Ӯзбекистон аз соли 2011 ба ин сӯ 13 зина боло рафт ва дар Индекси шукуфоӣ дар байни 167 кишвари ҷаҳон дар ҷои 100-ум қарор гирифт. Дар ин бора маркази таҳлилии Legatum хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷумҳурӣ дар сармояи иҷтимоӣ нишондиҳандаҳои хуб нишон дода, дар ҷои 46-ум қарор дорад. Кишвар инчунин дар соҳаи тандурустӣ - ҷои 49-ум ва бехатарӣ - ҷои 53-юмро касб кард.
Илова бар ин, дар бахши муҳити зист, ки кишвар ба даҳгонаи охирини раддабандӣ (ҷои 162-ум) дохил шуд, холҳои паст ба мушоҳида мерасад, менависад Kapital.
Мавқеи Ӯзбекистон дар дигар соҳаҳо низ маълум аст. Ҳамин тариқ, кишвар дар бахши фазои сармоягузорӣ дар ҷои 107, шароити тиҷорат 121, инфрасохтор ва дастрасӣ ба бозор 104 ва сифати иқтисодӣ 79-ум қарор дорад.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон ба сегонаи беҳтарин шомил шуд. Пешсаф Қазоқистон, ки дар зинаи 69-ум қарор дорад ва дар ҷойи дувум Қирғизистон – зинаи 94-ум қарор гирифтааст. Туркманистон ва Тоҷикистон мутаносибан дар зинаи 107 ва 113-ум қарор доранд.
Пешвои ҷаҳон аз рӯи маркази таҳлилӣ Дания мебошад.