ӮЗБЕКИСТОН БОРИ ДИГАР БА КОНВЕНСИЯ ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК СОДИҚ БУДАНИ ХУДРО СОБИТ КАРД

31 август – 1 сентябр дар доираи сессияи 91-уми Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки СММ баррасии Маърӯзаи панҷуми даврии Ӯзбекистон оид ба иҷрои қоидаҳои Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ба амал омад.

Конвенсияи оид ба ҳуқуқи кӯдак 20 ноябри  соли 1989 қабул шуда, 196 кишвари ҷаҳон узви он мебошанд. Ӯзбекистон ба ин ҳуҷҷат 9 декабри соли 1992 ҳамроҳ шуд.
Аввалин маърӯзаи миллии Ӯзбекистон дар бораи иҷрои қоидаҳои КҲК моҳи октябри соли 2001, дувумӣ  – моҳи майи соли 2006, маърӯзаҳои якҷояи сеюм ва чорум – моҳи майи соли 2013 баррасӣ шуда буданд.
Кумитаи оид ба ҳуқуқи кӯдак аз ҷониби ҳамаи давлатҳои иштирокдор иҷро шудани қоидаҳои Конвенсияро назорат мекунад. Аъзои он 18 нафар коршиносони мустақил мебошанд, ки ба сифати шахсӣ фаъолияти худро амалӣ мекунанд, яъне онҳо ҳукуматҳои худро намояндагӣ намекунанд.
Ҳайати Ӯзбекистонро намояндагони Маркази миллии ҳуқуқи башар, Суди олӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ, таълими халқ ва Кумитаи давлатӣ оид ба корҳои оила ва занон намояндагӣ карданд.
Мулоқот дар вазъияти конструктивӣ гузашт. Аъзои КҲК ва сохторҳои ҳуқуқи башари байналмиллалӣ нишон доданд, ки дар бораи ислоҳоти амиқи соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию ҳуқуқии дар Ӯзбекистон татбиқшаванда хуб хабар доранд.
Дар рафти чорабинӣ, ки 2 рӯз давом кард, аъзои КҲК оид ба татбиқи қоидаҳои Конвенсияҳо ва қабули асосҳои дахлдори қонунгузорӣ худуди 200 савол доданд.
Ҷониби Ӯзбекистон ба суолҳо посухҳои ҳамаҷониба дода, ҳамчунин доир ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла чораҳо оид ба таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак, ҷорӣ намудани тамоюли адолати судӣ ба кӯдакон, пешгирии поймолкунии ҳуқуқи кӯдакон, таъмини ҳуқуқи кӯдакон ба зиндагӣ ва тарбия дар оила, таъмини ҳуқуқ ба таълим, дастрасӣ ба кӯмаки ихтисосноки тиббӣ, пешгирии меҳнати кӯдакон ва ғайра маълумоти муфассал дода шуд. 
Умуман коршиносони байналмиллалӣ ба саъю кӯшиши давлат бобати пешбурди ҳуқуқи кӯдакон дар кишвар баҳои баланд дода, ба ҷониби Ӯзбекистон барои хусусияти ҳамаҷонибаи маърӯзаи пешниҳодшуда, мундариҷа ва пуррагии он, инчунин муносибати ошкоро ва созанда дар тамоми рафти муколама миннатдории самимӣ изҳор намуданд. 

АИ «Дунё»,
шаҳри ЖЕНЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: