УСТОДИ КАСБИ ХУД

Ҳар як соҳа, ҳар як кору вазифа пири худро дорад.

Ҳар як соҳа, ҳар як кору вазифа пири худро дорад. Вақте меҳнати пурмашаққат ва ҷасорати омӯзгориро, ки тамоми ҳаёти худро ба тарбияи насли наврас бахшидааст, пеши назар оварем, беихтиёр суханони маърифатпарвари бузург Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ба ёд меояд: “Ба фарзандон донишеро биомӯзед, ки натанҳо имрӯз, балки дар оянда низ ба кор ояд”.
Роҳбари давлатамон дар яке аз маърӯзаҳои худ гуфта буд: “Муаллими имрӯз бояд мутахассиси ҳамаҷониба бошад, на фақат омӯзонад, балки худаш низ омӯзад, яъне ҳамеша аз болои худ кор кунад ва донишашро афзояд. Аз ҳама муҳимаш, омӯзгор бояд ватанпарвари ҳақиқӣ бошад. Фақат муаллиме, ки дар қалбаш муҳаббат ба Ватан, садоқат ба касб маъво гирифтааст, метавонад ватанпарварҳои ҳақиқиро тарбия намояд”.
Муллобой Норматов аз зумраи чунин омӯзгорони ватанпарвар ва пири касби худ мебошад. Аксарият номи ӯро ба забон намегиранд, ба ӯ “устод”, “муаллим” гуфта муроҷиат мекунанд. Охир, ӯ 40 соли ҳаёти худро ба соҳаи маориф, ба тарбияи авлоди оянда бахшидааст...
Волидони Муллобой инсонҳои хоксор ва меҳнаткаш буданд. Онҳо мехостанд писари ягонаашон хонад, маълумоти олӣ гирад. Муллобой баъди хатми мактаби миёнаи рақами 44-уми ноҳияи Бӯстонлиқ ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд супорид ва худи ҳамон сол ба ин маскани зиё дохил шуд. Солҳои 1976-1980 айёми тиллоии донишҷӯиро паси сар кард. Фаъолияти омӯзгориашро дар мактаби зодгоҳаш ҳамчун муаллими математика оғоз намуд. Дертар ӯро ба туфайли дониши пухта ва чашми кордониаш мудири қисми илмии мактаб таъин намуданд. Аз соли 2002 то ҳол директории мактаби мазкурро ба ӯҳда дорад.
– Бузургон гуфтаанд: ”Агар шахс аз омӯхтан бозмонад, вай аз ҳаёту зиндагӣ ақиб мемонад”. Ин гуфтаҳо маҳз ба мо – омӯзгорон вобастагии қавӣ дорад. Омӯзгорӣ кори саҳлу сода нест. Омӯзгор рӯзмарра китоб варақ мезанад, дафтар пур мекунад, бо шогирдон дар муносибату муколама мебошад. Ба дигар корҳо вақти кам дорад ва ба ҳамон маоше, ки давлат ҷудо кардааст, қаноат мекунад,– мегӯяд муаллим ҳангоми суҳбат. 
Оре, қаноатпешагӣ, сабру бардошт, шукргузорӣ яке аз хислатҳои хуби инсон аст. Фаъолияти  муаллимро ба назар гирифта, ӯро ба Маркази тести давлатӣ даъват намуданд, то ки барои таҳия ва тартиб додани тест аз фанни математика кӯмак расонад. 
Муллобой Норматов ба сифати аъзои гурӯҳи экспертҳои Маркази таълими ҷумҳурӣ баҳри ташаккули китобҳои дарсии математика бо мулоҳиза ва таклифҳои худ иштирок мекунад. Ӯ муҳаррир ва тарҷумони китоби “Математика” барои синфи 11 (ба забони тоҷикӣ, нашри соли 2018), “Алгебра” барои синфҳои 8-9 (нашри соли 2019) мебошад. Таҳти муаллифии муаллим дастурҳои методии “Машғулотҳои факултативии математика”, “Масъалаҳои ностандарт ва шавқовари математика”, “Тестҳои озмун аз математика” ва ғайра тартиб дода шуданд. Инчунин, як қатор мақолаҳои илмӣ ва услубии муаллим дар саҳифаҳои маҷаллаи “Физика, математика, информатика”, рӯзномаҳои “Овози тоҷик” ва “Учител Ӯзбекистана” рӯйи чопро диданд. Хонандагони боиқтидори ӯ дар озмунҳои фаннии миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ, озмуни математикии Ал-Хоразмӣ, олимпиадаи Қӯқанд иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои сазовор гардидаанд. Муаллим дарс ва машғулиятҳояшро бо такя ба мероси илмии аҷдодон, аз ҷумла, Ал-Хоразмӣ, Берунӣ, Умари Хайём, ки ба рушди фанни математика ҳиссаи бузург гузоштаанд, мегузаронад. 
Шогирдони зиёди ӯ аз пайи касби бошарафи омӯзгорӣ шудаанд. Номзади илмҳои физика-математика, мудири кафедраи математикаи олии Донишгоҳи техникии Тошканд Ш. Пирматов, доктори фанҳои физика-математика, декани факултети гидромелиоратсияи Институти ирригатсия ва муҳандисони кишоварзии Тошканд А. Фатҳуллоев, доктори фанҳои техникӣ Д. Орифҷонова, номзади илмҳои химия Р. Ворисова, номзади илмҳои геология Д. Олимҷонов  ва дигарон аз ҷумлаи шогирдони ӯ мебошанд. 
Муллобой Норматов соли 2004 бо ордени “Эл-юрт ҳурмати” мукофотонида шудааст. 
Муаллим бо ҳамсари меҳрубонаш Зулфия, ки низ дар мактаби рақами 44-уми ноҳия муаллима мебошад, як духтару се писарро хушахлоқ, меҳнатдӯст ва ватанпарвар ба воя расонданд.
Имом Ғаззолиро пурсиданд: “Чӣ гуна расидӣ бад-ин маҷолат дар улум?”. 
Гуфт: “Бад-он, ки ҳар чӣ надонистам, аз пурсидани он нанг надоштам”.

С. БЕКНАЗАРОВА, 
хабарнигори “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: