ӮЗБЕКИСТОН БА АФҒОНИСТОН КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНА ФИРИСТОД

5 июни соли ҷорӣ бино бар қарори Президент Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз Ӯзбекистон дар ҳаҷми 3 ҳазор тонна гандум ба сифати кӯмаки инсонпарварӣ фиристода шуд.

Кӯмаки башардӯстона, ки барои аҳолии аз хушкигарӣ азияткашидаи Афғонистон ҷудо гаштааст, аз тариқи истгоҳи «Шӯрчӣ»-и роҳи оҳани Ӯзбекистон ба Ҳайратон расонда шуд. 
Моҳҳои охири соли 2017 ва аввали соли 2018 дар аз се ду қисми ҳудуди Афғонистон хушкигарӣ мушоҳида гаштааст. Дар натиҷа ҳосили ғалла хеле кам гаштааст. Бино бар маълумотҳо аз офати табиӣ эҳтимоли азият кашидани 2,3 миллион аҳолии Афғонистон вуҷуд дорад.
28 майи соли ҷорӣ Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ изҳор намуда буд, ки аз 34 вилояти мамлакат дар 16-тоаш хушкигарӣ ба вуҷуд омада, ҷомеаи ҷаҳонро ба кӯмаки инсонпарварӣ даъват намуда буд. Бино бар суханони ӯ, бисёр ҳавзаҳои оби мамлакат хушк гаштааст. Офати табиӣ асосан дар қисмати шимолии мамлакат ба назар мерасад.
Ӯзбекистон аз аввалинҳо ба даъвати давлати ҳамсоя ҷавоб дода, ба аҳолии давлати бародар  дасти ёрӣ дароз намуд.
Моҳи январи соли 2018 ба Афғонистон аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 25  автобус, 3 трактор ва присепҳо беподош дода шуда буд. Бо ҳамдастии мамлакатамон дар Афғонистон пул, хатҳои баландволти нақли энергия бунёд гардида, кабели наху оптикӣ, шабакаҳои таъминоти об гузаронда шуда, ин корҳо муттасил идома доранд.
Ҳайати Ӯзбекистонро роҳбари музофоти Балх пешвоз гирифт.
Дар шаҳри Ҳайратон вохӯрӣ бо иштироки намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба Афғонистон Исматулло Иргашев, роҳбари шуъбаи консулгарии Ӯзбекистон дар Мазори Шариф Миродил Абдураззоқов, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ӯзбекистон Саййид Шаҳобиддин Темурӣ ва аъзои ҳукумати ду мамлакат баргузор гардид.
Таъкид гардид, ки ҳамкории байни мамлакатҳоямон дар солҳои охир ба дараҷаи нав бардошта шуда, кӯмаки инсонпарваронаи Ӯзбекистон ба Афғонистон гувоҳи дӯстии мустаҳкам ба шумор меравад. Табодули афкор доир ба масъалаҳои мустаҳкам намудани муносибати некҳамсоягӣ ба вуқӯъ пайваст.
Якҷоя бо 3 ҳазор тонна гандум ба Афғонистон инчунин пӯшоки бачагона низ фиристода шуд.

Анора СОДИҚОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТОШКАНД – ҲАЙРАТОН – ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: