Ӯзбекистон бо бисёр кишварҳо ва сохторҳои бузурги байналмилалӣ самарабахш ҳамкорӣ менамояд.
Аз ҷумла, шарикии бисёрҷониба бо Созмони Милали Муттаҳид бо суръати баланд инкишоф меёбад. Аз он вақте ки мамлакати мо ба узвияти баробарҳуқуқи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ дохил шуд, расо 30 сол паси сар гардид.
Дар бораи корҳое, ки Ӯзбекистон якҷоя бо Созмони Милали Муттаҳид дар давраи гузашта анҷом додааст, ба хабарнигори ӮзА раиси Кумитаи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба корҳои байналмилалӣ ва равобити байнипарлумонӣ Дилором ФАЙЗИЕВА нақл кард.
Чи хеле ки маълум аст, 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун узви нави соҳибихтиёр, баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дохил шуд. Қарор дар бораи қабули мамлакатамон ба созмон бидуни овоздиҳӣ дар иҷлосияи 46-уми Ассамблеяи Генералии СММ қабул шуд.
Имрӯз ташаббусҳои Ӯзбекистон дар доираи СММ дар корҳое, ки кишвари мо дар доираи узвият дар Шӯрои оид ба ҳуқуқи инсон амалӣ менамояд, инчунин дар миқёси ҳамкорӣ бо муассисаҳои махсус равшан инъикос ёфтааст.
Қобили таваҷҷуҳи алоҳида аст, ки дар тӯли 30 соли гузашта Ӯзбекистон узви фаъоли СММ гардид ва минбари ин созмони бонуфуз барои пеш бурдани ташаббусҳои аҳамияти ҷаҳонӣ ва минтақавии кишварамон майдони муҳим гардид.
Аз ҳама муҳимаш, ташаббусҳои ҳаётан муҳим, ки Ӯзбекистон аз минбари СММ пешниҳод менамояд, бомуваффақият ба ҳаёт татбиқ мегардад. Масалан, дар асоси ғояи Президент Шавкат Мирзиёев ба минтақаи субот, рушди устувор ва некҳамсоягӣ табдил додани минтақаи Осиёи Марказӣ 20 июни соли 2018 Ассамблеяи генералии СММ қатъномаи «Таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ ба мақсади таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ»-ро қабул гардид.
Дар асоси пешниҳоди сарвари давлатамон оид ба пайвастани фаъолонаи саъю кӯшишҳои байналмилалӣ ҷиҳати рафти оқибатҳои фоҷиавии хушкшавии баҳри Арал 27 ноябри соли 2018 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк Фонди бисёршарикии трастӣ оид ба бехатарии инсоният дар минтақаи Наздиарал таъсис дода шуд.
Мисоли дигар, бо пешниҳоди Президенти Ӯзбекистон 12 декабри соли 2018 Ассамблеяи Генералии СММ қатъномаи махсуси «Маърифат ва таҳаммулпазирии динӣ»-ро қабул кард. Ҷолиби диққат аст, ки ҳаммуаллифони ҳуҷҷати аз ҷониби Ӯзбекистон ташаббусшуда беш аз 50 кишвари Осиё, Африка ва Амрикои Лотинӣ гардиданд.
Пешниҳод дар бораи мунтазам баргузор намудани мулоқотҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби роҳбари Ӯзбекистон аз минбари баланди СММ садо дод, пурра ба ҳаёт татбиқ гардид. Чунин мулоқотҳо, ки дар тӯли се соли охир пайваста пеш бурда мешаванд, дар минбаъд васеъ гардондани ҳамкории минтақавӣ нақши муҳим мебозад. Дар мулоқотҳои машваратӣ, ки дар онҳо роҳбарони ҳамаи мамлакатҳои минтақа иштирок менамоянд, масъалаҳои мубрами марбут ба ҳаёти минтақа, ба мисли ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва нақлиётиву коммуникатсионӣ, об ва сарфаи энергия, экология ва ҳифзи муҳити зист созишномаҳои муҳим ба даст меоянд.
Чи хеле ки маълум аст, Ҳадафҳои рушди устувор барои солҳои 2015-2030, ки аз ҷониби СММ эълон шудааст, ба ҳифзи инсоният ва беҳбуди некӯаҳволии он нигаронда шудаанд. Дар мамлакати мо барои расидан ба ин мақсадҳо тактика ва стратегияи дақиқ муайян шудааст. Ҳамин тариқ, Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 вазифаи пурзӯр намудани фаъолияти давлати моро дар мақомот ва институтҳои СММ, созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавии иқтисодӣ, молиявӣ ва гуманитарӣ ба миён гузоштааст. Бо ин идома додани таҷрибаи намунавӣ оид ба васеъ пешниҳод намудани Ӯзбекистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути сохтори СММ ба назар гирифта шудааст.
Масъалаҳои ҳуқуқи инсон дар ҳамкории Ӯзбекистон бо СММ нақши алоҳида дорад. Пас аз ба Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон қабул гардидани мамлакати мо дар соли 2020 шарикӣ дар ин соҳа ба дараҷаи нав бардошта шуд. Ба узвияти ин сохтори бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шудани ҷумҳурӣ бешубҳа натиҷаи амалии ислоҳоти васеъмиқёс мебошад, ки ба таъмини пайвастаи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон дар мамлакатамон нигаронда шудааст.
Эътироф бояд кард, ки дар тӯли солҳои охир дар Ӯзбекистон оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон корҳои бузург анҷом дода шуданд. Танҳо оид ба такмил додани пойгоҳи қонунгузории соҳа беш аз 30 қонун қабул шуданд. Парлумони мо беш аз 10 созишномаи байналмилалӣ, аз он ҷумла, конвенсияҳои муҳими Созмони байналмилалии меҳнатро ба тасвиб расонд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар баромади худ дар иҷлосияи 46-уми Шӯрои оид ба ҳуқуқи инсон қайд намуд, ки масъалаи ҳуқуқи инсон минбаъд низ самти муҳими ҳамкории мо бо СММ боқӣ хоҳад монд. Пешниҳодҳои асосӣ ва ташаббусҳои Ӯзбекистон дар ин соҳа садо доданд. Ин суханони сарвари давлат бори дигар собит карданд, ки кишвари мо дар ҳифзи манфиат ва ҳуқуқи инсон аз роҳи интихобкардаи худ намебарояд ва тамоюли меъёрҳои аз тарафи умум эътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалиро фаъолона дифоъ ва тарғиб хоҳад кард.
Имрӯз ҳамкориҳои мутақобилан судманд натанҳо бо Созмони Милали Муттаҳид, балки бо як қатор муассисаҳои махсусгардондашуда, ки ба сохтори он дохил мешаванд, амиқ гардонда шудааст.
Ҳамин тариқ, кишвари мо дар ҳамкории зич бо Созмони Милали Муттаҳид дар таъмини сулҳу субот дар ҷаҳон ва минтақа саҳми муносиб мегузорад. Ӯзбекистон минбаъд низ бо ин созмони бонуфуз ва ниҳодҳои махсуси он ҳамкории пайвастаро идома хоҳад дод. Ин, дар навбати аввал, ба боз ҳам баланд бардоштани нуфузи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими сулҳу субот дар кишвар ва таъмини рушди устувори он хидмат мекунад.
Суҳбатнигор
Гузал САТТОРОВА,
мухбири ӮзА.