ӮЗБЕКИСТОН: АЗ МАҲДУДИЯТ БА ПЕШСАФИ МИНТАҚА

Дар интернет – захираи Шӯрои оид ба корҳои байналмилалии Русия таҳти ҳамин унвон мақолаи роҳбари гурӯҳи таҳлилии Маркази омӯзиши Осиёи Марказӣ ва Кавкази Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия С. Притчин чоп шудааст.

Дар интернет – захираи Шӯрои оид ба корҳои байналмилалии Русия таҳти ҳамин унвон мақолаи роҳбари гурӯҳи таҳлилии Маркази омӯзиши Осиёи Марказӣ ва Кавкази Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия С. Притчин чоп шудааст.
Дар мақола қайд мегардад, ки Ӯзбекистон ҳамчун дорои мавқеи муҳими геостратегӣ дар маркази Авроосиё аз бисёр ҷиҳат тарзи муносибатҳои байниминтақавиро дар Осиёи Марказӣ таъин менамояд. Соли 2016 пас аз транзити ҳокимият ҷумҳурӣ аз модели пӯшида, ҳатто маҳдудшудаи сиёсати хориҷӣ зуд ба кишвари фаъол табдил ёфт, ки ба зудӣ натиҷаҳои мусбат дод. Аз як ҷониб, муҳити мулоқоти минтақавӣ ва ҷиҳатҳои ҳамкории байни кишварҳои Осиёи Марказӣ қатъиян беҳтар шуданд. Аз ҷониби дигар, Ӯзбекистон аз ҳисоби амиқсозии робитаҳои хориҷӣ бо кишварҳои бузурги берун аз минтақа миқдори сармояҳоро ба дараҷаи назаррас зиёд намуд ва савдои хориҷиро фаъолтар кард. 
Бинобар маълумоти нашрия, дар оғози соли 2017 Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти рушди минбаъдаи Ӯзбекистон барои солҳои 2017-2021 пешниҳод шуд, ки «харитаи амалиёт»-и ислоҳсозии мунтазами ҷумҳурӣ барои панҷ сол гардид. Стратегия дар худ панҷ самти асосиро гунҷонид. Яке аз онҳо озодкунии ҳаёти иқтисодӣ шуд, ки маҷмӯи чораҳо оид ба пурзӯр кардани ҳифзи моликияти хусусӣ, мустаҳкам намудани озодии фаъолияти иқтисодӣ, коҳиш додани танзими давлатии иқтисодиёт, бозсозии низоми молияву бонк, ҳамчунин вусъат додани робитаҳои иқтисоди хориҷиро дар бар гирифт. 
Тавре ки муаллиф таъкид мекунад, Ӯзбекистон дар сиёсати хориҷӣ мустаҳкам намудани нуфузи байналхалқии мамлакат, то ба ҷомеаи ҷаҳон расондани маълумоти воқеӣ дар бораи ислоҳоте, ки дар мамлакат амалӣ мешаванд, такмил додани пойгоҳи меъёриву ҳуқуқии фаъолияти сиёсати хориҷӣ ва иқтисоди хориҷии ҷумҳурӣ, ҳамчунин  пояи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкориҳои байналхалқӣ, танзими масъалаҳои марзбандиву марзтақсимкунии сарҳадҳои давлатиро ба сифати самтҳои афзалиятнок муайян сохт. 
«Аз бисёр ҷиҳат самти афғонистонии сиёсати хориҷии Ӯзбекистон муҳим шуд. Ғайр аз зиёд намудани фаъолнокии иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо ҳамсояи ҷанубӣ, Ӯзбекистон саъй кард, ки бобати муътадил сохтани вазъият дар Афғонистон саҳм гирад, бо ин мақсад моҳи марти соли 2018 дар Тошканд конфронси бузурги байналхалқӣ таҳти унвони «Раванди сулҳхоҳона, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва ҳамкории тарафайни минтақавӣ» бо иштироки кишварҳои пешқадам ва минтақа гузаронида шуд. 
Ҳамин тариқ, Ӯзбекистон аз  як сӯ ба сифати пешоҳанги комилҳуқуқи минтақавӣ баромад кард ва ба ҳамсояҳо пешниҳод намуд, ки масъалаҳои ҳамкории тарафайнро бо якдигар баррасӣ ва ҳаллу фасл кунанд», зикр мекунад С. Притчин. 
Бинобар суханони муаллиф дар доираи стратегияи дарозмуҳлати зикршудаи сиёсати хориҷӣ ба таъмин сохтани шароит барои пешрафту рушди иқтисодиёт аз ҳисоби дипломатияи прагматикӣ нақши назаррас дода шудааст. Барои расидан ба ин ҳадафҳо метавонанд механизмҳои зерин, аз ҷумла тезондани савдо бо шарикон аз тамоми ҷаҳон, ҷалби сармояҳо, рушди силсилаи нақлиёт истифода шаванд. Дар ин бобат низ пешрафти ҷиддӣ ба даст омад. Тараққиёти мусбат доир ба мубодилаи мол тақрибан бо тамоми шарикони тиҷоратӣ мушоҳида мегардад, вале  идомати минбаъдаи рушд қадамҳои ҷиддитарро тақозо дорад. Дигар як самти муҳими пешрафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ фаъолтар шудани гуфтушунидҳо оид ба узвияти Ӯзбекистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо гардид. Тошканд ҳамроҳ шудан ба созмони бузургтарини ҷаҳонии савдоро ҳамчун дарёфти эътирофи он ба сифати кишвари баробарҳуқуқ дар арсаи байналхалқӣ баррасӣ менамояд.
Дар хулосаи мақола муаллиф таъкид мекунад, ки ҷиҳатҳои асосии сиёсати кунунии хориҷии Ӯзбекистонро метавон бисёрҷанбагӣ, прагматизм, камзиддиятӣ ва фаъолнокӣ номид.

ОИ «Дунё», 
МАСКАВ.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: