Ӯзбекистон дар озмуни қироати Қуръони Карим дар Урдун ширкат мекунад

Аз 11 то 17 апрели соли 2023 дар шаҳри Аммон, пойтахти Урдун Озмуни ХХХ байналмиллалии қироати Қуръони Карим баргузор мешавад.

Мусобиқа таҳти сарпарастии шоҳи Урдун баргузор мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Идораи мусалмонони Ӯзбекистон, дар ин ҳамоиш кишвари моро донишҷӯи Донишкадаи исломии Тошканд Ҳабибуллоҳ қорӣ Олимҷонов намояндагӣ мекунад.

Аз рӯи қоидаҳои озмун ширкаткунандагон бояд Қуръонро аз ёд донанд ва бо риояи қоидаҳои таҷвид онро бихонанд.

Озмун дар Урдун яке аз мӯътабартарин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад ва дар ин ҷо беҳтарин қориёни Қуръони Карим аз 43 кишвари ҷаҳон ҳунарнамоӣ мекунанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: