ӮЗБЕКИСТОН АЗ РӮЙХАТИ 5 ДАВЛАТЕ, КИ ЗИЁРАТИ ҲАҶРО ДАР САВИЯИ БАЛАНД ТАШКИЛ КАРДААСТ, ҶОЙ ГИРИФТ

Ӯзбекистон дар мавсими ҳаҷи имсола бинобар шароите, ки ба ҳоҷиён барои ибодати ҳаҷ муҳайё карда шудааст, аз сафи панҷ давлати ба дараҷаи баланд ташкилкунандаи зиёрати муқаддас ҷой гирифт.

Ин аз ҷониби Вазорати Ҳаҷи Арабистони Саудӣ низ алоҳида эътироф гардид.
Дар брифинге, ки аз ҷониби Кумитаи доир ба корҳои дини назди Девони Вазирон таҳти мавзӯи «Ҳаҷ – 2019» баргузор шуд, дар ин хусус сухан рафт.
Мувофиқи маълумоти ҷонишини якуми раиси кумита Музаффар Комилов, соли ҷорӣ 7200 нафар ҳамватанонамон аз сафари ҳаҷ баргаштанд. Аз онҳо 6 ҳазору 970 нафарашон зиёраткунандагон, 230 нафарашон аъзои гурӯҳи кории хидматрасонанда буданд. Дар чаҳорчӯбаи тайёрӣ ба мавсими «Ҳаҷ – 2019» дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд бо шаҳрвандоне, ки хоҳиши зиёрати ҳаҷро доранд, суҳбатҳо гузаронда шуданд. Ҳангоми интихоби номзадҳо ба хабар доштани онҳо аз ҳаёт ва мероси илмии Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ барин аҷдодони бузург, фаъолиашон дар корҳои ҷамоатии маҳаллаву ташкилотҳо бештар эътибор дода шуд.
Назар ба ҷамъбасти суҳбат дар миқёси ҷумҳурӣ ба 6 ҳазору 970 нафар шаҳрванд барои сафари ҳаҷ тавсия дода шуд. Аз ҷониби онҳо 14 ҳазору 326 нафар шаҳрвандони ба кӯмаки иҷтимоӣ муҳтоҷ, камтаъмин, бепарастор ба ҳомигӣ гирифта шуд. Ба онҳо ба миқдори 9,3 миллиард сӯм кӯмаки моддӣ расонда шуд. 
Дар ҳар як вилоят барои номзадҳо бо иштироки имом-хатибон, намояндагони идораи мусулмонони Ӯзбекистон доир ба тартиби адои ибодати ҳаҷ суҳбату машғулотҳо ташкил карда шуданд. 
Якҷоя бо мутасаддиёни Вазорати ҳифзи тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба зоирон бобати дар вақташ ба амал баровардани маслиҳат ва кӯмаки тиббӣ суҳбатҳо гузаронда шуданд.
– Ҷолиби диққат аст, ки имсол нархи хидмат ба ҳар як зиёраткунанда ба дараҷаи назаррас арзон карда шудааст,– мегӯяд М. Комилов. – Бо ташаббуси роҳбари давлат мувофиқи сметаи сарфу харҷи мавсими ҳаҷ маблағе, ки аз зоирон ситонда мешавад, 33 миллиону 300 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад. Ин назар ба соли гузашта 5 миллион сӯм кам мебошад. 
Пеш аз сафар ба зоирон либос ва сумкаҳои махсус, ки дар онҳо рамзҳои давлатамон акс ёфтаанд, китобчаи «Ҳаҷнома» ва воситаҳои видеоӣ супурда шуданд.
Боз як ҷиҳати муҳим – зоирони ӯзбекистонӣ бори аввал ба меҳмонхонаи панҷситорадори «Пулман замзам»-и шаҳри Мадина, ки аз «Масҷид ан-Набавӣ» 50 метр дур воқеъ аст, ҷойгир карда шуданд. Дар шаҳри Макка бошад, дар меҳмонхонаи чорситорадори «Аброҷ ал-Ҳидоя», ки аз масҷиди Ҳарам он қадар дур нест, истиқомат карданд.
Ба мақсади қабул кардани зиёраткунандагон, омода кардани меҳмонхона, ошхона, хонаи тиб ва дигар корҳои ташкилӣ 15 июли соли ҷорӣ даставвал 10 нафар аъзои гурӯҳи корӣ ба Арабистони Саудӣ фиристода шуданд. Зоирон тӯли се рӯз кӯҳи Уҳуд, «Масҷид ул-Қубо», «Масҷид ул-қиблатайн» ва дигар қадамҷойҳои муқаддаси шаҳри Мадинаро зиёрат карданд. Баъд сӯйи Макка раҳсипор шуданд.
Мувофиқи маълумоти М. Комилов, бо ҳамкории мутасаддиёни Вазорати Ҳаҷи Арабистони Саудӣ ва гурӯҳи кории Ӯзбекистон чорабиниҳои ҳоҷиёни ӯзбекистонӣ дар водиҳои муқаддаси Мино, Арофат ва Муздалифа бо тамоми қулайиҳо ба амал бароварда шуданд. Аз ҷумла, онҳо бо хӯрок, чойи гарм, нӯшокиҳои салқин ва хидмати тиббӣ таъмин карда шуданд. 
Дар водии Арофат аз ҷониби идораи мусулмонони Ӯзбекистон табрики ҳоҷиёнамон ба Президенти Ӯзбекистон хонда дода шуд.
Дар брифинг гуфта шуд, ки мавсими Умраи соли ҷорӣ аз 20 сентябр оғоз мегардад.

Ф. МИРЗАКОМИЛОВА,
мухбири ӮзА.          

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: