ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО МАЙДОН ФАРОҲАМ ОВАРД

  • ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО МАЙДОН ФАРОҲАМ ОВАРД
  • ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО МАЙДОН ФАРОҲАМ ОВАРД

Маҷмааи миллии намоишгоҳҳои “Ӯзэкспомарказ” бештар аз 700 ширкати тавлидотиву тиҷоратӣ ва ҳайатҳоро ба намояндагӣ аз доираҳои корчаллонию соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Арманистон, Белорус ва як қатор кишварҳои дигарро пазируфт.

Дар ин ҷо Намоиши байналмилалии саноатии “INNOPROM” —   “Осиёи Марказӣ: майдони кашфиёти технологӣ” ифтитоҳ ёфт.
Дар маросими ифтитоҳи он ноиби нахуствазир, вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати берунаи Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов афзуд, ки ин майдони кашфиёт мусоидат хоҳад кард, ки дар миёни ширкатҳо ва соҳибкорони минтақа ва берун аз он ҳамкориҳои доманфарох ва манфиатбахш ба роҳ монда хоҳад шуд. Гузашта аз ин, намоишгоҳ дар кашфи технологияҳои навтарин, имзои созишномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои кооператсияи саноатӣ ҳамчун омили муҳим хидмат хоҳад кард. 
– Шояд иштирокчиёни ин намоишгоҳ дар хотир доранд, ки як сол пеш чунин намоишгоҳро роҳандозӣ карда будем ва дар он намояндагони ҳукуматӣ, роҳбарони корхонаҳои бузург ва вакилони доираҳои соҳибкорӣ ширкат намуданд. Ин ҷо  маҳсулоти намоишии соҳибкорони зиёдро бештар аз даҳ ҳазор нафар тамошо карданд. Натиҷа нишон дод, ки маблағи умумии сармоягузорӣ, имзои қарордодҳои содироту воридот ҳудуди  3,2 миллиард долларро ташкил мекунад, – изҳор намуд Сардор Умурзоқов
Тавре ки ноиби нахуствазир тазаккур дод, Намоишгоҳи дуюм ба таъсиси платформаи солонаи ҳамкориҳои саноатии минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсояи он нигаронида шудааст.
Дар рӯзи аввали ин намоишгоҳ вазирон, сардорони идораҳо, ҳокимони вилоятҳо низ иштирок карда, бо ҳамтоёни худ самтҳои гуногуни ҳамкориро баррасӣ намуданд. Агар ба феҳрасти мулоқотҳо ва имзои санади ҳамкориҳо назар кунем, мебинем, ки ин майдон то чӣ андоза вазифаи худро сарбаландона иҷро мекунад. 
Имзои созишномаи миёни Омск ва Ҷиззах татбиқи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва хориҷӣ дар бахшҳои савдо-иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин Харитаи роҳ барои солҳои 2022-2023 оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро мадди назар дорад.
Дар заминаи баргузории ин намоишгоҳ ноиби раиси Гурӯҳи ширкатҳои ECOLOS Артём Тонян ва директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии «ӮзЭнергоТамир» Ҷӯрабек Соҳибов  дар мавриди имзои созишнома оид ба лоиҳакашӣ ва сохтмони иншооти тозакунандаи об ва иншооти тозакунандаи обҳои саноатӣ дар қаламрави Ӯзбекистон табодули назар карданд.
Дидору мулоқот ва табодули афкор соҳаи тибро низ дар канор нагузошт. Бо имзои як меморандум ба оғози тадбирҳои амалӣ оид ба таҳияи лоиҳаи истеҳсол ва таъминоти доруҳои ҳаётан муҳими инсулин асос гузошта шуд. Роҷеъ ба Созишномаи ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи сохтмони корхонаи фармасевтӣ оид ба истеҳсоли доруҳои зидди бемории саратон дар Ӯзбекистон мубодилаи афкор ба вуқӯъ пайваст.
Дар ин намоишгоҳ аз Тоҷикистон таҳти сарварии вазири саноат ва технологияи нав Шералӣ Кабирӣ як ҳайати густурда ширкат дорад. Дар байни онҳо роҳбарони корхонаҳои бузурги саноатӣ ва намояндагони доираҳои соҳибкорӣ шомиланд. Дар павилёни “Тоҷикистон – мамлакати энергияи сабз” маводу маҳсулоти гуногуни соҳибкорони тоҷик ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Дар маросими ифтитоҳӣ Шералӣ Кабирӣ гуфт, ки аз иштирок дар он кишвараш манфиатдор мебошад. Вай афзуд, ки ба воситаи маҳсулоти намоишии худ онҳо нишон хоҳанд дод, ки Тоҷикистон дар кадом сатҳи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қарор дорад. 
– Омори расмии ИДМ эълон кард, ки рушди саноати Тоҷикистон дар ду соли охир 20 фоизро ташкил мекунад. Ҳоло мо талош мекунем, ки дар панҷ сол рушди саноати Тоҷикистон ба ду карат афзоиш ёбад, – қайд намуд Шералӣ Кабирӣ.
Иштироки 5 намоишгоҳи миллӣ (Ӯзбекистон, Белорус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон), 8 стенди ҷамоавии вилоятҳои Русия низ ба нақша гирифта шудааст.
Кори дигаре, ки дар доираи лоиҳаи махсуси «Донишгоҳи ИННОПРОМ» барои мутахассисони ҷавон ва донишҷӯён пешбинӣ шудааст, хондани лексияҳо мебошад. 
Намоишгоҳ то 27 апрел давом мекунад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Суратгир: Р.ГАЛЕЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: