Аз китоби «Қайдҳо дар ҳошияи дафтар»
Девонаи ҳақгӯй
Назди девона сари таъзим фуруд оваред!
Ҳақиқатеро, ки сад нафар донишманд гуфта наметавонад, як девона мегӯяд.
«Гултоҷи табиат»
Оҳу барои гурусна намондан, кабудӣ мехӯрад. Аммо якдигарро намекушад. Шер барои гурусна намондан оҳуро мехӯрад. Аммо якдигарро намекушад. Одам ҳам кабудиро мехӯрад, ҳам оҳуро. Барои дилхушӣ шерро низ мекушад... Баъд ... ҷанг карда, сари якдигарро мехӯрад...
Худбин
Касе, ки ҳамаро бад мебинад, дар охир ба ҷуз худ, ба нафрати ҳама дучор мешавад.
Бӯйи кӯдак
Модар бӯйи кӯдакро вақти таваллуди фарзанди нахустин ҳис мекунад. Мард бошад, чӣ будани бӯйи кӯдакро баъд аз наберадор шудан мефаҳмад. Мо – мардон ҳамеша дар қафоем.
Камол ва завол
Одам сол аз сол ба камол расидани фарзандонашро медонаду вале сол аз сол ба завол расидани умри волидонро не...
Пул
«Пул макрӯҳ, одамро вайрон мекунад!»
Камбағал инро гуфта худро тасаллӣ медиҳаду бо мурури вақт қашшоқтар мешавад.
Бой бо чунин гуфтор дигаронро тасалло медиҳад ва рафта-рафта бойбобо мешавад.
Фароштурук
Ҳеч эътибор додаед: фароштурук ба хонае, ки бефайзу ноором аст, лона намегузорад. Гоҳо андеша мекунам, ки шояд фароштурук нисбат ба одам донотар аст.
Ханда ва гиря
Касе, ки хандиданро намедонад, бадбахт аст.
Касе, ки гиристанро намедонад, бадбахттар.
Парранда дар хона дидаашро...
Касе, ки овони бачагӣ ба вайрон кардани лонаи парранда одат кардааст, баъди ба воя расидан, аз вайрон кардани хонаи одамон намеҳаросад.
Доноӣ ва нодонӣ
Доноӣ ва нодонӣ он қадар ба ҳам наздиканд, ки агар шахс ҳар қадар ба доноӣ даъво кунад, ба он андоза нодон мешавад.
Ҳаё
Ба худотарс будани нафаре, ки аз дигарон ҳаё намекунад, бовар кардан душвор аст.
Санг ва рег
Барои ба рег табдил додани санг як лаҳза кифоя аст. Аммо, барои ба санг табдил ёфтани рег ҳазор сол камӣ мекунад. Дӯстӣ низ мисли ин аст.
Бекорӣ
Аз бисёрии кору норасоии вақт манол. Аз набудани кору бисёр будани вақт тарс. Аз бекорӣ ҳоли мардум табоҳ мегардад.
Оила
Касе, ки оиларо муқаддас намедонад, барои ӯ чизи муқаддас нест.
Ҷони зан
Ҷони зан чилто гӯянд, ҳайрон нашавед. Зеро ӯ яктоашро дар худ нигоҳ медораду 39-тоашро ба фарзандон медиҳад.
Аз ӯзбекӣ тарҷумаи Н. НОДИРОВА.