Ӯзбекистон дар рейтинги ҷаҳонии суръати интернети мобилӣ боло рафт

Мувофиқи маълумоти Speedtest Global Index Ўзбекистон дар рейтинги ҷаҳонии суръати интернети мобилӣ боло рафт.

Моҳи марти соли 2023 кишвар бо суръати интернети мобилии 17,8 Мбит/с 7 зина боло рафта, ба ҷойи 112-ум баромад. Ҳамин тавр, ҷумҳурӣ натиҷаҳои худро назар ба давраи гузашта хеле беҳтар кард.

Дар рейтинги интернети статсионарӣ Ўзбекистон ҷои 91-умро (47,4 Мбит/с) нигоҳ дошт.

Суръаттарин интернети хонагӣ дар Сингапур (235,4 Мбит/с), мобилӣ дар Аморати Муттаҳидаи Араб (178,2 Мбит/с) сабт шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: