"UzAuto Motors" бо ҶММ «ASR Progress Innotech» созишномаи дилериро бекор мекунад

ҶС «UzAuto Motors» дар бораи бекор кардани созишномаи дилерӣ бо ҶММ «ASR Progress Innotech» (ноҳияи Буз, вилояти Андиҷон) ба муносибати як қатор вайронкуниҳои дағалонаи шартҳои созишномаи дилерӣ эълон менамояд.

Дар натиҷаи мониторинге, ки ҶС “UzAuto Motors” моҳи декабри соли 2021 гузаронд, маълум гардид, ки дар ҶММ “ASR Progress Innotech” ба хатову камбудиҳои низомнок, инчунин вайронкуниҳои дағалона дар як қатор бандҳои созишномаи дилерӣ роҳ дода шудааст.

Инчунин, дар рафти фаъолияти корхона аломатҳои ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор гардида, пас аз он барои андешидани чораҳои дахлдор ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ маълумот пешниҳод карда шуд.

Ҳама ӯҳдадориҳои назди мизоҷонро аз рӯи шартномаҳои бо ҶММ “ASR Progress Innotech”  басташуда ҶММ «Андиҷон Автотеххизмат» анҷом медиҳад.

Ширкат ба иҷрои саривақтӣ ва пурраи ӯҳдадориҳои дилери ҶММ “ASR Progress Innotech”  дар назди мизоҷон кафолат медиҳад.

ҶС “UzAuto Motors” зоҳир намудани камбудиву қонунвайронкуниҳоро дар кори шабакаҳои дилерӣ идома медиҳад.

Истеъмолкунандагони мӯҳтарам, агар марказҳои дилерӣ ҳангоми харидани мошин маблағи иловагӣ талаб кунанд, фавран ба маркази тамос бо рақами 78 141 77 77 муроҷиат намоед.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: