УСТОДИ РУБОӢ

18 май – Рӯзи бузургдошти Умари Хайём

Ашъори Умари Хайём дорои вижагиҳои ба худ хос аст. Ҳар касе, ки рубоиҳои ӯро хонад, мувофиқи донишу фаҳмиши худ аз онҳо натиҷае мегирад. Агар диндор бошад, ба мазмунҳои динии он, файласуф бошад, ба мазомини фалсафӣ, омӣ бошад, ба ҳаётдӯстии онҳо эътибор медиҳад. Яъне, аз ҳар як рубоӣ чанд маъно баровардан мумкин. Аммо барои фаҳмидани мақсади аслии шоир аз осори дигари Хайём, манбаъҳои омӯзиш ва шуғли ӯ бояд огоҳ шуд.
Дар рубоиҳои Хайём суханбозии хушку холӣ дида намешавад. Баръакс, барои гуфтани андешаҳои амиқи фалсафиву иҷтимоӣ аз усули мӯъҷазбаёнӣ истифода шудааст.
Гумон меравад, ки рубоиҳои шоир дар ҳолати фароғат аз кор гуфта шудаанд. Бинобар ин, табиӣ ва пухтаву рехта ба миён омадаанд. Аз ин рубоиҳо хулосаҳои ҷаҳонбинии фалсафиву умумиинсонии муаллифро фаҳмидан мумкин аст.
Шоироне ҳастанд, ки бо тартиб додани чандин девони ашъор, сурудани достонҳои бисёр дар адабиёт нуфузи зиёд надоранд, аммо Хайём бо теъдоди андаки рубоиҳо дар қатори беҳтарин шоирони дунё қарор гирифтааст. Чунонки мушоҳида мешавад, нисбат ба рубоиҳои аслии шоир рубоиҳои ба ӯ нисбатдода бисёранд. 
Дар Ғарб Хайёмро зиёд мехонанд, зеро андешаҳои ҳаётдӯстонаи шоир дар ҳар сари қадам мавриди истиқбол қарор мегирад ва дар ҳар як нишасту хез, шодиву нишоти худ Хайёмро ҳамфикри худ меёбанд.
Саволе пайдо мешавад, ки боиси ин қадар нуфузи Хайём дар маҳорати шоирии ӯст ё дар мӯъҷаз будани қолаби рубоӣ? Албатта, дар маҳорати офарандагии ӯст ва ин қолаби рубоӣ бошад, ба гуфтани андешаҳои шоир мувофиқ омадааст. Чунки ҳар як жанри адабӣ табиати хоси худро дорад. Инро шоирони бузург дарк мекунанд.
Дар адабиёти тоҷик шоиреро ба нудрат меёбед, ки рубоӣ нагуфта бошад, аз Рӯдакӣ сар карда то Туғрал дар адабиёти классикии тоҷик шоирони рубоисаро зиёд буданд, аммо мисли Хайём шуҳрат пайдо накардаанд. Ин ҷиҳат низ бартарияти ашъори мавсуфро нишон медиҳад. Аммо гуфтан ба ҷост, ки рубоиҳои Абӯсаиди Абулхайр, Абдуллоҳи Ансорӣ, Аттор, Мавлавӣ ва чандин тани дигар ҳанӯз ба  таври бояду шояд таҳлилу тарғиб нашудаанд. Бинобар ин, камтар мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳониён қарор гирифтаанд. 
Дар рубоиҳои Хайём бештар мавзуъҳои зиндагиву марг, биҳишту дӯзах, шодиву мастӣ, ғаму шодӣ, пириву ҷавонӣ мавриди баррасиву таҳлил қарор гирифтаанд. Ӯ дар рубоиҳояш аз санъати тазод истифода мекунад ва ҳамин тариқ ба таъсирбахшии гуфтораш меафзояд. 
Дар байни онҳо мавзуъҳои фалсафӣ, ишқӣ, динӣ, ирфонӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, равоншиносӣ матраҳ гардидаанд. Яке аз ҷиҳатҳои муҳими рубоиҳои шоир мазмуни ахлоқии онҳост, ки инсонро ба сӯйи худшиносиву хештандорӣ, парҳез аз тамаъ, тарки бадӣ даъват мекунанд. Дар рубоии зерин яке аз мавзуъҳои муҳими ахлоқ — қаноат талқин шудааст:
Қонеъ ба як устухон чу каргас будан,
Беҳ з-он ки туфайли хони нокас будан.
Бо нони ҷавини хеш ҳаққо, ки хуш аст,
К-олуда ба полудаи ҳар кас будан.
Рубоиҳои Хайём чун ба дигар забонҳо ба забони ӯзбекӣ низ аз ҷониби Шоислом Шомуҳаммедов, Эргаш Очилов ва дигарон тарҷума ва нашр гардидаанд. Хонандаи ӯзбек низ аз шукӯҳу шаҳомати рубоиҳои ҳаким бархурдор аст. 
Дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ бахшида ба 970-солагии таваллуди шоир ва мутафаккир, ҳаким Умари Хайём намоиши кушоди рубоиҳои ӯ ба амал омад. Дар он ҷо ба чор забон нусхаҳои нашршудаи рубоиҳо ва асарҳои оиди Хайём таълифшуда ба намоиш гузошта шудаанд.

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: