Ман қабул гардидани Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ»-ро воқеаи таърихӣ меҳисобам, зеро ба ин асосҳо дорам.
Ман қабул гардидани Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ»-ро воқеаи таърихӣ меҳисобам, зеро ба ин асосҳо дорам. Кушодадилии динӣ барои беш аз пеш мустаҳкам кардани ҳамраъии байнимиллӣ ва ваҳдати конфесияҳо хидмат мекунад. Бояд гуфт, ки муносибати байни динҳо ин муносибати байни инсонҳост. Зеро дини ислом танҳо барои некӯӣ хидмат кардааст. Барои дарки ин ба суханони зерини роҳбари давлатамон муроҷиат кардан бамаврид аст:
– Дини муқаддаси мо минбаъд низ, сарфи назар аз миллат ва забонҳо ҳамчун воситаи ягонагии халқ, барои покизагии маънавӣ, оромиву осоиштагии одамон, некӯиву кушодадилӣ, ҳурмату эҳтироми байниҳамдигарӣ хидмат хоҳад кард, – мегӯяд Президент Шавкат Мирзиёев.
Дар Ӯзбекистон, ки алҳол дар тамоми соҳаҳо ҳамчун кишвари рӯшод дар майдони сиёсии ҷаҳон мақоми муносиби худро пайдо мекунаду дар он озодии маърифат, дин ва виҷдон таъмин шудааст, намояндагони беш аз 130 миллат ва халқиятҳо дар вазъи ҳамҷиҳатӣ, дӯстиву бародарӣ зисту зиндагонӣ мекунанд.
Аз ҳама муҳимаш, дар натиҷаи сиёсати инсонпарварона дар мамлакатамон новобаста аз миллат ва эътиқоди диниашон ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон баланд қадр карда мешавад.
13 фоизи депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ, 8 фоизи Сенат аз ҷумлаи намояндагони миллатҳои дигар мебошанд. Онҳо дар қабул кардани қонунҳое, ки ба пешрафти кишвар ва фаровонҳолии аҳолӣ хидмат мекунанд, фаъол иштирок менамоянд. Дар палатаи поёнӣ ба мустаҳкам кардани робитаҳои дӯстии байнимиллӣ эътибори махсус дода мешавад. 30 июл дар Ӯзбекистон Рӯзи дӯстии халқҳо эълон гардид ва дар ин бобат қонун қабул шуд, ки исботи гуфтаҳои болоист.
Алҳол дар комёбиҳое, ки Ӯзбекистон муваффақ мегардад, вакилони тамоми миллатҳое, ки дар ин ҷо буду бош доранд ва бо меҳнати ҳалол, фаъолияту эҷодиёти худ ба дигарон намуна мешаванд, саҳми муносиб зам менамоянд. Дар мактабҳои мамлакат ба бачагон бо 7 забон таълим дода мешавад. Намоишҳои телевизионӣ ва барномаҳои радиоӣ бо 12 забон тайёр, рӯзномаву маҷаллаҳо ба 10 забон нашр мегарданд. Солҳои охир 150 нафар намояндагони миллатҳои мухталиф бо мукофотҳои олии давлат – ордену медалҳо қадр карда шуданд. 5 нафари онҳо сазовори унвони баланди Қаҳрамони Ӯзбекистон гардиданд.
Ӯзбекистон аз ҷумлаи давлатҳоест, ки барои рушди кушодадилии байни динҳо саҳми сазовор мегузорад. Дар Ӯзбекистони нав инкишоф додани кушодадилӣ ва маданияти инсонпарварӣ, таъмин сохтани ҳамҷиҳатии байнимиллӣ ва байнидинӣ, ҳамраъии шаҳрвандон дар ҷамъият ба сифати сиёсати устувор муайян шудааст. Қабул гардидани қонуни мазкур корҳои ин самтро ба зинаи нав мебардорад. Қонун бозтоби нави сиёсати бузурги инсонпарвариест, ки дар мамлакат татбиқ мегардад. Мақсад аз қабули қонун онро ба Ҳуҷҷати байналхалқӣ дар бораи шаҳрвандон ва ҳуқуқҳои сиёсии онҳо, ки соли 1966 қабул шудааст, ҳамоҳанг кардан, ба баъзе мафҳумҳои диние, ки ҳангоми истифодаи ҳуҷҷатҳо мушкилӣ пеш меоваранд, равшанӣ андохтан, дақиқ муайян сохтани ҳуқуқ ва ӯҳдадории созмонҳои динӣ ва аз ин тариқ таъмин кардани кафолати фаъолияти онҳо, таъсис додани ташкилотҳои динӣ ва содда намудани тартиби аз рӯйхати давлатӣ гузаронидан, асоснок сохтани сабаби аз рӯйхати давлатӣ нагузаштани онҳоро ба инобат гирифтааст.
Аз ҳама муҳимаш, қонун ба беш аз пеш такмил додани озодии виҷдон ва муносибатҳои вобаста ба ташкилотҳои динӣ, пешгирӣ намудани нофаҳмиҳое, ки ҳангоми истифодаи онҳо ба миён меоянд, хидмат мекунад.
Наврӯз РӮЗИЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.