УСТОДИ САХТГИРУ ХАЙРХОҲ

Дар вилояти Сурхондарё сулолаи Валиевҳоро шояд одами намешинохта набошад.

Зеро намояндагони ин сулола маърифатпарвар, фидоиёни маориф ба ҳисоб мераванд. Шодравон Аҳмад Валиев аввалин мудири маорифи ноҳияи Бойсун буд. Зери сарпарастии ӯ даҳҳо нафар соҳиби ин касб шуданд ва ба фарзандони халқ сабақ омӯхтанд. Юсуф Вализодаи Дарбандиро  аксар мешиносанд. Ин олим низ умри худро сарфи илму маърифат намуд. Солиёни зиёд чун профессори Донишгоҳи давлатии Тирмиз фаъолият дошт, ба синни 83 расида бошад ҳам, ҳанӯз дар коллеҷу ташкилотҳо маърӯза мехонад. Раҳмон Валиев (рӯҳаш шод бод!) низ як фидоии маориф буд. Умри худро сарфи мактабу мактабиён намуд, ба фарзандон сабақ дод. Ин устоди гиромӣ  ба камина низ дарси адабиёт омӯхтааст. Ёд дорам, ҳамеша чунин шоҳбайтҳои Мир Алишери Навоиро, ки дар навиштани “Хамса” ба Низомӣ пайравӣ кардааст, замзама мекард:
Эмас осон бу майдон ичра турмоқ,
Низомий панжасига панжа урмоқ.
Ӯ ба ҷуз шогирдон  боз ду нафар фарзанди худ – Одил Валиев (рӯҳаш шод бод!) ва Олим Раҳмоновро пайи касби худ раҳнамун сохт. Ҳарду  номбардори падар ва сулолаи худ гаштанд ва умре ба касб содиқ монданд. Одил Валиев инсони хоксору камтар, вале пурдону некбин буд. Солиёни зиёд дар омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Тирмиз ба ҳайси омӯзгор, ҷонишини директор ва директор шарафмандона хизмат кард. Олим Раҳмонов бошад, ба зодгоҳ баргашта то ҳол дар мактаби рақами 11-уми ноҳияи Бойсун ба шогирдон сабақ медиҳад. 
О.Раҳмонов соли 1950 дар деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсун, дар оилаи зиёӣ таваллуд ёфтааст. Соли 1966 мактаби рақами 9-уми деҳаро хатм намуда, дар факултаи филологияи руси Донишкадаи омӯзгории шаҳри Тирмиз таҳсил гирифтааст. Баъди хатми донишкада дар мактаби рақами 16-уми ноҳияи Бойсун ҳамчун муаллими забон ва адабиёти рус фаъолият намуда, пас аз он ба мактаби рақами 11-уми зодгоҳ ба кор омада, то ҳозир, яъне 38 сол боз дар ин даргоҳи маърифат ба шогирдон сабақ медиҳад. Чуноне ки мегӯянд, “дарахт дар як ҷо месабзад”, ӯ низ дар як даргоҳ шогирдони  навбарро сабзонид, ба онҳо таълиму тарбия дод. Солҳои 1998-2008 муовини директор оид ба корҳои таълим буд ва аз соли 2008 то имрӯз муаллими  забон ва адабиёти рус аст. Дар солҳои раҳбарӣ низ ба шогирдон сабақ медод. Ҳамеша бо ғайрат ва саъйи комил кор мекард.
Ёд дорам, вақте ки мо синфи якумро хатм намуда, ба синфи ду гузаштем, ӯ нав ба кор омада буд. Ҳарчанд  Олим Раҳмонов дар мактаб ба калонсолон сабақ медод, мо аз бародарони худ мефаҳмидем, ки ӯ омӯзгори хеле сахтгир аст. Баъди хатми синфи ибтидоӣ  ба “чангол”-и ӯ гирифтор шудем. Ҳа, воқеан ҳам ӯ сахтгир буд. Дар маҷлисҳои ҳарҳафтаина хонандагони бадхону беодоб номбар ва ба сафи пеш бароварда,  баҳои гирифтаашон ё худ хулқу атворашонро ба гарданашон овехта, ба ҳамин тариқ ҷазо медоданд. Хонандагони пешқадаму аълохон бошанд, баръакс соҳиби ташаккурномаҳо мегардиданд ва суратҳояшон дар тахтаи аълохонҳо  овезону номашон навишта мешуд. 
Камина бо ӯ бештар дар мулоқот мешудам, аз ин рӯ, аз хислату тарзи кораш бештар воқиф будам. Медидам ва ҳис мекардам, ки нисбати ноадолатӣ ё худ бадхониву бадахлоқии хонандагон оштинопазир аст. Вале нисбат ба хонандагони аълохону баодоб хайрхоҳ ва меҳрубон мебошад. Ин тарзи кори ӯ, албатта, самараи хуб медод. Дуруст аст, ки ин тартибу низом дар ҳама мактабҳо буд, вале дар мактаби мо бо роҳбарии Олим Раҳмонов қатъӣ ва муназзам амал мекард.       
Ҳарчанд ки он айём хонандагон то синфи 8 он ҷо таҳсил гирифта, баъд 2 соли дигарро дар мактаби рақами 9 идома медоданд, таҳкурсии илму дониши онҳо дар мактаби   зикршуда шакл мегирифт ва ба мактабҳои олӣ хонандагони  ин мактаб бисёртар қабул мешуданд. Масалан, аз 10 нафар писарбача (ба ғайр аз духтарон), ки мо дар як синф мехондем, 7 нафар соҳиби маълумоти олӣ гардиданд, ки ин натиҷаи хуб аст. Салоҳияти мактаб низ хеле баланд  буд. Зеро дар қатори муаллими ҷавон Олим Раҳмонов боз муаллимони соҳибтаҷриба мисли шодравон Норқул Сафаров, Ҷумъақул Эшниёзов, Абдуҳомид Назаров, Меъроҷ Хурсандов, Чоршанбе Маҳмадшоев ва дигарон кору фаъолият доштанд. 
Олим Раҳмонов имрӯз бо шогирдони худ ифтихор дорад, шогирдонаш Парвина Қудратуллоева, Насим Исмоилов ва дигарон дар озмунҳо аз фанҳои забон ва адабиёти рус ҷойҳои фахриро ишғол кардаанд. Инчунин, шогирдонаш Қаҳрамон Сағираев, Садоқат Сафарова, Зайниддин Эшонқулов, Фирӯза Эсанқулова мактабҳои олии факултаҳои забон ва адабиёти русро хатм намуда, пайрави устоданд.
Олим Раҳмонов маротибаҳои зиёд бо ифтихорномаҳои ҳокимият, таълими халқи ноҳия ва Вазорати таълими халқ сарфароз гаштааст. Дар оила низ инсони хушбахт аст. Соҳиби 3 писар ва 2 духтари баодобу хушахлоқ мебошад. Ӯ дар айни ҳол дар остонаи синни 70 қарор дорад, вале аз ғайрату кӯшиш намондааст. Аз мактабу мактабиён дил канда наметавонад. Дар ҷамоа соҳиби обрӯи баланд мебошад. Мактабу оиларо азизу муқаддас мешуморад. 

Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: