшин), Ио («Прометейи фурӯзон»), Шуронгома («Роҷа»), Гулчеҳра («Аршин мол-олан»), Гул («Гул ва Наврӯз»), Нодира («Нодирабегим»), Ойбарчин («Алпомиш»), Офоқой («На малак ҳастам, на фаришта»), Зуҳро («Фотима ва Зуҳро»), Ойҷамол («Тақдир») ва ғайраҳо эътибори мутахассисони соҳа ва ҳаводорони санъати театрро ба худ ҷалб намуд.
Тамошобин, воқеан, ҳам аз иҷрои баланди нақш мутаассир шавад, ҳам дар ҳавои мусиқии дилангез садодиҳии суруди ҷонбахшро шунида, дучанд ба завқ меояд.
Вақте Зулайхо месарояд, аз нолишҳои довудӣ нозуктарин торҳои дил ларзиш мехӯранд.
Соли 1987 ӯро Ф.Ҳотамов ба ансамбли мақомчиёни назди радиои Ӯзбекистон бурд ва вақте дар ансамбл «Фарғона тонг отгунча»-ро иҷро кард, дид, ки устодаш Орифхон Ҳотамов (равонаш шод бод) танбур дар даст гиря мекунад. Ҳозирон чун сабаб пурсиданд, Орифхонака гуфт: «Зулайхоро шунида, устодон ба хотир овардам... Овоз дар диапазони калон доштанд онҳо, чун овози Зулайхо».
З. Бойхонова аз устод Орифхон Ҳотамов сурудҳои зиёд омӯхт. Баъдтар дар дасти Абдуҳошим Исмоилов маҳорати худ такмил дод. Дар ҳамкорӣ шоҳасарҳои зиёди мусиқӣ ва созу наво офариданд. «Ҳай-ҳай» (шеъри Саида Зуннунова) яке аз онҳост, ки хурду калон онро дӯст медоранд.
Оре, худ ба дараҷаи устодӣ расидааст чеҳраи намоёни ҳунар Зулайхо Бойхонова. Аз хурдӣ ният мекард, санъаткор шавад. Дар нияти хуб гап калон!
Ба тирезаҳои хонаи наве, ки месохтанд, ҳанӯз оина нагузоштаанд. Зулайхо назди тиреза истода, тасаввур месохт, ки дар телевизор аст. Аввал баранда мешуд: «Акнун навбат ба артисти халқӣ Зулайхо Бойхонова!»
Ва месуруд. Сонӣ худаш, аз ҷониби тамошобинҳо, қарсак мезад...
Имрӯз миллионҳо ҳаводорони созу наво кафкӯбӣ мекунанд ба ҳар суруди Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Зулайхо Бойхонова.
Дар бораи устодонаш гуфтем. Вале устоди аввали ӯро зикр накардем. Кӣ буд устоди аввалаш?
Модар алла мегуфт ва Зулайхо даруни гаҳвора, дар ҳамовозӣ бо модар, чиҳоеро кӯдакона хиргоҳӣ месохт. Модар аз аллагӯӣ бозистад ҳам, Зулайхо хиргоҳиро давом медод.
Ҳанӯз ҳамон вақтҳо муҳаббати суруд дар қалбаш шарора назада буд? Кӣ пошида буд ин шарораро? Модараш.
М.ШОДИЕВ.