“Uzbekistan Airways” ба муносибати моҳонаи сайёҳӣ имтиёз эълон кард

Шаҳрвандон ҳангоми харидани билети имтиёзноки ҳавопаймо бояд паспорт ё ID-картаашонро бо худ дошта бошанд.

Дар ин бора хидмати матбуоти “Uzbekistan Airways” хабар дод.

Бино ба маълумоти манбаъ ба муносибати моҳонаи сайёҳӣ “Uzbekistan Airways” аз 1 ноябр то 30 ноябр барои мардони аз 60-сола боло ва занони аз 55-сола боло дар парвозҳои маҳаллӣ то 15 дарсад тахфиф эълон кардааст.

Билетҳои имтиёзнокро аз филиалҳои “Uzbekistan Airways Sales”, агентҳои расмии авиакомпания дар Ўзбекистон, инчунин, тавассути сайти www.uzairways.com харидан мумкин аст.

Ба тарифҳои мусофир ва боркашонӣ ба таври иловагӣ андозу хироҷи гуногун ва пардохтҳо низ муқаррар карда мешаванд. Барои онҳо имтиёз то 15% амал намекунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: