УСТОДОН – ҶАНГОВАРОН ВА МУҲОФИЗОНИ ВАТАН

То солҳои наздик бисёр собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон зинда буданду маъракаву ҷамъомадҳои деҳа бо онҳо файзу таровати ба худ хосе дошт.

Дар мактаби рақами 57-уми ноҳияи Шаҳрисабз, ки дар деҳаи Сарчашма воқеъ аст, ҳар сол ба муносибати Рӯзи хотира ва қадршиносӣ бо собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон вохӯриҳо баргузор мегардид ва дар он 10-12 нафар иштирокдорони ҷанг ширкат меварзиданд.
Бо гузашти айём сафи онҳое, ки баҳри озодии диёрамон дар набардҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷони худро дар хатар монда ҷангидаанд, дар кишварамон сол то сол кам мешавад. Хушбахтона, дар деҳаи мо ҳоло як нафар – Ашӯр Шералиев дар қайди ҳаёт. Панҷ моҳ муқаддам онҳо ду нафар буданд. Бегим Мустафоев ба наздикӣ даргузашт.
Умуман, аз деҳаи Сарчашма дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 218 нафар ҷавонмардон иштирок намуда, 110 нафари онҳо ба зодгоҳ баргаштаанд...
Бегим Мустафоев соли 1923 дар оилаи деҳқон ба дунё омада, маълумоти миёнаро дар мактаби 7-солаи деҳа аз устодони яҳудӣ Қотонов ва Мушаев омӯхта, соле дар омӯзишгоҳи муаллимтайёркунии Шаҳрисабз таълим гирифтааст. Дар мактаби ҳафтсолаи деҳа, ки он солҳо ташкил шуда буду аксарияти муаллимон яҳудиён буданд, Бегимро ҳамчун муаллими синфҳои ибтидоӣ ба кор қабул намуданд.    
Замоне, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон сар шуд, садҳо нафар ҷавонмардон аз деҳаи Сарчашма ҳам ба фронт роҳхат гирифтанд. Дар қатори онҳо бародарони Бегим – Нор соли 1939 ба ҷанги зидди финҳо ва моҳи марти соли 1943 бародари дуюмӣ Субҳон сафарбар карда шуданд. Моҳи августи соли 1943 писари сеюм – Бегимро ба фронт гусел намудан барои модари муштипар осон набуд. Лекин тақозои давру замон чунин буд...
Бегим Мустафоев 4-моҳ дар шаҳри Петропавловск дар полки тайёрӣ санъати тирандозиву тӯппаррониро омӯхта, баъдан дар муҳорибаҳои аз фашистон озод намудани шаҳрҳои Бобровский, Минск, Белосток, Варшава иштирок намудааст.
Моҳи январи соли 1945 дар яке аз муҳорибаҳои шадиди сарҳади Полша аз пойи чап ярадор шуда, то охири ҷанг дар госпитали шаҳри Иваново даво гирифтааст.
Моҳи ноябри соли 1945 пас аз пурра сиҳҳат шудан бо пойи сунъиву асобағал ба деҳаи азизи худ – Сарчашма баргашта, касби дӯстдоштааш омӯзгориро давом дод. Дар давоми фаъолияти педагогии худ садҳо шогирдонро ба камол расонид.
– Илоҳо, рӯйи ҷангро ҳеҷ як фарзанди инсон набинад, – дуо мекард бобо ва бо ёди бародарон Нору Субҳон ва садҳо ҳамяроқони худ ашк мерехт.
Ашӯр Шералиев бошад, соли 1925 дар маҳаллаи Сирзори деҳа ба дунё омад. Падараш Ҳаитов Шералӣ аз зумраи деҳқонони обрӯманди деҳа буда, 7 нафар фарзандонро бо меҳнати деҳқониву боғдорӣ тарбия намуд. Ашӯр соли 1933 ба мактаб рафта, соли 1940 мактаби 7-соларо хатм намуд.
Солҳои ҷанг аксар мардони деҳа ба фронт сафарбар шуда, дар ақибгоҳ қувваи корӣ намерасид. Аз ин сабаб Ашӯри 16-соларо дар хоҷагии  деҳа ба вазифаи табелчӣ таъин намуданд. Он замон дар ҳама ҷо шиори «Ҳама чиз барои фронт!» амал мекард, тамоми маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба анборҳои давлат супурда мешуд. Ҷанги хонумонсӯз бошад, давом меёфту ҷавонони деҳаро пайи ҳам ба доми худ мекашид. Ниҳоят, моҳи феврали соли 1944 Ашӯри 19-сола низ ба фронт даъват шуд.
Ашӯр Шералиев дар ҷангҳои шадиди шаҳрҳои Белова, Житомир, Смоленск ва сарҳадҳои Полша фаъол иштирок намуда, пас аз озод намудани Полша аз фашистон то соли 1950 дар сафи авиатсия хизмат кард. Солҳои баъдиҷангӣ, ки дар деҳаҳои дурдасти кӯҳистон барои тарбияи ҷавонон муаллим намерасид, шахсони маълумоти миёнадоштаро низ ҳамчун муаллим ба мактаб қабул мекарданд. Аз ин сабаб Ашӯр Шералиев низ ба мактаб қабул шуд. Барои гирифтани маълумоти педагогӣ  солҳои 1960-1966 дар факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд  таҳсил намуд.
Ҳоло Ашӯрбобо 94-ум баҳори умри худро мегузаронад, шукронаи истиқлолу осоиштагии кишварамон мекунад ва рӯзе нест, ки дасти дуо накушояд. Ашӯрбобо аз Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев, ки барои собиқадорони ҷангу куҳансолони кишвар шароити хуб фароҳам меоварад, миннатдор аст.
— Сардухтури деҳа Тӯрақул Раҷабов қариб ҳар рӯз аз бобоям хабар мегирад, – мегӯяд, Сӯҳроб, ки чун бобояш касби омӯзгориро пешаи худ намудааст.
— Аз аҳволи пирон бохабар будан вазифаи ҳар як фарди худогоҳ бояд бошад, зеро онҳо «таърихи зинда»-и диёрамон мебошанд, — ба сухан ҳамроҳ мешавад ҷонишини директори мактаб оид ба корҳои маънавӣ Амирқул Шарифов, ки бо пирони деҳа дар чорабиниҳои мактаб борҳо вохӯриҳо гузаронидааст.
Ногуфта намонад, ки алҳол пирону куҳансолони кишварамон аз ҷониби давлату ҳукумат хеле эъзоз гардида, «гули сари сабад»-и давраҳоанд. Ба кулли солхӯрдагон, алалхусус, иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳони мамлакат сиҳҳату саломатӣ ва умри бобаракат мехоҳем.

Шодмон САФАРОВ, муаллими синфҳои ибтидоии мактаби рақами 57-уми  ноҳияи Шаҳрисабзи  вилояти Қашқадарё.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: