ӮЗБЕКИСТОН – АФҒОНИСТОН: ҲАМКОРӢ ДАР САНОАТИ МАВОДИ СОХТМОН МУСТАҲКАМ МЕГАРДАД

Дар ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзқурилишматериаллари» аввалин анҷумани тиҷоратии ӯзбекистониву афғонистонӣ бахшида ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи истеҳсоли маводи сохтмон баргузор шуд.

Дар анҷуман бо иштироки ширкатҳои бузурги бинокории Ӯзбекистон ва Афғонистон раиси раёсати ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзқурилишматериаллари» Ботир Зарипов ва дигарон таъкид намуданд, ки ҳамкориҳои муфиди тарафайни кишварҳои мо дар рушди истеҳсоли маводи сохтмон ва соҳаҳои дигар нақши муҳим мебозад.
– Муносибатҳои шарикии байни кишварҳои мо дар соҳаҳои савдову иқтисодиёт фаъолона инкишоф меёбанд, – мегӯяд роҳбари сектори оид ба омӯзиши конюнктураи бозор, маркетинг ва содироти ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзқурилишматериаллари» Рустам Саъдинов. – Ҳукумати мо ба сарпур сохтани бозори истеъмол бо маводи ҳозиразамони сохтмон, қонеъ намудани талабот ва содироти мавҷудаи кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон эътибори махсус медиҳад. Дар натиҷа  имконияти бо маводи сохтмон таъмин кардани давлатҳои ҳамсоя ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакати мо фароҳам меояд. 
Зикр шуд, ки дар кишвари мо Барномаи чораҳо оид ба рушди саноати сохтмон барои солҳои 2017-2020-ум қабул гардидааст. Бо назардошти вазифаҳое, ки дар он мушаххас шудаанд, ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзқурилишматериаллари» бобати коркарди амиқи ашёи хоми маҳаллӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва вусъат додани номгӯйи маводи рақобатбардори сохтмон чораҳои маҷмӯӣ меандешад.
Алҳол дар низоми ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзқурилишматериаллари» корхонаи оид ба истихроҷ ва коркарди сангҳои табиӣ, истеҳсоли симон ва маводи банду баст, шишаҳои бинокорӣ, маснуоти сафолӣ, маводи дигари бинокорӣ ва ороишӣ, ҳамчунин пажӯҳишгоҳи лоиҳавии илмиву тадқиқотӣ, созмонҳои ҳафриёти геологӣ кор мебаранд. 
– Ӯзбекистон ва Афғонистонро бисёр ҷиҳатҳои умумӣ алоқаманд мекунанд, – мегӯяд муовини аввали раиси Палатаи савдову саноати Афғонистон Аҳмад Навид Барот. – Муносибатҳои дӯстона ва шарикии тарафайни мо барои рушди ду мамлакат аҳамияти бузург доранд. Анҷумани тиҷоратии кунунӣ ба намояндагони доираҳои корчаллони Ӯзбекистон ва Афғонистон, ҳамчунин таҳкими минбаъдаи муносибатҳои тарафайн дар иқтисодиёт мусоидат хоҳад кард.
Дар чаҳорчӯбаи чорабинӣ намоишгоҳи маводи сохтмон, ки дар Ӯзбекистон истеҳсол шудаанд, ташкил гардид. 

Насиба ЗИЁДУЛЛОЕВА, хабарнигори ӮзА.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: