УСУЛИ ПУРСАМАРИ МУБОРИЗА ЗИДДИ КОРРУПСИЯ

Беҳуда нагуфтаанд, ки кори береҷа — хишти беқолаб.

Беҳуда нагуфтаанд, ки кори береҷа — хишти беқолаб. Мавҷуд будани мушкилоти зиёд дар соҳаи ҷудо кардани замин ва кадастри давлатӣ аз он далолат медиҳад, ки то ба наздикӣ дар соҳа нақша ва тартибу низоми муайян набудааст. Ба сабаби набудани ҳисобу китоби дақиқ ва шаффофият дар ин самт ҳазорҳо гектар замин тороҷ гардида, ба эътирози ҳаққонӣ боис гардид. 
Ба ҷуз ин, ҷудо кардани замин, ҳисобу китоби онҳо, ҷойгирсозии зироати хоҷагии деҳот, татбиқи назорати замин, ба рӯйихати кадастр даровардани қитъа ва иншоот аз ҷониби як мақомот амалӣ гардонда шуд, ки ин ба бархӯрди манфиатҳо оварда расонд. Аз рӯйихати давлатӣ нагузарондани заминҳои наздиҳавлӣ, мушкили худсарона азхудкунии заминҳо ба «дар ҳаво давр задан»-и маблағе оварда расонд, ки бояд ба буҷети давлат меафтид.
Ба мақсади бартараф кардани ин мушкилот шахсан бо ташаббуси роҳбари давлатамон соли 2020 дар пойгоҳи Кумитаи давлатии захираҳои замин, геодезия, картография  ва кадастри давлатии собиқ Агентии Кумитаи давлатии андози Ӯзбекистон созмон дода шуд.
Пӯшида нест, ки мақсад аз бор кардани вазифаи ҳисобу китоби замин ва роҳандозии кадастрҳои давлатӣ ба дӯши агентии мазкур ва ба зиммаи Вазорати хоҷагии деҳот бошад, вогузор кардани функсияи назорати ҳисобу китоби дақиқи замин, таъмини адолат дар ин росто мебошад.
Соли сипаригардида дар Палатаи қонунгузорӣ, баъди баҳсҳои шадид, қабули Кодекси нави замин ва меъёрҳои дар он пешбинишуда дар таърихи нави мамлакат аз ислоҳоти назаррас маҳсуб меёбад. Зеро бо қабули кодекси мазкур барои ба гардиши иқтисодӣ даровардани заминҳо, табдил додани онҳо ба объекти хариду фурӯш ва гарав, ҷудо кардани замин ба ду тоифа: замини хоҷагии деҳот ва ғайридеҳот заминаи ҳуқуқии мустаҳкам ба вуҷуд оварда шуд.
Бояд гуфт, бо вуҷуди он ки тӯли соли сипаригардида аз ҷониби Агентии кадастрии навташкилгардида доир ба ҳисобу китоби замин ва ба рӯйихати электронӣ даровардани онҳо хеле корҳо анҷом дода шуданд, дар ин росто мушкилоте, ки ҳаллу фасли худро интизоранд, кам нестанд.
Дар маҷлиси васеъе, ки 21 декабри соли 2021 бо иштироки Президент Шавкат Мирзиёев баргузор шуд, айнан дар бораи мушкилоти ташаккул додани ҳисобу китоби замин ва кадастрҳои давлатӣ, дар соҳа ҷорӣ намудани технологияи рақамдор сухан ба миён омад.
Тавре ки дар маҷлис таъкид гардид, Агентии кадастрии навташкилгардида дар таърихи Ӯзбекистони Нав бори нахуст ба қайд гирифтани заминҳои хоҷагии деҳот ва ба рӯйихати электронӣ даровардани онҳоро шурӯъ намудааст. Харитаи электронии 23 миллион гектар заминҳо омода гардид. Маълум гардид, ки то имрӯз 23 миллион гектар замин ба рӯйхати давлатӣ дароварда шудааст.
Ба ҷуз ин, дар баробари ба базаи кадастр даровардани 412 ҳазор мулки ғайриаманқул, дар 478 объект сохтмони иловагӣ муайян карда шуда, ба қимати кадастриашон рӯшанӣ андохта шуд.
Маълум гардид, ки дар байни ҳисоботи хаттӣ ва барӯйихатгирии электронӣ тафовут вуҷуд дорад. Хусусан, ҳарчанд дар 830 ҳазор гектар майдон аҳолӣ будубош дорад, муайян гардид, ки  ин майдонҳо дар рӯйи коғаз ба рӯйихати тоифаи дигар ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Дар маҷлис таҳлили ошкорои мушкилоти мавҷуда, супоришҳои мушаххас оиди ҳаллу фасли онҳо, ба сифати намояндаи халқ, мо — депутатҳоро хурсанд кард.
Дар ин маврид бояд қайд намуд, ки рақамикунонии маълумот ва хидматҳои давлатӣ, ҳаддалимкон тезондани корҳои кам кардани «фактори инсон» ба фош гардидани «кирдукор»-и баъзе шахсони мансабдор хидмат мекунад.
Роҳбари давлат то 1 апрели соли равон оиди ба охир расондани ҳисобу китоби заминҳои хоҷагии деҳот, дақиқ муайян намудани тоифаву соҳиби замин ва ба расмият даровардани шартномаи 1 миллион гектар майдон супоришҳо дод.
Рӯзҳои наздик мо — депутатҳо ба мақсади вохӯрӣ бо интихобкунандагон ба минтақаҳо меравем. Ба нақша гирифта шудааст, ки имсол 80 ҳазор гектар майдонҳои аз пахта ва ғалла холишуда ба аҳолӣ дода мешаванд. Замин танҳо тибқи озмун ба онҳое дода мешавад, ки дар ҳамон маҳалла ба сар мебаранд ва таҷрибаи деҳқонӣ доранд.

Дилрабо ХОЛБОЕВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: