Дар байни давлатҳое, ки Ӯзбекистон беш аз ҳама электромобил ворид кардааст, Чин дар ҷои аввал қарор дорад.
Дар моҳҳои январ-июли соли 2024 Ӯзбекистон аз хориҷа 10542 электромобил бо арзиши 156 миллион доллари амрикоӣ импорт кардааст.
Бино ба маълумоти Агентии омор Чин дар миёни кишварҳое, ки дар 7 моҳ ба Ӯзбекистон бештар электромобил ворид кардаанд, дар ҷои аввал аст.
Ин нишондиҳанда чунин аст:
Чин – 10477-то;
Гонконг - 14-то;
Олмон – 11-то;
АМА – 10-то.