УСТОДИ АВВАЛИНИ МАН

Касби муаллимӣ касбест, ки дар ҳама давру замон ба мақому манзалати худ соҳиб аст, он ба рӯҳияти одамӣ таъсири бениҳоят калон мегузорад.

Як падар бахшандаи обу гил аст,
Як падар равшангари ҷону дил аст.
Лек пурсӣ он кадомин беҳтарин,
Он ки дин омӯзаду илми яқин.
Касби муаллимӣ касбест, ки дар ҳама давру замон ба мақому манзалати худ соҳиб аст, он ба рӯҳияти одамӣ таъсири бениҳоят калон мегузорад. Беҳуда нест, ки бузургон омӯзгорро муҳандиси рӯҳи одамизод гуфтаанд, зеро ки омӯзгор ба олами маърифат ва маданияти инсон сару кор дошта, барои воқеияти илму маърифат саҳми худро мегузорад. 
Ту худ аслан бузургию бузургият аён 
гардад,
Илоҳӣ, номи некӯят ҳамеша ҷовидон
 гардад.
Дуогӯи ту гардидам, илоҳо дар 
амон бошӣ, 
Ба ҳар ҷое, ки ту бошӣ Худованд
 меҳрубон гардад.
Устод Ҳамдамқул Маҳмудов аз зумраи омӯзгорони соҳибзавқ мебошад, ки дар таълимгоҳи рақами 8-уми ноҳияи Сариосиё фаъолияти пурсамар дорад. Эҷодкорӣ ва ташаббускории баланди устод буд, ки дар ҷомеа мавқеи худро пайдо кардааст. 
Устод бори нахуст аз дастони нозуку кӯчаки мо шогирдон дошта, чун падар навозиш карда ба роҳи рост ҳидоят намуд. Оре, муаллим ҳидояткунандаи роҳи дурахшон, фурӯзандаи чароғи маърифат аст, ӯ шахсест, ки моро аз илму зиё баҳраманд мегардонад. Маҳз хизмати муаллимони пурсабру олиқадр ва машаққатҳои онҳо мебошад, ки дар давоми солҳо мо ҳамчун ташнагони илм дар дабистони маонии онҳо баҳраманд мешавем. 
Будам кӯдак ба дастам хома додӣ,
Калонам кардию раҳнома додӣ.
Баровардӣ ба боғи илму ирфон, 
Чу Фирдавсӣ ба ман «Шоҳнома» додӣ.
Устод соли 1960 дар деҳаи хушманзараи Хуфар ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна соли 1977 ба факултаи математикаи Донишкадаи омӯзгории Душанбе  дохил шуд. Соли 1984 онро бо дипломи имтиёзнок хатм карда ба зодгоҳ баргашт. Дили инсон ҳар доим, ҳар вақт ширинсуханӣ, зебоӣ, олиҷанобӣ, тароватро мехоҳад, ҳамаи ин хислатҳо дар устод муҷассам аст. Самараи меҳнати устод буд, ки шогирдонаш дар муассисаҳои гуногун таълим гирифта, ҳоло ба донишомӯзон таълиму тарбия медиҳанд, яъне худ устод гаштаанд. Ҳамдамқул Маҳмудов худ фарзанди қӯҳистон буда, дар зиндагӣ низ марди хушбахт аст. 6 нафар фарзандро хуб ба камол расонид. Фарзандонаш аз пайи касби падар рафта, дар мактабҳо кору фаъолият доранд.
Бо камоли меҳру муҳаббат ва эҳтироми накӯ ба устод умри дарозу саломатии бардавом аз даргоҳи Худои мутаъол металабем. Бигузор устод ҳамеша фахри миллату диёр бимонад.
 
Шукуфа ХИДИРОВА, 
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тирмиз.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: