УСТОДИ ЗАРАНДУД

Моҳи августи соли 1980 мо чанд нафар хатмкунандагони мактабҳои миёнаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, баъди супоридани имтиҳонҳои қабул бо роҳхат, таҳсилро дар Донишкадаи политехникии Тошканд ба номи Абӯрайҳон Берунӣ оғоз намудем.

Ҷавонӣ аз бари ман бехабар рафт,
Сиёҳиҳои мӯям ҳам зи сар рафт.
Намудам илтиҷову зорӣ, аммо,
Ба рағми хоҳиши ман аз ду сар рафт...
Моҳи августи соли 1980 мо чанд нафар хатмкунандагони мактабҳои миёнаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, баъди супоридани имтиҳонҳои қабул бо роҳхат, таҳсилро дар Донишкадаи политехникии Тошканд ба номи Абӯрайҳон Берунӣ оғоз намудем.
Ман соли аввалро дар факултети кӯҳу кон хонда, соли дуюм ба факултети нафту газ гузаштам. Дар ин факултет ҳамроҳи донишҷӯёне, ки дар гурӯҳи «байналхалқӣ» буданд, сабақ омӯхтам. Солҳои донишҷӯӣ давраи тиллоӣ ба шумор меравад. Фирдавсии бузург барҳақ фармудааст:
Хирадманд бояд, ки бошад 
дабир, 
Ҳамон бурдбору суханёдгир.
Шикебову бо донишу ростгӯй,
Вафодору бомағз ҳақиқатгӯй.
Дар Душанбе ба номи пуршарафи донишҷӯӣ сазовор шуда, дар Тошканд таҳсил намудан бароям дарвозаи нави роҳи ҳаётро кушод.
Ба ибораи «Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд, Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд», даврони донишҷӯиям, дар даргоҳи бонуфузи илмию техникӣ аз устодони зиёде сабақ гирифта, ҳамкориҳои судманд бо онҳо намудаам.
Нафари бароям азизу муътабар, устоди фурӯтану баландназар, нуктасанҷу нуктадон, профессор  Бахшулло Акрамов ба ҳисоб меравад.
Он солҳо эшон мудири кафедраи «Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ»-ро бар ӯхда дошт ва мо – ҷавонон ҳамчун намояндагони наздик 20 миллат бо забони русӣ, дар ин гурӯҳи байналхалқӣ таҳсил доштем. 
Ҳамон солҳо устод ҷавон буд. Дар таълиму тарбияи донишҷуён саҳми назаррас дошта, серталабу сахтгир ва баробари ин, дилсӯзу меҳрубон ҳам буд.
Дар тинати ӯ хусусиятҳои беҳтарини инсонӣ: хоксорӣ, чеҳраи гарму кушод, одоби ҳамидаю маданияти баланд ҳама вақт ҳувайдо буд. Ҳар як маърӯзаи устодро бо шавқ гӯш мекардем. Ҳаракат мекард чун руҳшинос мазмуни дарсро ба ҳар як донишҷӯ ба тарзи алоҳида фаҳмонад. Бо роҳбарияш, шахсан ман дар олимпиадаву озмунҳои дохилию берунии донишҷӯён иштирок мекардам. Устод водор мекард, ки дар корҳои ҷамъиятию сиёсии донишгоҳ ҳам иштирок намуда, намунаи ибрат бошем. Аз пири кор сипосгузорам, ки ҳамон солҳо вакили съезди 19-уми умумииттифоқи комсомол ҳам интихоб шуда, барои иштирок ба Маскав рафта будам. 
Ин ҳама натиҷаи заҳматҳои устод буд.  
Муаллим барои мо чун зодаи Бухорои шариф, дорои фарҳанги баланди адабию таърихӣ ба ҳисоб мерафт. Боре ба донишҷӯёни тоҷик супориш дод, ки баҳри гузаронидани фестивали баҳории байни донишҷӯёни донишкадаҳои шаҳри Тошканд, баромаде аз суруди тоҷикӣ омода намоем. Бо дӯстони шарикдарсам Саидмуҳаммад, Бурҳониддин, Шокирҷон, шодравон Рустам маслиҳат карда, суруди «Сабз дар лаби ҷӯй»-ро аз шодравон Кароматуллои Қурбон тайёр кардем, ки он вақт ин тарона маҳбуби ҷавонон буд. Баромади мо, дар ҷамъбаст, бо роҳбарии устод сазовори ҷойи аввал гардид.     
Ҳамин тавр, ман донишкадаро маҳз бо дастгириву раҳнамоии устод ба итмом расонидам.
Аз байн солҳо гузаштанд... Баъди хатми донишкада бо дӯсти ҳамсабақам Саидмуҳаммад Шарофиддинов устодро ба Исфара таклиф кардем. Ӯ ба Исфара омада, аз Кӯлканду Ворух низ дидан кард. Дар Ворух сайри Беди Каҷу зиёрати мазори Хоҷаи Шибирғонбобо кард. Ин моҳи августи соли 1985 буд. Бо раҳматии падарам, ки хатмкардаи Донишкадаи омӯзгории Самарқанд буданд, унс гирифта суҳбат намуданд. Соли 1985 донишкадаро бо дипломи сурх хатм намуда, ба корхонаи нафтистеҳсолкунии шаҳраки Нефтобод, ки он солҳо НГДУ буд, ба кор омадам. Соли 1987 бори аввал бо маслиҳат ва тавсияи устод, дар маркази кони Обишифо, бо усули гармидиҳии барқӣ, дар қабатҳои нафтдиҳанда амалиёти махсус гузарондем, ки ба рушди истеҳсолот ҳисса гузошта шуд.
Шогирдон ӯро дар ҳамаи корхонаҳои саноатии нафту гази Осиёи Миёна, бахусус дар Тоҷикистон, ҳамчун устоди зарандуд хуб мешиносанд. Ҳоло мо, шогирдони тоҷикистониву ӯзбекистонӣ бо ин устодамон, ки ба синни мубораки 80 расидааст, фахр мекунем ва ба ин муносибат табрику таҳният мегӯем. 

Анвариддин ТӮХТАЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: