УСТОДИ ҲУНАР ДАР САМАРҚАНД

Чанде пеш Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, шаҳрванди фахрии Самарқанду Бухоро, мутрибу оҳангсози маъруф, хунёгаре, ки унвони Борбади замонро гирифтааст, устод Ҷӯрабек Муродов меҳмони шаҳри бостонӣ гардид.

– Камина ҳар гоҳ ба Самарқанд оям, – гуфт ӯ, – қабри ҳофизи машҳур Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасуловро зиёрат мекунам. Ҳурматам ба Левича, Содирхон, Домулло Ҳалим, Шоҳназар Соҳибов ва дигарон низ хеле баланд аст. Зеро онҳо сурудҳои классикиро бо маҳорати баланд ва услуби хоси худ иҷро карда, дар таърих ном гузоштаанд.  Воқеан, ман дар Самарқанд ду гурӯҳи маърифатпарварро медонам, ки яке аз деҳаи Талибарзу ва дигаре аз гузари Қаробой Оқсақоли Самарқанд буданд. Дар солҳои пуртаҳлукаи ҳаётам аз онҳо ва чанд нафари дигар, алалхусус шодравон Абдуфаттоҳ Қаҳҳорови саховатманд, ки ҳам нон додаанду ҳам намак, як умр сипосгузорам.
– Беш аз панҷоҳ сол аст, ки Шумо гули сари сабади анҷуманҳои бошукӯҳи ҳунарӣ ва дар дилу дидаи халқ ҳастед. Сирри чунин маҳбубият дар чист? – ба суҳбат кашидем устодро.
– Шахсан камина онро дар заҳмату меҳнат, ҷустуҷӯю навоварии ҳаррӯза мебинам. Санъаткор набояд фаромӯш кунад, ки ҳар як суруд таровату лаззати худро дорад ва онро бо завқи баланд иҷро кардан лозим аст. Барои худситоӣ не, ба маълумоти шумо расонданӣ ҳастам, ки беш аз ҳазор  сурудро иҷро кардаам. Афсӯс, ки баъзе санъаткорон ғайр аз тақлид ва такрор дур намераванд. Ба ҳунарвар сайқали истеъдод лозим. Ман ин ҳикматро ба шогирдонам такрор ба такрор мегӯям.
– Воқеан, шоҳиди он ҳастем, ки дар Ӯзбекистон шогирдонатон хеле бисёранд. Боз ба ифтихори Шумо ба фарзанду набераҳояшон исми Ҷӯрабекро додаанд.
– Як олам ташаккур! Илоҳо, Ҷӯрабекҳо бисёр шаванд, дар олами санъат бештар аз ман шуҳрат ёбанд ва ба халқу Ватан хидмат кунанд. Шумо дидед, ки ин ҷо чанд нафари онҳо ҳунарнамоӣ карданд, бандаро устоди худ меҳисобанд, маслиҳат мепурсанд. Дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон, ҳатто қитъаи Амрико, шогирд доштаам, ки худ бехабарам. 
– Устод, Шумо дар мақомхонӣ услуби хосеро пеш гирифтаед ва пайроҳаи наве дар мусиқӣ кушодаед, ки лоиқи таҳсин аст.
– Сурудҳои «Соқиномаи Ироқи Бухоро», «Сарахбори ороми ҷон», «Муноҷот», «Бозаргонӣ», силсилаи «Баёт» ва ғайра дар бойгонии ман маҳфуз буда, онҳоро бо дилбастагии зиёд иҷро мекунам. Боиси хурсандист, ки дар Ӯзбекистон ба ин равия аҳамияти махсус дода мешавад. Бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имсол бори нахуст дар Шаҳрисабз анҷумани мақомхонон баргузор гардид. Ин маънои онро дорад, ки минбаъд дар Ӯзбекистон ҳам шашмақомхонӣ беш аз пеш густариш меёбад. Расонаҳои ахбор, аз он ҷумла, Тоҷикистон, доир ба анҷумани мақомхонҳо маводи ҷолиби диққатро чоп карданд...
– Акои Ҷӯрабек, алҳол дар Ӯзбекистон маъракаи обуна ба «Овози тоҷик» ва дигар нашрияҳо оғоз ёфтааст, дар ин замина мулоҳизае доред? 
– Устод Садриддин Айнӣ таъкид карда буданд, ки қавме, ки рӯзнома надорад, забон надорад. Бояд фаромӯш накунем, ки  ин рӯзнома таърихи қариб садсола дошта, асосгузори он устод Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Абдуқайюми Қурбӣ, Ҳасан Ирфон, Раҳим Ҳошим ва дигар алломаҳо буданд. Хидмати он дар тарғибу ташвиқи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ва маданияти миллии кишвар беҳамтост. Аз ин рӯ, ҳар як фарди тоҷик бояд ба «Овози тоҷик» обуна шавад!

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: