ӮЗБЕКИСТОН: 27-СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Дар арафаи Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Маркази омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» пурсиши иҷтимоии: «Ӯзбекистон: 27 соли истиқлолияти давлатӣ»-ро ба мақсади омӯхтани фикру ақидаи ӯзбекистониён дар бораи комёбиҳои мамлакат дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, ошкор намудани муносибатро ба тағйироте, ки дар кайфияти маънавиву ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеа ба вуқӯъ омадаанд, баргузор намуд.

Пурсиш дар тамоми вилоят ва минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд, дар он шаҳрвандони 18 сола ва аз он бузургтар, ки дар шаҳрҳо ва деҳот зисту зиндагӣ мекунанд, намояндагони миллатҳои мухталиф, гурӯҳҳои иҷтимоие, ки дар соҳа ва ҷанбаҳои гуногуни истеҳсолот кор мекунанд, иштирок карданд.
Барои шаҳрвандони мамлакат Рӯзи истиқлолият ҷашни бузург ва дурахшон аст, дар арафаи он аксарияти мутлақи ӯзбекистониён - 94,6 фоиз кайфияти хуб дошта, қаноатмандии моддиву маънавиро аз ҳаёти худ эҳсос менамоянд. Намояндагони миллат ва динҳои мухталиф, мардон ва заноне, ки худро ба табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ мансуб медонанд, ҷавонон, шаҳрвандони синну соли миёна ва бузург, сокинони шаҳру деҳот, ҳама бидуни истисно 27-умин солгарди истиқлолияти давлатиро бо эҳсоси ифтихори махсус аз Ватани худ, он тағйироте, ки дар мамлакат ба миён меоянд, барои комёбиҳое, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷамъият ба даст омадаанд, пешвоз мегиранд. Шаҳрвандони Ӯзбекистон ислоҳоти васеъмиқёсеро, ки дар доираи Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021-ум бобати минбаъд демократикунонӣ ва бунёди ҷомеаи муқтадири шаҳрвандӣ, бозсозӣ ва озодкунии иқтисодиёт татбиқ мешаванд, куллан дастгирӣ менамоянд. 
Дар ҷараёни пурсиш 97,3 фоизи шаҳрвандон ҳифз ва мустаҳкам намудани сулҳу салоҳ ва амният дар мамлакат, ҷой надоштани зиддиятҳои иҷтимоиву сиёсӣ, байнимилливу байнидинӣ ва ҳарбиро комёбии асосии Ӯзбекистон номиданд. Шаҳрвандони мамлакат барҳақ ифтихор мекунанд, ки омезиши забонҳо, маданият, урфу одат ва динҳо дар Ӯзбекистон ҷомеаи махсусеро ташаккул додааст, ки дар он сулҳу салоҳ меъёри ахлоқиву маънавӣ, қисми ҷудонопазири маданияти умумии мо гардидаанд. Бисёрқавмиву бисёрдинӣ, ки хоси мардуми кишвари мо мебошанд, тӯли солҳои истиқлолият мустаҳкамтар шуданд ва барҳақ захираи стратегӣ ва бартарии Ӯзбекистон гардиданд, бинобар ақидаи иштирокдорони пурсиш, «Сулҳу салоҳи шаҳрвандони Ӯзбекистони мустақил маҳаки рушди муттасили ҷамъият ба шумор меравад».
Зиёда аз 90 фоизи пурсидашудагон аз натиҷа ва ҳолати кунунии фаъолияте, ки давлат дар соҳаи муътамадона кафолат додани ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон татбиқ менамояд, қаноатманд будани худро изҳор доштанд. Бинобар ақидаи 94 фоизи пурсидашудагон дар соҳаи таъмин кардани амнияти шахсии шаҳрвандон натиҷаҳои беҳтарин ба даст омадаанд, ки онро Маркази бонуфузи омӯзиши афкори умум «Gallup», ки Ӯзбекистонро яке аз кишварҳои бехатартарини ҷаҳон эътироф кардааст, тасдиқ менамояд.
Тавре ки натиҷаҳои пурсиш нишон доданд, дар мамлакат ислоҳоти бесобиқаи идоравӣ ва сохторӣ татбиқ мешаванд, ки ба минбаъд беҳтар намудани муҳити тиҷорат, пурзӯр кардани ҳифзи ҳуқуқ ва рағбатноксозии ташаббуси субъектҳои соҳибкорӣ нигаронида шудаанд. Иштирокдорони пурсиш таъкид менамоянд, ки дар Ӯзбекистон бинобар соҳаи мазкур пешрафти инноватсионӣ ва технологӣ мушоҳида мегардад. Баҳои мусбати созмонҳои номдори байналхалқии молиявӣ ва оҷонсиҳои рейтингӣ шаҳодати самаранокӣ ва натиҷабахшии чораҳои андешидашуда мебошанд. Аксарияти шаҳрвандоне, ки бо фаъолияти меҳнати хусусӣ, соҳибкорӣ ва фермерӣ машғул мебошанду дар пурсиш иштирок кардаанд, аз шароитҳое, ки давлат барои соҳаҳои мазкур фароҳам овардааст, қаноатмандии худро изҳор доштаанд.
Бинобар ақидаи 93,6 фоизи пурсидашудагон диверсификатсия ва бозсозии саноати  мамлакат, бахусус рушди муттасили чунин соҳаҳо, аз ҷумла автомобилсозӣ, коркарди нафт ва газ, дорусозӣ, истеҳсоли техникаи ҳозиразамони маишӣ, молҳои истеъмоли халқ муваффақиятҳои махсусро таъмин карданд. 
Мувофиқи фикри 86,1 фоизи шаҳрвандон беҳтар шудани кор дар соҳаи сохтмони манзил аз ҷумлаи комёбиҳои муҳимтарини Ӯзбекистони кунунӣ ба шумор меравад. Дар ҷумҳурӣ хонаҳои бисёрошёнаи дорои тамоми қулаиҳо ва барои аҳолӣ арзон бунёд меёбанд. Бобати ободонии марказҳои вилоят ва ноҳияҳо корҳои назаррас ба сомон мерасанд, барномаи «Обод қишлоқ», ки ба тадриҷан беҳтар кардани шароити ҳаёти аҳолии деҳот, бахусус табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночор нигаронида шудааст, татбиқ мегардад.
83,2 фоизи иштирокдорони пурсиш бар он андешаанд, ки натиҷаҳо дар бобати тарбияи ҳамаҷонибаи насли наврас, ки аз ҷиҳати зеҳнӣ ғанӣ буда, дар соҳаҳои гуногун соҳиби донишҳои амиқ мебошанд, ба шарофати ислоҳсозӣ ва бозсозии низоми таълим, муносибати куллан нав ба таълими томактабӣ, куллан тағйир додани низоми таълими мактабӣ, кушодани муассисаҳои нави таълими олӣ дар минтақаҳо, самтҳои замонавии таълим ва ихтисосҳо бинобар тайёркунии кадрҳо, ҳамчунин шуъбаҳои ғоибона ва шабона ба даст меоянд. 
79,1 фоизи пурсидашудагон комёбиҳои мамлакатро дар соҳаҳои маданият, илм ва санъат зикр намуданд. Бинобар масъалаҳои тағйироти соҳаҳои илм ва барқарор намудани мактаби куҳантарини илмии ӯзбек – Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон ақидаҳои махсус иброз гардиданд.
Аксарияти пурсидашудагон (89,7 фоиз) афзудани эҳтироми аҳолии мамлакатро ба қонунҳо таъкид кардаанд.
Аксарияти мутлақи шаҳрвандони Ӯзбекистон сиёсати роҳбари давлатро оид ба такмил додани сохтори давлат ва ислоҳоти суду ҳуқуқ, минбаъд инкишоф додан ва бозсозӣ намудани иқтисодиёти мамлакат, афзоиши некуҳолии аҳолӣ, мустаҳкам гардидани ризоияти байнимиллӣ ва байнидинӣ дар ҷомеаро дастгирӣ мекунанд ва маъқул медонанд.
Пурсиш нишон дод, ки шаҳрвандони мамлакат ба оянда ва фардои некомади давлат эътимод доранд, саъю кӯшиш барои беҳтар кардани ҳаёти худ, эҳсоси дахлдорӣ ба пешрафт ва фаровонҳолии мамлакат афзудааст. Мониторинг афзоиши миқдори шаҳрвандонеро, ки беҳтар шудани аҳволи моддӣ ва шароити манзиливу маишии худро қайд кардаанд, ошкор намуд. Ҳар кадом шаҳрванди саввуми мамлакат таъкид кардааст, ки ба ӯ ва хонаводааш беҳсозии мақоми моддии оилавӣ муяссар шудааст. 
99,4 фоизи ӯзбекистониён аз он ки кишвари мо давлати озоди мустақил ба шумор меравад ва аз ҷониби ҷомеаи байналхалқӣ эътироф гардида, дар ҷаҳон мақоми сазовор дорад, эҳсоси ифтихори миллӣ мекунанд.
Аксарияти мутлақи шаҳрвандон (97,3 фоиз) бо комёбӣ ва муваффақиятҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт, молия, саноат, соҳибкории хусусӣ ва фермерӣ, таъмин гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмон, таълим, илм ва фарҳанг, хоҷагии қишлоқ ва фаъолияти ҳифзи табиат ифтихор мекунанд.
Чандин самтҳои бартаринок шаҳрвандонро рӯҳбаланд месозанд, дар онҳо эҳсоси ифтихор ва хушнудиро бедор мекунанд, ба афзудани кайфияти хуб мусоидат менамоянд. Ӯзбекистониён қайд менамоянд, ки сулҳу оромӣ аз як ҷониб дар оила ва саломатии қарибону наздикон боиси кайфияти хуб мегардад, аз ҷониби дигар нақши бузурги комёбӣ ва муваффақиятҳои кишварро дар даврони сипаришуда, ғамхории давлатро нисбат ба халқ ва аз ин нуқтаи назар, эътимодро ба ояндаи дурахшони давлат таъкид менамоянд.
Дар ҷомеаи мо миқдори шаҳрвандоне, ки ба мушкилоти худро бомуваффақият ҳаллу фасл кардани кишварамон эътимод доранд, мунтазам меафзояд: кайфияти мусбати шаҳрвандон нисбати пешрафти минбаъдаи мамлакат зиёд шуд ва 81,6 фоизро ташкил дод. Нишондиҳандаи мазкур дар тӯли солҳои охир мунтазам афзуда, сол аз сол баландтар мегардад.
Пурсиши афкори умум, ки дар арафаи 27-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида шуд, санади бебаҳс – дастгирии умумихалқии роҳи пешрафти дохилӣ ва ислоҳоти сиёсати хориҷиро тасдиқ намуд. Ӯзбекистониён чораҳоеро, ки аз ҷониби роҳбари давлат дар доираи Стратегияи амалиёт татбиқ мешаванд, маъқул медонанд, ба аҳволи кунунии иҷтимоиву иқтисодии мамлакат баҳои мусбат медиҳанд.
Аксарияти мутлақи ӯзбекистониён – 95,6 фоиз бовар доранд, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Миромонович Мирзиёев сазовори обрӯи баланд ва эътимоди зиёди халқ аст. Бинобар ақидаи шаҳрвандон ин эътимоди баланд ба он асос мекунад, ки ба шарофати фаъолияти Шавкат Миромонович Мирзиёев ҳамчун роҳбари мамлакат сулҳу салоҳ, ҳамдилӣ ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии мамлакат таъмин мегардад, сифати ҳаёт беҳтар мешавад, одамон тағйироти воқеиро дар ҳаёти худ ва ҳаёти мамлакат эҳсос мекунанд ва мебинанд, обрӯйи Ӯзбекистон дар арсаи байналхалқӣ мунтазам меафзояд.

О. ХАРЧЕНКО,

бинобар маводи маркази «Ижтимоий фикр», хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: