«UZBEKISTAN AIRPORTS» СОҲИБИ ҲАВОПАЙМОҲОИ НАВ МЕГАРДАД

Ҳамон рӯз фурудгоҳи байналмилалии Тошканд хеле идона оро ёфта буд.

Ҳозирини маросим фурудоии аввалин ҳавопаймои ширкати минтақавии ҳавонавардии  Silk Avia-ро бесаброна интизорӣ мекашиданд.
Вақте ки чархҳои ҳавопаймои  нави орӣ аз рамзҳои давлатии Ӯзбекистон оҳиста ба замин бархӯрд, он як-ду алвонҷ хӯрдаву баъд ба самте ҳаракаташро дар майдони ҳавоӣ давом дод, ки он ҷо кормандони «Uzbekistan Airports» ва ширкати ҳавонавардии «Silk Avia» ҳамроҳи як гурӯҳ журналистон онро мунтазир буданд. 
Мувофиқи анъана ҳавопаймо ва экипажи он бо нону намак ва гулдастаҳои тару тоза зери садоҳои карнаю сурнай ва доира истиқбол гирифта шуданд. Ин аввалин аз се ҳавопаймои харидашудаи ATR 72-600 буд, ки ба майдони ҳавоии Тошканд фуруд омада ва то фурудоӣ роҳи дуру дарозеро тай кардааст. Гуфта мешавад, бо назардошти баландии максималӣ (7600 м) ва масофаи (1500 км) парвоз аз Бангкок ба Тошканд сурат гирифтааст, вале ҳавопаймо бо шаш таваққуф дар майдонҳои ҳавоии Сингапур, Ҳиндустон, Уммон, Миср, Кипр ва Озарбойҷон ин масофаро тай намудааст. Дар ояндаи наздик ду ҳавопаймои дигар вориди Тошканд хоҳанд шуд, ки онҳо низ аллакай аз муоинаи техникӣ ва рангубор гузашта, парвозҳои озмоишӣ анҷом додаанд.
– Дар ин рӯзҳои иди баҳор ва Наврӯз мо боз соҳиби се ҳавопаймо шудем. Бо назардошти талаботи хеле зиёд ба ATR, пайдо кардани ҳавопаймоҳои мувофиқе ниҳоят мушкил буд, ки нишондиҳандаҳои хуби техникиро соҳиб мебошанд ва на калонтар аз соли 2019 ва соатҳои парвози зиёд ҳастанд. Мо се ҳавопайморо аз Bangkok Airways харидем, ки ҳар кадоми он се сол дошта ва дар кайфияти аъло мебошанд, – гуфт дар ин маросим раиси ширкати «Uzbekistan Airports» Раъно Ҷӯраева. 
Вай афзуд, ки таъсиси ширкати ҳавопаймоӣ як раванди хеле мураккаб ва масъулиятнок аст, ки дар он ба тафтиши эътимоднокӣ ва бехатарии ҳавопаймоҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. 
– Дар давоми ду-се рӯз мо ҳавопайморо бо имзои Silk Avia либоси нав «мепӯшонем» ва пас аз гирифтани шаҳодатномаи оператори ҳавопаймо аз «UzAvia» ҳавопаймо рақами дуюмро ба худ гирифта, парвозҳои аввалини худро оғоз мекунад, – иброз дошт раиси «Uzbekistan Airports».
 Ногуфта намонад, ки ATR 72-600 яке аз маъмултарин ҳавопаймоҳои кӯтоҳмуддати ҷаҳон бо зарфияти 70 мусофир мебошад. Он ҳавопаймои арзони бехатар ва сарфакор арзёбӣ гардид, ки нисбат ба A 320 чор маротиба камтар сӯзишворӣ сарф мекунад. Гузашта аз ин, барои мусофирон эътимодбахш низ ҳаст ва онҳо бо нархи дастрасу арзон тавассути ин ҳавопаймо ба самтҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафарҳои худро анҷом хоҳанд дод.
Дарвоқеъ, таъсиси нахустин ширкати ҳавопаймоии минтақавии арзон бо фармони Президенти мамлакат «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди алоқаи ҳавоии маҳаллӣ дар ҷумҳурӣ» аз 26 октябри соли 2022 ба вуҷӯъ мепайвандад. 
– Дар марҳилаи аввал ширкати ҳавопаймоӣ бо хатсайрҳои Тошканд – Самарқанд, Тошканд – Бухоро ва Тошканд – Урганч, инчунин ба шаҳрҳои водии Фарғона парвозҳои худро анҷом медиҳад. Нархи чиптаи он аз 180 ҳазор сӯм сар мешавад. Баъдан теъдоди хатсайрҳо афзоиш дода мешаванд, – гуфт Раъно Ҷӯраева.
Вай ёдовар шуд, ки моҳи ноябри соли гузашта ширкати Silk Avia ва консерни фаронсавӣ-итолиёии ATR дар бораи харидани панҷ ҳавопаймои нави ATR 72-600 созишнома ба имзо расониданд, ки соли 2024 ин ҳавопаймоҳо ба Тошканд меоянд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: