УСУЛҲОИ КИШТ ВА ПАРВАРИШИ КАРТОШКА

63 навъи картошка ба феҳристи давлатии Ӯзбекистон дохил карда шудааст.

63 навъи картошка ба феҳристи давлатии Ӯзбекистон дохил карда шудааст. Навъҳои пешпази он Латона, Фреско, Ред Скарлет, барвақтии он Кондор, Марфона, Романо, Курода, Санте, Диёра, Умед, тирамоҳиаш Ақраб, Мондиал, Диамант, Пикассо ва ғайра ба шумор мераванд. 
Интихоби тухмӣ
Барои беҳсозии сифат, таъмини бармаҳал пухтан ва серҳосилии картошка бояд аз бехмеваи ҳосилшуда шинонда шавад. Ҳосилдории кишти баҳории бехмеваи кабудшуда аз кабуднашуда 12-15 фоиз зиёд буда, имконияти 10-15 рӯз барвақт расиданро дорад. Тухмиҳое, ки дар шароити маҳаллӣ кошта мешаванд, барои кабуд шудан 30-35 рӯз, тухмиҳои аз хориҷ овардашуда 20-25 рӯз, пеш аз кишт дар хонаҳои махсус  нигоҳ дошта мешаванд. Рӯшноӣ ва ҳарорати  хонаҳои махсус бояд аз 18 то 20 дараҷа бошад. Тухмиҳоро аз рӯйи ҳаҷм ба хурду  калон ҷудо карда, бояд дар рӯйи фарши тахтагин, қуттиҳои 12-20-25 килограммӣ ҷойгир кард. Тухмиҳоро  баъди то 3-4 см неш задан ба кишт омода месозанд. Тухмиҳои вазнаш аз 100 грамм зиёдро ба ду ё се тақсим карда коштан мумкин аст. 
Ба як сотих замин аз 250 то 300 кг поруи пӯсида меандозанд. Хок бо бел ё каланд то чуқурии 18-20 см нарму ҳамвор карда мешавад.
Муддати кишт
Муддати кишти баҳории картошка дар вилоятҳои ҷануб аз 15 феврал то 1 март, дар минтақаҳои марказӣ аз 25 феврал то 10 март, минтақаҳои шимолӣ аз 10 то 20 март мебошад. Муддати тобистонаи навъҳои зудпази он  дар вилоятҳои ҷанубӣ 10-20 июл, навъҳои миёнапаз 5-20 июл, дерпаз 20-30 июн аст. Дар минтақаҳои шимолӣ навъҳои зудпаз дар фосилаи 20-30 июн, миёнапаз 15-25 июн, дерпаз 5-10 июн кошта мешавад. Бехмеваи картошка дар чуқурии  5-8 см кошта мешавад ва ба ҳар як сотих замин то 30-35 кг тухмӣ сарф мешавад. 
Парвариш 
Майдонҳо то пурра неш задани тухмӣ бо назардошти обу ҳаво ва шароити замин 1-2 маротиба обёрӣ мешавад. Ба таъсири обмонӣ  алафҳои бегона мерӯянд. Барои нест кардани онҳо,  баъди 4-6 рӯзи обмонӣ бояд коркарди байни қаторҳо сурат гирад. Баъди 20-25 рӯзи рӯйидан коркарди маҷмӯии растаниҳо оғоз меёбад. Масофаи байни қаторҳо то 15-16 см чуқурӣ, аз растанӣ дар фосилаи 10-12 см  нарм карда мешавад. Баъди аз алафҳои бегона тоза кардан растаниҳо бори аввал бо поруи азотдор озуқонида, сипас об дода мешаванд.
Коркарди дуюми маҷмӯӣ, баъди 5-28 рӯзи коркарди аввал ё давраи муғҷабандии ниҳолҳои картошка шурӯъ мешавад. Агар картошка дар баҳор кишт карда шавад, даври нашъунамои он ба ҳавои салқин, намнокии хок, давраи ҳосилҷамъкуниаш бошад, ба тобистони гарм рост меояд. Аз ин рӯ, дар вақти ҳосилҷамъкунӣ аз картошкаи барвақтӣ бояд дар ҳар 5-6 рӯз як бор (ба миқдори дар 1 сотих 4-4,5 мукааб метр) об дод. Ба картошкаи дерӣ дар 8-10 рӯз як бор об мемонанд. Обмонӣ, пеш аз 2-3 ҳафтаи ҳосилғундорӣ қатъ карда мешавад. 
Порудиҳӣ 
Картошка бояд элементҳои асосии озуқаро ба худ гирад. Аз ин рӯ, ҳангоми парвариши он бояд ба як сотихи майдон 2,2 кг азот, 1,7 кг фосфор, 1,1 кг калий пошида шавад. 
Мубориза бар зидди беморӣ ва зараркунандаҳо 
Интихоби тухмиҳо, бо назардошти шакл, калонию хурдӣ ва дигар аломатҳо дар серҳосилии картошка нақши муҳим дорад. Яке аз зараркунандаҳои картошка гамбуски колорадо мебошад. Тавсия дода мешавад, ки баробари пайдо шудани он вайро бояд бо даст чида нест кард. Вақте гамбускҳо зиёд шуданд, воситаҳои кимиёвӣ ба кор бурда мешавад. Дар ин ҳолат, 10 мл. коратэи 5 фоиза, 20-25 мл. моспилани 20 фоиза, 50 мл. суми-алфаи 5 фоиза (воситаи кимиёвӣ)-ро бо 60-70 литр об омехта ба ниҳолҳои картошка мепошанд. 
Ҷамъоварии ҳосил 
Бехмеваи картошка дар чуқурии 25-30 см ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, ҳангоми кофтан бо каланд бояд эҳтиёт шуд, ки  ҳосил захмин нашавад. Ҳангоми ҳосилғундорӣ замин агар нам бошад, картошка беталаф ғундошта мешавад.

Б. ОРТИҚОВ,
мутахассиси пешбари Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва 
соҳибони қитъаҳои наздиҳавлигӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: