ӮЗБЕКИСТОН ДАР НОҲИЯИ СПИТАМЕНИ ТОҶИКИСТОН МАКТАБ БУНЁД МЕКУНАД

Тибқи созишномаи байниҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар деҳаи навбунёди шаҳраки Спитамени ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон мактаби нави замонавӣ бунёд хоҳад шуд, ки айни ҳол корҳои сохтмонӣ ва омода намудани мавзеи сохтмон барои бунёди таҳкурсии мактаб оғоз шудааст.

Бино бар иттилои масъулин аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамени ҶТ,  мактаби нав барои 630 хонанда дар як баст дар масоҳати умумии бештар аз 2 гектар сохта шуда, он аз таҳхона ва се ошёнаи таълимӣ, инчунин ошхона, толор ва майдончаи варзишӣ иборат хоҳад буд. Анҷоми корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимии мазкур соли оянда пешбинӣ гардидааст. 
Дар ин замина  раиси ноҳияи Спитамен Акрам Сулаймонзода аз мавзеи мактаби нав, ки аз ҷониби  Ӯзбекистон бунёд мешавад, боздид намуда, бо сохтмончиёни Ӯзбекистон мулоқоти судманд намуда, баён дошт, ки маҳз ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон  муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои ду давлати ба ҳам дӯсту бародар ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, ҳамкориҳо дар ҳамаи соҳаҳо бомаром рушд мекунанд. 
Ҳамзамон, зикр гардид, ки дар шаҳраки навбунёди Спитамени ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳия соли 2010 барои 2700 оила зиёда аз 355 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуда, то имрӯз дар қитъаҳои заминҳои ҷудошуда зиёда 1200 хонаи истиқоматӣ бунёд гардидааст ва зиёда аз 800 оила дар манзилҳои нав зиндагӣ мекунанд. Баъди пурра бунёд шудани хонаҳои истиқоматӣ дар ин мавзеъ 18 ҳазор шаҳрвандон иқомат намуда, тибқи нақшаи генералӣ ҳамчунин давоми чанд соли наздик бунёди Қасри фарҳанг, Маркази саломатӣ, беморхона, варзишгоҳ, 3 кӯдакистон, 3 мактаб ва дигар иншооти иҷтимоӣ дар назар аст. 

Абдуаҳад ШАРИФЗОДА,
Вилояти СУҒД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: