Дар минтақаҳои ҷумҳуриамон ба меваи шифобахши анор талаб зиёд аст.
Дар минтақаҳои ҷумҳуриамон ба меваи шифобахши анор талаб зиёд аст.
Дар кишвари мо 3 намуд ва зиёда аз 69 навъи анор парвариш меёбад. Анорҳои турш 3 навъанд: «Қубодиёни асил», «Қирмизӣ», «Сурхпӯст». Ду намуди анори ширин – «Сурхина» ва «Шафақгун» дасторхони мардумро оро медиҳанд, ки аз онҳо навъҳои «Марвориди сиёҳ» ва «Сафеддона» ба вуҷуд омадаанд.
Бо назардошти зиёд будани талабот ба анор, навъи анори бе дона, ки дар Калифорнияи ИМА кашф шудааст, «Вондерфул» мебошад, ин навъи анор дар иқлими гарм мерӯяд, дар ҳар гуна хок ривоҷ меёбад. Мевааш моҳи сентябр мепазад.
Чанд сол аст, ки дар ҷумҳурӣ корҳои минтақабандӣ идома дорад. Ин амал ба ҳалли мушкилоти парвариши ниҳолҳои анор ва зиёд кардани он нигаронида шудааст.
Ниҳолҳои анор асосан бо 4 усул зиёд карда мешаванд:
Усули аввалин аз тухми анор парвариш карда мешавад, аммо дар ин усул нашъунамои ниҳол суст буда, мевааш чандон калон намешавад.
Усули дуюм аз шохаҳои худрӯ, ки дар зери дарахти анор мерӯяд, зиёд карда мешавад. Чунин ниҳолҳо зуд нашъунамо мекунанд, вале ҳосилашон кам аст.
Сеюм навдаҳоро аз шохаҳои анор бурида мешинонанд, дар ин усул ниҳолҳо хеле суст афзоиш меёбанд, аммо ҳосилнокӣ баланд мешавад. Қаламчаҳоро аз шохаҳои мевадор гирифтан ба мақсад мувофиқ аст.
Усули чорум – яке аз шохаҳои дарахти анор ба замин гӯр карда мешавад. Ин усулро «Палгирӣ», дар водии Фарғона «Зону» меноманд ва он серҳосил мебошад.
Усули чорум, ки аз усулҳои маъқулу машҳур аст – анорро дар фасли баҳор кушода, дар назди дарахти меванок гӯр мекунанд. Пас аз ду сол ниҳолҳои хуб решагирифтаро кофта гирифта, дар майдони кушод мешинонанд. Усули содатарин ва арзонтарини парвариши анор – аз қаламчаҳо ниҳол тайёр кардан мебошад.
Қаламчаро тирамоҳ пас аз рехтани баргҳо ва ҷамъоварии анор, дар баъзе мавридҳо дар фасли баҳор, пас аз кушодани ниҳол омода кардан мумкин аст. Дарозии қаламчаҳо бояд 25-30 сантиметрро ташкил диҳад, 20-30 қаламчаро якҷоя дар оби офтобхӯрда тар карда мемонанд ва дар фосилаи 15 см мешинонанд. Ҳангоми шинондан қисми болоии қаламча набояд аз 5 см зиёд бошад. Қаламчаҳо тӯли 8 ҳафта реша гирифта, муғча мебароранд. Дар тӯли 2-3 моҳ бояд қаламчаҳо аз об, нурӣ, гармии офтоб баҳра гиранд.
Вобаста ба шароити обу ҳаво ва хок, дар мавсими кишт 10-15 маротиба об дода мешавад: дар апрел – 1, май – 4, июн – 3, июл – 3, август – 2, сентябр – 1 бор. Бояд гуфт, ки дар ин маврид шохаҳои анор суст нашъунамо меёбанд, зуд мешикананд.
Азбаски анор ҷой ва хок интихоб намекунад, шифобахш, гармидӯст, ба хушкию сармо тобовар аст, зиёд кардани онро ба боғбонон ва соҳибкорон тавсия медиҳем.
З. ФАЙЗУЛЛОЕВ,
сармутахассиси Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ,
деҳқонӣ ва соҳибони замини наздиҳавлигии Ӯзбекистон.