УСТОДИ САҲНА ДАР САҲНАҲОИ ЗИНДАГӢ

Соли 2020 якчанд намояндагони санъати театр ва кинои ӯзбек бар асари вируси тоҷдор ва сабабҳои дигар зиндагиро падруд гуфтанд.

Соли 2020 якчанд намояндагони санъати театр ва кинои ӯзбек бар асари вируси тоҷдор ва сабабҳои дигар зиндагиро падруд гуфтанд. Моҳи феврал, ҳанӯз пандемия паҳн нашуда, актёри шинохта Ғайбулло Ҳоҷиев, ки бо вуҷуди беморӣ дар синамо нақшҳо мебозид, ногаҳон вафот кард. Ин актёри бомаҳорат дар саҳнаҳои ҳаёт низ санъати инсонигарӣ намоиш дода, ба дил ва дидаҳо роҳ ёфта буд.

Гоҳ дар назди идораи радио, гоҳ телевизион, гоҳ дар кӯчаҳои шаҳр, гоҳ дар назди манзиле, ки истиқомат мекард, бо Ғ.Ҳоҷиев дучор шуда, меҳр ва самимияти раҳгузаронро нисбати ӯ эҳсос менамудам. Мегуфтам: «Ин қадар шиносҳоятон бисёр?» Бале, одамон ӯро дӯст медоштанд. Вай ҳам одамонро эҳтиром мекард. Дӯстдор ҳам буду дӯстдошта ҳам. На ҳама аз ин гуна саодат бархурдор.
Ғайбулло Ҳоҷиев соли 1956 дар маҳаллаи Хоҷа Порсои шаҳри Бухоро ба дунё омад. Дар оила панҷ нафар фарзанд  ба воя расида, панҷ тарафро обод карданд. Тақдир Ғайбуллоро, ки тарбияи маънавиро асосан аз бобо ва бибии модариаш Муҳаммад Сафо Махсум ва Сиддиқахонум гирифт, ба Тошканд пайваст – баъди хатми мактаби миёнаи рақами 5-уми шаҳри Бухоро дар институти театрӣ ва рассомии Тошканд таҳсил кард ва онро соли 1977 бомуваффақият ба итмом расонд. Ҳанӯз солҳои донишҷӯӣ ба назари устодон, ки ҳамеша истеъдодҳоро меҷӯянд, афтод. Роҳбарияти театри ба номи Аброр Ҳидоятов харидорӣ намуд ва дар ин боргоҳи ҳунар ба фаъолияти мустақилона шурӯъ сохт. Сонитар театри ба номи Ҳамза – алҳол Театри миллии академӣ-драмавии ӯзбек коргоҳи вай қарор гирифт ва дар ин ҷо солҳои тӯлонӣ самаранок меҳнат кард, як силсила образҳои ҷовидонаи ба дурдонаи санъати ҷаҳонӣ воридшударо ба маҳорати ба худ хос иҷро намуд.
Ҳоҷиев ҳанӯз бо иҷрои аввалин нақшҳо тамошобинҳоро ба худ кашид. Дар ҳимояи дипломӣ нақши домодро дар спектакли «Тӯй муборак, пирдухтар» (асари Умар Байҷиев) бозид ва ба баҳои баланди устодону тамошобинон сазовор гашт. Яке аз пирони санъати Ӯзбекистон, оҳангсози номӣ Мутаваккил Бурҳонов аз ҳунарнамоии хуби Ғайбулло ба ваҷд омада, дасташро самимона фишурд, барояш барорҳои тоза хост.
Дар байни ҳунарпешагони ҷавон рӯйгарм, дидадаро, заҳматкаш, боистеъдод, ки буд, устодони санъат Зикир Муҳаммадҷонов, Санъат Девонов, Бахтиёр Ихтиёров, Баҳодур Йӯлдошев, Саъдихон Табибуллоев «писарам» мегуфтанд бо меҳри падарӣ. Баробари фарзандвор муомилаю муносибат кардан Ғайбулло аз ин чеҳраҳои намоён асрори ҳунар меомӯхт, саъй мекард бовариашонро сазовор гардад ва тавфиқ ёбад.
Аз устодони санъати театрӣ аз ҳама бештар Олим Хӯҷаев ба дил ва дидаи Ғ.Ҳоҷиев қаринтар буд. Дар лаҳзаҳои фориғ аз кор Олимака Ғайбуллоро ба суҳбат мекашид. Бухороро пазмон шудам, гӯён ба гуфтугӯ оғоз мекард вай, биё, писарҷон, аз одамҳои шаҳри шариф ва навигариҳое, ки он ҷо рӯй додаанд, ҳарф зан.
Устоду шогирд бо лаҳҷаи Бухоро суҳбат мекарданд. Муҳаббати чеҳраи намоёни ҳунар ба забони модарӣ дар суханҳои пурҳарораташ оиди Бухоро, кӯча ва маҳаллаву гузарҳои он, ки ҳар яке номи таърихӣ доштанд, бараъло шарора мезад. Вақте шогирд «Индустриалний», «Интернатсионалний», «Стрелковой», «Красний партизан» гӯён номи кӯчаҳои онвақтаро ба забон меовард, ба қиёфаи устод ҳузн соя меафканд. Баҳасрат оҳ мекашид ва мегуфт:
– Дар собиқа Хоҷа Булғор, Кокули Калон, Хоҷа Порсо, Хоҷа Рӯшноӣ ном доштанд ин кӯчаву гузарҳо. Афсӯс...
Баъде мамлакатамон ба истиқлолият даст ёфт, номи таърихии кӯча ва гузарҳои зикршуда барқарор гашт. Тавре мебинем, номи кӯчаҳо номи шахсоне мебошанд, ки дар саҳифаҳои Бухоро бо зикри хайр ва амали нек ҷовидон сабт ёфтаанд. Ғайбулло вақте ба зодгоҳ рафт ва дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри азизаш қадам зад, баробари азизу авлиёе, ки хотираашон абадӣ гардонда шудааст, устодони арҷманди худро низ ба ёд меовард. Дар навбати аввал Олим Хӯҷаеви зиндаёдро, ки дар рушди санъати театрӣ хидмати босазо кард, чун «Навоии театри ӯзбек» (вай тӯли 25 сол дар саҳнаи театри миллӣ образи Навоиро офаридааст) мавриди эътироф ва эътибори алоқамандони санъат қарор гирифт. Баъдтар Ғ.Хоҷиев нақши Солеҳ Махдумро аз «Каҷдум аз меҳроб»-и Абдулло Қодирӣ офарид ва онро ба устоди азизаш Олим Хӯҷаев бахшид.
Дар миёнаи солҳои навадуми қарни сипаришуда театри миллӣ ба намоиши асарҳои таърихӣ оиди фаъолияти ибратбахши бузургмардони олами хирад эътибори бештар нигаронд. Симои Яссавӣ ва ал-Фарғониро ба Ғ.Ҳоҷиев супурданд ва вай аз ӯҳдаи ин кори масъулиятталаб ба хубӣ баромад. Барои иҷрои ин нақшҳо соли 1997 ӯ ба унвони Ҳунарпешаи хидматнишондодаи ҷумҳурӣ сазовор гашт. Тӯли фаъолияти эҷодӣ дар саҳнаи театри миллӣ бо нақшҳои мазҳакавӣ низ эътибори тамошобинонро ба худ кашид. Зарофат ва хушгуфториҳои ба бухориён хос дар тарзи ҳаёти ҳунарпешаи боистеъдод, муомила ва муносибаташ дар саҳнаҳои театру зиндагӣ равшан падидор мегашт. Симои пири маънавии ширинкорон Насриддин Афандиро Ғ.Ҳоҷиев дар намоишҳои саҳнавӣ аз нав зинда намуд. Дар филмҳои эҷодкорони ӯзбек бахшида ба Афандӣ, ки мавриди коркард қарор гирифтаву дар хазинаи тиллоии кинои ӯзбек нигаҳдорӣ мешаванд, ба Афандӣ овоз дод.
Овози  довудӣ дошт Ғайбуллоака. Хусусан, ашъори классикони адабиёти тоҷикро бо маҳорати баланд мехонд. Мегӯянд, соҳиби овози ширадор, ки ваъз гӯяд ё шеър хонад, нозуктарин торҳои дил ба ларзиш меояд, дар Тоҷикистон Маҳмуд Воҳидови зиндаёд бошад, дар Ӯзбекистон шеъри ноби тоҷикиро бо кулли назокату фасоҳат ва овози фораму марғуладор маҳз Ғайбулло Ҳоҷиев қироат мекард. Бобояш Сафо Махсум баробари шеър навиштан дар ифоданок хондани ғазалҳо беҳамто буд, шеърхонию шеърдониаш дар қатори дигарон Маҳмуди Воҳидро низ мафтун сохта буд. Онҳо шиноси наздик буданд, ба Сафо Махсум ихлоси баланд дошт актёр ва ровии афсонавии тоҷик.
Мисле ба Маҳмуд Воҳид дар авҷи камолоти эҷодӣ «чашм расид», Ғайбулло Ҳоҷиев ба панҷоҳ даромада-надаромада ба касалӣ печид. Овозашро гум кард...
Охирин рӯзҳои сиҳҳатиаш дар филми «Санҷишҳои муҳаббат» образи адвокатро талқин сохт. Баъди бемории ногаҳонӣ театрро тарк кард. Вале то дамҳои вопасини умр, бо вуҷуди он ки саломатиаш пурра барқарор нагашт, бо кино ва сериалҳои миллӣ ҳамнафас монд. Фақат дигар актёрҳо ба ӯ овоз доданд. Дарвоқеъ, асное сиҳҳат буд, дар соҳаи дубляжи филмҳои бадеӣ, ҳуҷҷатӣ ва мултипликатсионӣ, айни замон, хидмати сазовор кард.
Зиндагӣ ва эҷоди  муҳаққиқ, баҳрнавард, коргардон, суратгар, сайёҳи машҳури фаронсавӣ Жак-Ив Касторо барои худ намуна меҳисобид. Яке аз филмҳои бисёрқисматаи капитан Касто ба ӯзбекӣ тарҷума ва дар телевизиони Ӯзбекистон намоиш ёфт. Ба капитани номвар Ғ.Ҳоҷиев овоз дода буд.
Ба шиканҷаи инсулт бештар аз 17 сол тоқат кард, барои ба по хестан ҳаракат намуд, маҳз иродати қавӣ ва дастгирии қарибон боис гашт аз нав дар кӯчаҳои зиндагӣ, дар даст асо, қадам занад ва навъе дар боло ишора рафт, ба кино баргардад. Коргардонҳо Шавкат Ҷунайдуллоҳ, Саид Мухторов, Баҳодур Аҳмедов ва дигарон ӯро ба гӯшаи фаромӯшӣ наниҳоданд.
Бо Ғайбуллоака наздик 20 сол ҳамсоягарӣ кардем. Шумо барои ман «энсиклопедияи зинда», мегуфтам шӯхиомез ва аз ӯ дар бораи ҳаёти оилавии санъаткорони маъруф мепурсидам, маълумотҳое, ки бароям «сирҳои пӯшида» метофтанд, ошкор мешуданд. Вақте дар бораи чеҳраҳои намоёни ҳунар коғаз сиёҳ кардам, бароям «манбаи муътамад» буданд нақлҳои Ғайбуллоака. Дигар, ҳар суҳбати ин инсони хоксору фурӯтан ба маъние сабақе метофт аз мактаби одамигарӣ.
Бо вуҷуди беморӣ худро ҳамеша бардам, болидарӯҳ ва хушбахт вонамуд месохт.
– Зистан низ саодат, – мегуфт бо табассуми маънидор.
Эҳтимол ба қадри зиндагӣ, қадри ҳар як даму лаҳзаи осуда ва фориғ аз дард ҳамоне бештар мерасад, ки баъди бетобию бемории вазнин Худо ӯро ин сӯ партофта ва барояш умри дубора ато кардааст.
Ғ.Ҳоҷиев ҳар даму нафаси умри дубораашро низ бо шукрона гузаронд, аз ҳар лаҳзаи он самаранок истифода кард, орзуву ҳавасаш дар бораи дидани набераҳо ба амал баромад. Ҳамсараш Насиба, фарзандонаш Равшану Заррина, барои солимии ӯ кори аз дасташон меомадаро карданд, вале...
Вале дер ё зуд мурдан – ҳақ. Мисле мили соат ногаҳон аз гардиш меистад, Ғайбуллоака «беозорак» ҷон таслим кард. Ҷуз ду фарзанд ва панҷ набера чиҳо монд аз Ғайбулло Ҳоҷиев?
Ёд ва хотираи нек...
Дар 20 намоишномаи театри давлатии драмавии ӯзбек (собиқ «Ёш гвардия»), дар 26 спектакли театри миллии академӣ-драмавии ӯзбек, дар 24 филмнома, ки маҳсулоти «Ӯзбекфилм», «Ӯзбектелефилм» ва телевизиони Ӯзбекистон мебошанд, нақшҳои гуногун офарид. Дар 8 радиопостановка, ки радиои ҷумҳурӣ омода кардааст, ширкат варзид. Ҳунарвари номӣ Мирғиёс Мирсоатов боис гашт Ғ.Ҳоҷиев дар дубляж низ маҳорат санҷад ва аз қатори устодони ин соҳа ҷой гирад. Овозаш ба хурдтаракон низ аз «Афсонаҳои Қундузбобо» шинос. Аз «Саргузаштҳои зериобии командаи Касто» (114 қисм), эпоси ҳинд «Рамаяна» (77 қисм), сериали киносозони араб «Оқибат» (18 қисм) ва ғайраҳо овози марғуладори ӯро мешунавем.
Солҳои охири умраш вай қабристонҳои шаҳри азимро зуд-зуд зиёрат мекард. Дар Минор, Камолон ва Чиғатой инсонҳои ба дил ва дидааш қарин мехобиданд. Хусусан барои зиёрат карда истодани қабристони Чиғатой дар худ як эҳтиёҷ ҳис мекард, ки он ҷо нобиғаҳои адабиёт, санъат, маданият, аз қабили Маннон Уйғур, Аброр Ҳидоятов, Шукур Бурҳонов, Шариф Қаюмов, Лутфулло Нарзуллоев, Зикир Муҳаммадҷонов, Тошхоҷа Хоҷаев, Домуллоҳалим Ибодов, Юнус Раҷабӣ, Комил Ёрматов, Мухтор Ашрафӣ, Ботир Зокиров, Йӯлдош Аъзамов, Неъмат Аминов, Наҷмиддин Комилов ва дигарон ба хоби абад рафтаанд.
Маҳзун шавӣ, ба қабристон рав, рӯҳан сабук шудан хоҳӣ, ба қабристон рав, гуфтаанд доноҳо. «Дар Чиғатой ман қувваи тоза пайдо мекунам», мегуфт Ғайбулло Ҳоҷиев.
Инак, ба вафот ва дар як канораи Чиғатой дафн гардидани Ғ.Ҳоҷиев як сол пур мешавад. Ёдаш ба хайр.

Муҳаммадҷон ШОДИЕВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: