ӮЗБЕКИСТОН – БЕЛОРУС: ЗАМОНИ КОРҲОИ АМАЛӢ ОИД БА РУШДИ МИНБАЪДАИ ҲАМКОРӢ

Тавре ки пештар хабар дода будем, бино бар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко 12 сентябр бо сафари расмӣ ба кишвари мо омад.

Чорабиниҳои асосии сафар 13 сентябр дар қароргоҳи Кӯксарой баргузор шуданд.
Пас аз маросими истиқболи расмӣ Шавкат Мирзиёев ва Александр Лукашенко дар доираи танг гуфтушунид карданд.
Президенти мамлакати мо меҳмони олиқадрро дар сарзамини Ӯзбекистон хайрамақдам гуфта, зикр сохт, ки Ӯзбекистон ва Белорус дӯстони самимӣ ва ҳамкорони боэътимод ба шумор мераванд.
– Дар вохӯрии мову Шумо, ки соли 2016 дар Самарқанд ба вуқӯъ пайваста буд, мо аҳд карда будем, ки муносибатҳои байнидавлатиро ҳамаҷониба мустаҳкам мекунем. Ду соли охир ҳамкориҳои байни кишварҳоямон бо суръатҳои баланд инкишоф меёбанд. Афзоиши ҳаҷми мубодилаи тарафайни мол бинобар натиҷаи соли 2017-ум беш аз 60 фоизро ташкил дод. Моҳҳои январ–июли соли равон бошад, қариб чаҳор баробар афзуд. Ин шаҳодати мавҷуд будани имкониятҳои зиёди ҳамкориҳои тарафайни мо ба шумор меравад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президенти Белорус ба роҳбари давлати мо барои даъваташ ба Ӯзбекистон миннатдорӣ баён кард. 
– Ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Шумо амалӣ мешаванд, сазовори баҳои баланд мебошад, – гуфт Александр Лукашенко. – Шумо ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар сиёсати хориҷӣ тағйироти бузургро амалӣ менамоед. Мо тайёрем дар тамоми соҳаҳое, ки ба онҳо ҳар ду ҷониб рағбат доранд, ҳамкорӣ кунем ва мубодилаи таҷриба намоем. 
Алҳол муносибатҳои ӯзбекистониву белорусӣ дар рӯҳи дӯстӣ ва шарикӣ инкишоф меёбанд. Тӯли солҳои гузашта мамлакатҳои мо ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷанба ҳамкориҳои пурмаҳсулро ба роҳ монданд. Қаробат ва робитаҳои қарини байни халқҳои мо барои пешрафти минбаъдаи муносибатҳо ва дастгирии тарафайн дар соҳати гуногуни байналхалқӣ асоси мустаҳкам фароҳам меоваранд.
Президентҳо доираи зиёди масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки мулоқоти сиёсиро мустаҳкам кунанд, ҳамкориҳои амалии тарафайнро дар соҳаҳои гуногун мунтазам инкишоф диҳанд.
Дар гуфтушунидҳои таркиби васеъ бо иштироки ҳайати расмӣ масъалаҳои диверсификатсия ва вусъати минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Ӯзбекистон ва Белорус, таҳкими шарикӣ бо назардошти сохторҳои муфиди иқтисодии ду мамлакат баррасӣ гардиданд.
Зикр шуд, ки муносибатҳои ӯзбекистониву белорусӣ бинобар тамоми самтҳо фаъолтар шуданд.
Моҳи августи соли равон дар Тошканд ҷамъомади Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Белорус бомуваффақият баргузор шуд.
Дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мошинсозӣ, дорусозӣ, саноати сабук ва саноати озуқаворӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ғайра лоиҳаҳои муштарак татбиқ мегарданд. Алоқаҳои байни доираҳои корчаллон ва корхонаҳои бузурги ду мамлакат мустаҳкам мешаванд.
Тӯли ду моҳи охир намояндагони тамоми минтақаҳои кишвари мо ба Белорус рафта, бо шарикони худ робитаҳои қаринро ба роҳ монданд.
Ҷонибҳо бинобар рушди пешомадноки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ, нақлиёту коммуникатсия ва маданиву инсонпарварӣ мубодилаи афкор карданд. 
Президентҳо  манфиатдории худро аз вусъат додани ҳамкориҳои амалӣ, дар ин бобат мавҷуд будани захираҳои зарурии зеҳнӣ, технологӣ ва ғайра, ҳамчунин, аз ҳама муҳимаш, саъю кӯшиши дуҷонибаро қайд намуданд.
Ба комиссияҳои байниҳукуматӣ супурда шуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро барои зиёд кардани ҳаҷми савдои тарафайн ва солҳои наздиктарин то ба 1 миллиард доллар расонидани нишондиҳандаҳои он таъмин кунанд.
Дар бораи вусъати минбаъдаи алоқаҳои байниминтақавӣ, инкишоф додани кооператсия дар саноатҳои мошинсозӣ, бофандагӣ, озуқаворӣ, соҳаҳои чорвопарварӣ, коркарди маҳсулоти меваву сабзавот, дорусозӣ, истеҳсоли маводи сохтмон ва ҷанбаҳои дигар муоҳидаҳо ба имзо расиданд. Зарурати ба роҳ мондани корхонаҳои муштарак ва ба бозори кишварҳои саввум баровардани маҳсулоти онҳо таъкид шуд.
Масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ барои татбиқ намудани лоиҳаи сохтмони нирӯгоҳи барқии атомӣ дар Ӯзбекистон муҳокима гардид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ муносибатҳои шарикиро дар соҳаҳои маданиву инсонпарварӣ мустаҳкам намоянд.
Мувофиқи натиҷаи гуфтушунидҳо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко ба Изҳороти муштарак имзо гузоштанд.
Дар доираи сафар 19 ҳуҷҷат, аз ҷумла муоҳида ва шартномаҳо дар бораи низоми кӯмак ба савдои тарафайн, ҳифзи моликияти саноатӣ, кӯмаки тарафайн дар соҳаи гумрук, ҳамкории тарафайн дар соҳаҳои илму технология, хоҷагии қишлоқ, нигаҳдории тандурустӣ, тиб, таълими олӣ, фарҳанг ва ғайра имзо гардиданд.
Қабул шудани Шартномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкориҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар солҳои 2019-2023 ва дастур барои татбиқи он аҳамияти бахусус муҳим дорад. 
Таъкид шуд, ки дар доираи барномаи кории сафар дар ҳаҷми зиёда аз 230 миллион доллар қарордод ва муоҳидаҳои нав имзо гардиданд. 
Дар вохӯрӣ бо намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ сарони давлатҳо таъкид намуданд, ки гуфтушунидҳо дар рӯҳи ошкоро ва эътимоди тарафайн гузаштанд, самара аз натиҷаи онҳо дарозмуҳлат ва фарогир хоҳад буд.
Президент Шавкат Мирзиёев зикр намуд, ки аввалин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Белорус дар 24 соли охир таърихӣ шуд ва барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои муфиди тарафайн такони пурқувват бахшида, муносибатҳои ӯзбекистониву белорусиро ба дараҷаи нави беш аз пеш баланд мебардорад.
Президенти Белорус таъкид кард, ки сафар саъю кӯшиши ҳар ду кишварро барои ҳамкорӣ, манфиатдории онҳо аз пешрафт ва таҳкими муносибатҳои дарозмуҳлату муфиди тарафайн намоиш дод.
Худи ҳамон рӯз Президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Александр Лукашенко намоишгоҳи «Сохти Белорус»-ро, ки дар Ӯзэкспомарказ кушода шуд, тамошо карданд. 
Дар намоишгоҳ зиёда аз 150 корхонаҳои Белорус маҳсулот ва хидматҳои худро ба намоиш гузоштанд. Онҳо комёбиҳои кишвари худро дар соҳаҳои мошинсозии кишоварзӣ, фулузот, саноатҳои кимиёвӣ, озуқаворӣ, бофандагӣ, истеҳсоли техникаи маишӣ, тиб, таълим ва ҷанбаҳои дигар муаррифӣ менамоянд.
Александр Лукашенко ба Президенти мо дар бораи имкониятҳои иқтисодиёти Белорус ва соҳаҳои асосии он маълумот дод. 
Шавкат Мирзиёев бо вакилони корхонаҳо ва доираҳои корчаллони Белорус ҳамсуҳбат шуд. Ба шахсони масъули Ӯзбекистон бинобар инкишоф додан ва амиқ сохтани кооператсияи байни корхонаҳои саноатӣ ва минтақаҳо супоришҳои мушаххас дод.
Сарони давлатҳо муҳимияти вусъат додани шарикии дуҷонибаро дар соҳаҳои технологияҳои олӣ, аз ҷумла аз тариқи ба роҳ мондани ҳамкориҳои муфиди тарафайни байни марказҳои инноватсионӣ ва хиёбонҳои техникии ду мамлакат, ҳамчунин татбиқ намудани лоиҳаҳои муштарак бинобар истеҳсоли маҳсулоти рақобатбардорро таъкид карданд.
Президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Александр Лукашенко ҳамчунин дар кушоиши корхонаи муштараки «Амкодор – Агротехмаш», ки дар ҳудуди Заводи техникаҳои кишоварзии Тошканд бунёд шудааст, иштирок карданд. 
Ин лоиҳаи арзишаш 33 миллион доллар дар солҳои 2018-2021 татбиқ хоҳад шуд. Дар давраи аввалини он, ки имрӯз ба он оғози расмӣ дода шуд, 12 намуди экскаваторҳои бинокорӣ ва кишоварзӣ истеҳсол карда мешаванд. Дараҷаи хусусигардонӣ дар соли 2019-ум то ба 22 фоиз ва дар соли 2022-ум ҳадди ақал то ба 50 фоиз расонида хоҳад шуд.
Роҳбари давлати мо зарурияти вусъат додани номгӯй ва баланд бардоштани дараҷаи ҳудудикунонии маҳсулотро қайд намуд. Таъкид кард, ки Ӯзбекистон барои ба кишварҳои минтақаи мо расонда додани техникаҳои кишоварзӣ мавқеи мусоид дорад.
Дар худи ҳамин ҷо намоиши аввалин экскаваторҳое, ки аз конвейери корхонаи муштарак баромаданд, намоиш дода шуд.
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко идома дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: