ӮЗБЕКИСТОН БА ТАМОМИ ҶАҲОН СОБИТ МЕНАМОЯД, КИ БА ҶАҲОЛАТ МЕТАВОН БО ДОНИШ ВА МАЪРИФАТ ПИРӮЗ ШУД

Бо ташаббуси Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев соли 2017-ум дар Тошканд сохтмони Маркази тамаддуни исломӣ оғоз ёфт.

Табиист, ки бисёриҳо ба мақсад ва вазифаҳои асосии маркази мазкур, ки боиси эътибори ҷомеаи ҷаҳон гардидааст, корҳое, ки ин марказ татбиқ хоҳад намуд, рағбат зоҳир мекунанд. 
Муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуриймон Абулҳасан ба хабарнигори ӮзА дар ин бора чунин гуфт:
– Ташаббуси роҳбари давлат оид ба бунёди Маркази тамаддуни исломӣ ҳодисаи муҳим гардид. Дар рӯзҳои таҷлили Иди рамазон Президенти кишвар хишти рамзии иншооти мазкурро гузошт. Ин низ моҳияти амиқ дорад. Гузаштагони мо, ки ба рушди дини ислом саҳми беназир гузоштаанд, ба пешрафти тамаддуни ҷаҳон низ мусоидат кардаанд, бар муқобили ҷаҳолат мубориза бурдаанд. Пас аз солҳои зиёд дар тамоми ҷаҳон талабот ба чунин ҷараёни маърифатӣ афзуд, – гуфт Н. Абулҳасан. – Мақсади маркази тамаддуни исломӣ дар Ӯзбекистон аз он иборат аст, ки мо мехоҳем кишварамон маркази пешқадамтарини олам, дониш ва маърифат гардад. Аз ин нуқтаи назар дар назди олимону пажӯҳишгарони мо вазифаи бағоят бузург гузошта шудааст. 
Чун сухан аз хусуси фаъолияти марказ, моҳият, аҳамият ва ҳадафҳои он меравад, лозим меояд ба мероси бебаҳову ғановатманди илмии ниёгони мо таваққуф намоем. Аз онҳо тақрибан сад ҳазор осори дастнавис ба литографӣ боқӣ мондаанд. Ғайр аз  ин бисёр осори гузаштагони маорифпарвари мо дарёфт гардиданд, ки ба муассисаҳои дахлдори илмӣ супурда мешаванд. Мо бошад, солҳои зиёд бехабар будем. Ин меросро наомӯхтем, кашфиёти гузаштагони худро ба охир нарасонидем. 
Дар ин дастнависҳо дар бораи илмҳои зиёд, аз ҷумла нуҷумшиносӣ, риёзиёт, табиатшиносӣ ва ғайра, тадқиқот дар бораи зуҳуроти оламу одам, роҳи ҳаёти инсон сухан меравад. Замоне онро халқҳои ҷаҳон низ эътироф кардаанд. Имрӯз бошад, ба назар чунин мерасад, ки мо онҳоро қадаре ба фаромӯшӣ додаем. Азбаски мероси илмиву маърифатии гузаштагони худро наомӯхтем, онҳоро ба ҳаёт татбиқ ҳам накардем. 
Ниёгони мо чӣ тарз олимони шинохта, маърифатпарварони бузург гардиданд? Зеро онҳо ғофил набуданд, вақтро беҳуда сарф намекарданд, тамоми нерӯ ва хиради худро ба дониш ва таҷрибаомӯзӣ сафарбар менамуданд. Табиист, дар ҳар куҷо, ки илм ҳаст, маърифат зуҳур мекунад. Туфайли пешрафти маърифат ҷаҳолат аз байн меравад. 
Пӯшида нест, ки дар он замонҳо низ бо табақаҳои гуногуни одамоне, ки ниқоби динӣ доштанд, мушкилот мавҷуд буд.  Вале мардум аз пайи зиёиёну олимон мерафт. Дар байни онҳо номуташаккилӣ набуд. Зиёиён ба ин роҳ намедоданд. Раванди «хидмат ба кишвар» дар ҳамон замонҳои дур зуҳур карда буд. 
Чунончӣ, Амир Темур дар даврони худ ба давлати дорои илму маърифат асос гузошт. Мадрасаҳо бунёд кард, то ки мардум асрҳо дар онҳо дониш омӯзанд. Дар ин мадрасаҳо ҳамзамон илмҳои диниву дунявӣ омӯзонида мешуданд.
Ҳақиқати таърих он аст, ки дар олам чун дар Ӯзбекистон, ки ба тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштааст, ин қадар олимон набуданд. Мо ҳақи маънавӣ дорем, ки аз ин хусус ҳарф занем, ифтихор кунем.
Дар ин ҷо бояд хотиррасон кард, ки мероси илмии ниёгони моро алҳол олимони мамлакатҳои Аврупо бо рағбати зиёд меомӯзанд. Саъю кӯшишҳои дар пояи мероси онҳо кашфиёт кардан вуҷуд дорад. Мо медонем, ки дар ин самт дар донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷ тадқиқот мебаранд.
Маркази номбурдаи маърифат, ки бо ташаббуси Президенти муҳтарам созмон дода шуд, ба ин мақсади бузург – омӯхтани мероси гузаштагон ва ба ҳаёти маънавии мо ҷорӣ кардани ғояҳои бузурги онҳо хидмат мекунад. Беш аз 200 нафар мутахассисони гуногуни ин марказ дар роҳи татбиқ сохтани ин ташаббуси нек дӯстона саъй хоҳанд кард.
Дар ин ҷо мехоҳам ёдовар шавам, ки марказ нафақат бо илмҳои динӣ машғул мегардад, вай аз ҳама ҷиҳат курагоҳи бисёрҷанбаи илм мешавад ва дар самтҳои мухталиф фаъолият мебарад. Дар ин ҷо кашфиёти интишорнаёфтаи гузаштагони мо, дастнависҳояшон, тадқиқоти олимоне, ки дар пешрафти илмҳои асосӣ саҳми бебаҳо гузоштаанд, омӯхта мешаванд. 
Мо он қадар зиёд адабиётҳои таърихӣ, мақолаҳои илмӣ, дарёфтҳое дорем, ки алҳол ҷамъ овардани онҳо, созмон додани сохтори муназзами мероси гузаштагонамон вазифаи муҳимтарин ба шумор меравад. Бинобар ҳамин дар марказ осорхона ҳам бунёд меёбад. Ҳар кадом сайёҳе, ки ба ин ҷо омадааст, метавонад тасвири тамоми ҷойҳои ёдгорӣ ва муқаддаси Ӯзбекистонро тамошо кунад. 
Дар марказ ҳар рӯз суҳбатҳои «мизи мудаввар», конфронсҳои илмӣ баргузор хоҳанд шуд. Дар бораи дарёфтҳои нав мунтазам маълумот пешкаш карда мешаванд. Яъне кашфиётҳои наве, ки гузаштагони мо амалӣ кардаанд, боз ҷаҳонро ба ҳайрат меоваранд. 
Бешубҳа, чунин навгониҳои аҷиб боиси эътибори ҷомеаи ҷаҳон ба Ӯзбекистон мегардад, ин бошад, дар навбати худ ба рушди сайёҳӣ дар мамлакати мо саҳми бузург мегузорад. Агар тамоми осори нодир, бозёфтҳои таърихии кишвари моро ба як ҷо ҷамъ оварем, мардумони тамоми олам ба Маркази тамаддуни исломӣ рӯ хоҳанд овард. Ҳатто инсоне, ки ба илм чандон рағбат надорад, аз ин ҷо барои худ чизи муфидеро пайдо карда метавонад, рӯҳан ғанӣ мегардад, беҳтар мешавад.
Дар боло мо аз хусуси тақрибан 100 ҳазор дастнавис ва осори литографӣ сухан рондем. Тӯли 2-3 сол бо ташаббуси роҳбари давлат боз садҳо дастнавис ба Ватан баргардонида шуданд. Агар дастнависҳои мазкурро амиқ таҳлил намоем, метавон дид, ки онҳо ба илмҳои фундаменталӣ тааллуқ доранд, инҳо нақшаҳо, машқҳои риёзӣ, маълумот дар бораи олами ҳайвонот ва инсон мебошанд. Барои омӯхтани онҳо мо дар Маркази тамаддуни исломӣ тамоми шароитҳоро фароҳам меоварем.
Дар ин ҷо боз бояд ба як масъалаи муҳим эътибор дод. Набояд даст болои даст гузошта, аз хусуси мавҷудияти тамоми шароит, имкониятҳои васеъ ва олимон лоф зад. Мо бояд миқёси корҳоро вусъат диҳем, бобати омӯзонидани ҷавонон чораҳо андешем. Муҳаққиқон бояд аз омӯзгорони оид ба мероси бузурги илмӣ дониш омӯзанд. Дигар вақти мавқуфгузорӣ нест, зеро силсила аз байн меравад.
Ҳоло бо истифода аз шароит ва имкониятҳои замонавӣ вазифаи мо аз он иборат аст, ки ин осорро дар пояи илмӣ омӯзем, кашфиётҳоеро, ки солҳои тӯлонӣ дар ҷевонҳои китоб хобида буданд, интишор кунем. Алҳол ҷаҳон маҳз инро аз мо интизор аст. Зеро имкониятҳои илмии мо маълуманд. Бешубҳа, маркази номбурда бояд ин эътимодро сафед кунад.
Мо ба олам аз тариқи ин марказ чиро мехоҳем собит кунем? Мо мехоҳем бигӯем, ки олимони Ӯзбекистон на фақат дар улуми динӣ, балки дар риёзиёт, тиб, нуҷумшиносӣ, табиатшиносӣ ва ғайра низ беҳтарин буданд.
Маркази мазкур дар омӯзиши мероси ниёгон, таърихи ғановатманди кишвари мо чун мино хидмат хоҳад кард. Ҷараёни илмиву эҷодӣ дар ин ҷо бояд фаъол шавад, то боиси  эътибори ҷомеаи ҷаҳон гардад.
Бинобар ифодаи Президенти мамлакати мо дар ояндаи наздиктарин мо дар назди олам боз ба сифати манбаи илму маърифат падидор мегардем. Ворисони ҳамватанони бузурги мо, аз ҷумла Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Абу Алӣ ибни Сино, Мирзо Улуғбек, Муҳаммад Хоразмӣ, Маҳмуд Замахшарӣ бори дигар Ӯзбекистонро дар тамоми ҷаҳон шуҳратёр мекунанд. Онҳо собит менамоянд, ки ба ҷаҳолат танҳо ва фақат бо донишу маърифат метавон пирӯз шуд.

Мусоҳиб 
Улуғбек АСРОРОВ, хабарнигори ӮзА.      
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: