Ӯзбекистон аз ширкати швейтсарии Stadler хариди ду қатораро пешбинӣ намудааст.
Дар ин бора вазири нақлиёт Илҳом Маҳкамов рӯзи 30 сентябр дар ҷамъомади Сенат хабар дод.
Вай гуфт, ки ин қаторҳо дар роҳҳои оҳани Ӯзбекистон озмоиш хоҳанд шуд. Агар санҷишҳо натиҷаи хуб диҳанд, имкони харидани партяи калони қаторҳо баррасӣ карда мешавад.
Барои маълумот: 13 сентябр роҳбари Вазорати нақлиёт дар мулоқот бо раиси ширкати Stadler Rail дар кишварҳои ИДМ Александр Луфт масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобиларо баррасӣ карда буд.