УСУЛИ САМАРАНОКИ РАҲОӢ АЗ КАМБИЗОАТӢ — САЪЮ КӮШИШИ ИНСОН

«Дар соли нав мақсади ниҳоии ислоҳоти иқтисодӣ коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум хоҳад буд. Ин ҳадафҳои стратегӣ аз ҳисоби пешрафти баланди иқтисодӣ ба даст оварда мешаванд, ки барои ҳама имкониятҳои баробар фароҳам меоранд», – таъкид намуд Президент дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис.

«Дар соли нав мақсади ниҳоии ислоҳоти иқтисодӣ коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум хоҳад буд. Ин ҳадафҳои стратегӣ аз ҳисоби пешрафти баланди иқтисодӣ ба даст оварда мешаванд, ки барои ҳама имкониятҳои баробар фароҳам меоранд», – таъкид намуд Президент дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис.
Воқеан, имрӯз худи давр ҷорӣ намудани усули ҳамаҷониба ва ғайристандарти паст кардани сатҳи камбизоатиро тақозо мекунад. Маълум аст, ки ин масъала бо додани қарз, кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ё манзил худ аз худ ҳал нахоҳанд шуд. Ин ҳалли масъалаҳои мураккаби марбут ба таълим, тандурустӣ, касбомӯзӣ, оби нӯшокӣ, қувваи барқ ва инфрасохтори роҳро талаб мекунад.
Албатта, дар ин самт ҷорӣ кардани низоми «дафтари оҳанин» дар дуруст муайян кардани аҳолии ниёзманд ва дар ин замина, манзилнок кор кардан бо онҳо ҳамчун омили муҳим хидмат хоҳад кард. Бисёре аз шаҳрвандони мо аз он хушҳоланд, ки «Феҳристи иҷтимоӣ», ки имсол пурра ба кор медарояд, тамоми маълумотро дар «дафтари оҳанин» дар бар мегирад ва ба оилаҳои ниёзманд беш аз 30 хадамоти иҷтимоиро дар шакли электронӣ пешниҳод мекунад.
Сарвати бузургтарини ин кишвар инсон аст. Беҳуда нест, ки дар Муроҷиатнома ба таъмини ниёзҳои аввалияи камбизоатон, ҷорӣ намудани механизми нав дар асоси принсипи «ҳавасмандгардонӣ, малака ва кӯмаки молиявӣ» барои аз камбизоатӣ баровардани ҳар як шаҳрванд, ки ба «дафтари оҳанин» дароварда шудааст,  таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад. Охир, ҳамаи мо амин ҳастем, ки «дафтари оҳанин», ки бо ташаббуси Президентамон дар давраи пандемия ҷорӣ карда шуд, натиҷаҳои чашмдоштро ба бор овард.
Роҳи дигари муассири раҳоӣ аз камбизоатӣ ин саъю кӯшиши инсон аст. Вақте ки инсон ба қувваи худ такя намуда, барои расидан ба мақсади возеҳ ҳаракат менамояд, бешубҳа ҳамаи мушкилотро паси сар мекунад. Боварӣ дорам, ки агар мо бо одамони машҳуре, ки бо меҳнат ва қуввати худ ба муваффақиятҳои азим ноил шудаанд, вохӯриҳо ташкил намуда, ба шаҳрвандоне, ки ба «дафтари оҳанин» дохил карда шудаанд, ҳавасмандии қавӣ диҳем, ин дар оянда самараи хуб хоҳад дод.
Қисми дигари таъсирбахши Муроҷиатнома ин таъсиси беш аз ҳазор маркази омӯзишии касбӣ дар маҳаллаҳо мебошад, ки дар он ба ҳар як шахсе, ки касбу ҳунар омӯзонида мешавад, то 1 миллион сӯм кӯмакпулӣ пешниҳод хоҳад шуд. Ин, албатта, барои бо ҷойи кор таъмин кардани бисёр ҷавонон, таъмин намудани онҳо бо манбаи доимии даромад хидмат карда, аз ҳама муҳимаш, ба шумораи ҳарчи зиёди оилаҳо хушнудӣ мебахшад.
Масъалаи дигари муҳим ин додани то 7 миллион сӯм субсидия барои хариди таҷҳизот ба шаҳрвандоне мебошад, ки мехоҳанд пас аз хатми курсҳои омӯзишӣ тиҷорати худро оғоз кунанд, инчунин ҷудо кардани замин аз 10 сотих то 1 гектар ба оилаҳое, ки бо деҳқонӣ шуғл меварзанд, вобаста ба имконият ва рушди ҳар як ноҳия, қадами калон дар  коҳиш додани камбизоатӣ аст.
Умуман, барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар аҳолӣ бедор кардани рӯҳияи соҳибкорӣ, пурра ба рӯи об баровардани нерӯи ботинӣ ва салоҳияти инсон, ташкили ҷойҳои нави корӣ аз ҳарвақта муҳимтар аст. Дар Муроҷиатнома дар ин замина вазифаҳои мушаххас гузошта шудаанд. Мо боварӣ дорем, ки таклифҳои дар он пешниҳодшуда ба зинаи баланд бардоштани пешрафти кишварамон хидмат хоҳанд кард.
Бахитбай АЛДАМУРАТОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: