"UzAuto Motors" истеҳсоли мошинҳои Chevrolet Damas и Labo-ро дар вилояти Хоразм зиёд мекунад

«UzAuto Motors» бо мақсади тезондани муҳлати интиқоли мошинҳо барномаи вусъат додани истеҳсоли автомобилҳои Chevrolet Damas и Labo -ро ба анҷом расонд.

Ҳамин тариқ, чораҳои андешидашуда имкон медиҳанд, ки ҳаҷми истеҳсоли ин моделҳои машҳур дар як сол то 150 ҳазор адад афзоиш ёбад, ки ин дар навбати худ ба мӯҳлати интиқол таъсир мерасонад.

Аз соли 2016 инҷониб афзоиши тадриҷии иқтидори истеҳсолии корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро қариб 5 маротиба афзоиш дод. Корҳои мунтазам оид ба оптимизатсия ва модернизатсияи истеҳсолот то соли 2022 ҳаҷми истеҳсолоти филиали хоразмии  «UzAuto Motors»- ро ба зиёда аз 93 000 воситаҳои нақлиёт (нисбат ба соли 2021 қариб 30% бештар) афзоиш дод. Дар доираи барномаи афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, "UzAuto Motors" дар соли 2021 дар Питнак сехи нави пресскуниро ба истифода дод. Истеҳсолоте, ки дар майдони беш аз 1 гектар ҷойгир шудааст, ҳангоми расидан ба иқтидори максималии худ имкон медиҳад, ки ҳамасола аз 12 ҳазор тонна металлҳои тунукагин тайёр карда, барои моделҳои Damas и Labo то 7 миллион адад қисмҳои гуногуни кузов истеҳсол карда шавад.

Тадбирҳое, ки оид ба маҳалликунонии компонентҳо, деконтентатсияи баъзе ҷузъҳо ва ягонакунии равандҳои истеҳсолӣ андешида мешаванд, ҳаҷми истеҳсолро зиёд намуда, ҷузъи воридотро кам мекунанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: