ӮЗБЕКИСТОН БА ВАЗИФАИ МУОВИНИ РАИСИ РАЁСАТИ СЕССИЯИ 74-УМИНИ АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ СММ ИНТИХОБ ГАРДИД

4 июни соли 2019 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк ҷамъомади умумии 73-юми Ассамблеяи генералии СММ баргузор гардид.

Зимни ҷамъомад Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори  аввал ба вазифаи муовини раиси сессияи 74-умини ояндаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид интихоб гардид.
Намояндаи Ӯзбекистон барои иҷрои вазифа аз моҳи сентябри соли 2019 оғоз менамояд ва ба раиси Ассамблеяи генералӣ дар бобати роҳбарӣ намудани фаъолияти мақомоти мазкур то пӯшидашавии он, яъне то моҳи сентябри соли 2020 ҳамдастӣ мекунад.
Бояд таъкид кард, ки Ассамблеяи генералӣ мақомоти машваратии асосии СММ мебошад, ки дар он тамоми давлатҳои аъзои Созмон намоянда доранд. Мақомоти мазкур масъулияти таъмини сулҳ ва бехатарӣ, халъи силоҳ, инкишоф, маҳвсозии камбизоатӣ ва ҳамчунин ҳимояи ҳуқуқи инсон ва муҳити зистро дорад. Он чун намояндагии бонуфуз ва муҳими мақомоти СММ ба шумор рафта, таҷассумгари анҷумани нодири давлатҳои аъзо буда, Ассамблеяи генералӣ масъалаҳои доманфарохи байналхалқиро баррасӣ менамояд ва дар заминаи онҳо қарорҳо қабул мекунад.
Дар қатори Ӯзбекистон ба вазифаи муовинии раёсати Ассамблеяи генералии 74-уми СММ намояндагони чунин мамлакатҳо мисли Индонезия, Уммон, Сингапур, Туркия, Хорватия ва дигарон интихоб гардиданд.
Маросими кушодан ва пӯшидани ҷамъомадҳои умумии Ассамблеяи генералӣ дар давраи ҳузур надоштани раиси он, роҳбарии музокирот дар сессияҳои умумӣ, нигоҳдории низом дар ҷамъомадҳо, аз он ҷумла, пешбарӣ намудани сухан ба давлатҳои аъзо, ба овоздиҳӣ гузоштани масъалаҳо ва ҳамчунин эълони қарорҳо доир ба онҳо ба доираи асосии ваколати он дохил мегарданд.
Ба чунин вазифаи бонуфузи СММ интихоб гардидани Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сиёсати хориҷии роҳбарияти Ӯзбекистон, ки ба мустаҳкамсозии муҳити дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар минтақа ва ҷаҳон, таъмини бехатарӣ ва суботнокии байналхалқӣ ва ҳамчунин рушди устувор нигаронда шудааст, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ва роҳбарияти СММ комилан дастгирӣ мегардад.

АИ «Дунё»,
НЮ-ЙОРК.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: