Бесабаб нисбати баъзе гушаҳои замин «назари Офаридгор афтодааст» намегуянд.
Ин ибора нисбати маконе истифода мешавад, ки дар он ҷо фидоиёни Ватан ба воя мерасанд, фарзандоне ба камол мерасанд, ки барои мардум, баҳри ояндаи кишвар корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд, ҳамеша аз пайи омӯхтани илму маърифат мешаванд.
Ноҳияи Шофиркон дар мамлакатамон бо фарзандҳои фарзонаи худ ҷойи алоҳида дорад. Гарчанд ноҳия дар ҳудуди саҳрои Ҷилвон ва Қизилқум ҷойгир буда, иқлими гарми он душвориҳои зиёдеро меофарад, мардуми он бо меҳнату машаққатҳои зиёд дар соҳаи гуногуни хоҷагӣ дастовардҳои бисёреро ноил мегарданд.
Пири дуюми «Ҳафт пир» Хоҷа Ориф Ревгарӣ аз деҳаи Ревгари ин ноҳия буд. Гузашта аз ин, Иброҳим Муъминов, Иброҳим Ҳаққул, Ҷамол Камол ва дигар олимон дар ин сарзамин ба воя расидаанд, ки дар рушди илму маърифати ҷумҳурӣ ҷойи хосро сазоворанд.
Ҳоло мавзеъҳои Тезгузар, Чандир ва Деҳнав дар рейтинги ба муассисаҳои таълими олӣ дохил шудан дар миқёси республика пешқадамиро аз даст намедиҳанд. Бахусус, мактаби рақами чаҳоруми Деҳнав аз рӯйи чунин рейтинг байни мактабҳои ҷумҳурӣ аз сафи «даҳгонаи боиқтидор» ҷой гирифтааст.
Муаллими шоистаи ҷумҳурӣ Ҳанифа Назарова, дорандаи медали «Шуҳрат» Субҳон Зойиров, Муаллими халқии Ӯзбекистон Мусо Толипов ва аълочиёни маорифи мамлакат Эҳсон Раҷабов ва Турсуной Йӯлдошева аз як гиребон сар бароварда, баҳри ояндаи насли наврас кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд.
Сарвари ҷамоаи омӯзгорон, Аълочии маорифи халқи Ӯзбекистон Исҳоқ Толипов беш аз бист сол вазифаи дар ӯҳдадоштаашро шарафмандона иҷро кард. Ҳоло ӯ дар нафақа бошад ҳам, ҳаёташро бе мактаб тасаввур карда наметавонад, чун раиси шӯрои падару модарон ҳамеша дар мактаб буду ҳаст. Ҳамдеҳагон ӯро ҳамчун инсони басо боэътибор мешиносанд.
Гарчанд синну солаш аз ҳафтод болост, ҳамоно сазовори боварии мардум мебошад.
Чун дирӯз дар ёд дорам. Соли 1997 70-солагии мактаб ҷашн гирифта шуд. 34 нафар собиқ шогирдони мактаб, ки дар вазифаҳои масъули идораҳои давлатӣ кор мекарданд, ҷамъ шуда буданд. Онҳо ифтихори ҷамоаи омӯзгорони мактаб буданд...
Ҳоло аз байн чоряк аср гузаштааст, ки шумораи хатмкунандагони боистеъдоди мактаб низ зиёд шудаанд.
Имрӯзҳо Исҳоқака басо серкор аст. Ӯ дар миқёси ноҳия бозии интеллектуалии «Заковат»-ро ба роҳ монд. Ба қарибӣ озмуни интеллектуалии байни тарғиботчиён баргузор шуда, ҷамоаи И. Толипов ҷойи сеюмро гирифт.
Дарвоқеъ, Исҳоқ Толипов пайванди Устод Садриддин Айнӣ буда, ӯро пешвои худ медонад.
Худи ӯро бошад, на танҳо ҷамоаи мактаб, балки бошандагони маҳаллаи Деҳнав ва Маҳаллаи Боло дар роҳи зиндагонӣ устоди худ мешуморанд.
И.Толипов бо ҳамсараш чор нафар духтар ва як писарро ба воя расонданд, ки дар хидмати мардум камарбастаанд. Ӯ дар оғӯши фарзанду набераҳо баҳри омӯзондани сабақҳои зиндагӣ ҳамоно дар саф аст.
Алимурод ТЕМИРОВ.
Вилояти БУХОРО.