ӮЗБЕКИСТОН ДАР САФИ ЗӮРТАРИНҲО

Олимпиадаи навбатӣ ҷамъбаст ёфт, вале мо то дер таҳти таъсири бозиҳое хоҳем монд, ки беҳтарин варзишгарони дунё дар пойтахти Фаронса нишон доданд.

Ин Олимпиада дар таърихи тараққиёти мустақилонаи мамлакати мо нақши равшан гузошт.
Варзишгарони мо ба мусобиқаҳо омодагии ҳарҷониба диданд. Барои як қатор кишварҳо дар ин гуна мусобиқаҳои нуфузнок худи иштирок, эҳтимол, шарафи бузург, вале мо мақсад гузоштем марраҳои баландро фатҳ сохта, аз қатори пешқадамон ҷой мегирем. Роҳбари давлатамон Шавкат Мирзиёев моҳи августи соли 2021 таъкид сохта буд, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ барои дар сафи 15 зӯртарин ҷой гирифтан имкон дорем. Пешгӯӣ ва ниятҳо амалӣ гашт – кишварамон бори аввал ба натиҷаҳои бемисл ноил шуда, дар байни 206 давлат ба ҳисоби медалҳои умумӣ ба гирифтани ҷои 13-ум ноил гардид. Нафақат дар Осиёи Марказӣ, балки дар байни ИДМ ба гирифтани ҷои якум, дар байни давлатҳои Осиё бошад, ба гирифтани ҷои чаҳорум (баъди Чин, Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ) муваффақ гашт.
Ӯзбекистони соҳибистиқлол аз соли 1996 дар Бозиҳои тобистони олимпӣ бо ба даст овардани медалҳо иштирок менамояд.  Бо нишон додани натиҷаҳо ва рейтинги умумиҷамоавӣ варзишгарони мо дар Атланта (1996) ҷои 58-умро ишғол карда бошанд, дар олимпиадаҳои минбаъда ҷойҳои баландтарро соҳиб шуданд (Сидней, соли 2000, ҷои 43 ва Афина, соли 2004, ҷои 34). Вале Бозиҳои олимпии Пекин дар соли 2008 ва Лондон дар соли 2012 барои варзишгарони ӯзбекистонӣ як дараҷа бебарор буд ва онҳо ба ҷои 62-юм ва 75-ум фуромаданд. Олимпиадаи Рио (2016) бошад, барои Ӯзбекистон хеле бобарор омад ва ҷамои мо бо 4 медали тилло, 2 нуқра ва 7 биринҷӣ ба зинаи 21-ум баромад. Варзишгаронамон дар Бозиҳои тобистонаи Токио (соли 2020) бо 3 медали тилло ва 2 нуқра дар ҳисоби умумиҷамоавӣ ҷои 32-юмро гирифта буданд. Инак, хуштарин хотира аз Париж монд ва Ӯзбекистон бо гирифтани ҷои 13 аз қатори пурзӯртарин ҷамоаҳои дунё ҷой гирифт, ки ин боиси ифтихори ҳамватанҳои мост.
Музаффарбек Тӯрабоев ва Алишер Юсупов (дзюдо), Ғуломҷон Абдуллоев (гӯштии тарзи озод) бо медалҳои биринҷӣ, Акбар Ҷӯраев (атлетикаи вазнин) ва Светлана Осипова (таэквондо WT)  бо медалҳои нуқрае, ки ба даст оварданд, ба баланд шудани рейтинги умумиҷамоавии мамлакати худ саҳми муносиб гузоштанд. Светлана нахустин таэквондочидухтар аз Ӯзбекистон мебошад, ки дар Бозиҳои олимпӣ ба ин гуна натиҷаи баланд соҳиб шудааст.
Бо ноил шудан ба комёбии таърихӣ Диёра Келдиёрова дар давоми бозиҳо аввалин шуда ба баланд афрошта шудани ливои Ӯзбекистон сабаб гашт – вай дар таърихи диёри мо аз рӯи дзюдо аввалин варзишгаре буд, ки медали тилло гирифт. Дзюдочиёни ӯзбекистонӣ Армен Багдасаров, Абдулло Тангриев, Ришод Собиров, Диёрбек Ӯрозбоев ва Давлат Бобонов дар Бозиҳои пештараи тобистона ба гирифтани медалҳои нуқраву биринҷӣ сазовор шуда буданд. Айни замон Диёра аз байни бонувони ӯзбекистонӣ аввалин варзишгари дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ба медали тилло дастёфта мебошад. То ин вақт «тилло»-и ягонаро соли 1994 дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ҳамдиёрамон Лина Черязова ба даст оварда буд.
Улуғбек Рашитов (таэквондо WT) ва Разамбек Ҷамолов (гӯштии тарзи озод) низ медали тилло гирифтанд. Улуғбек дар Токио-2020 ҳам соҳиби медали тилло шуда буд. Ва вай дар нуздаҳсолагӣ  дар таърихи Ӯзбекистон ҷавонтарин чемпиони олимпӣ қарор гирифта буд. Аз  рӯи гӯштии тарзи озод дар 20 соли охир аввалин медали тиллоро Разамбек ба даст овард, ки аслан доғистонист ва аз номи Ӯзбекистон баромад намуд.
Беҳтарин бозиҳоро дар Олимпиадаи Париж муштзанҳоямон нишон доданд. Ҷамоаи яккачини Ӯзбекистон аз рӯи бокс пурзӯртарин ҷамоа дар дунё будани худро собит кард. Аз байни 7 нафар (аз рӯи вазнҳои гуногун) дар ҷамоаи мардҳо 5 нафар ӯзбекистониён қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ гардиданд: Ҳасанбой Дӯсматов (51 кг), Абдумалик Халлоқов (57 кг), Асадхӯҷа Мӯйдинхӯҷаев (71 кг), Лазизбек Муллоҷонов (80 кг) ва Баҳодур Ҷалолов (+92 кг). Ҳасанбой ва Баҳодур чемпиони дукаратаи олимпӣ аз рӯи бокс шуданд. 
Бо шарофати Бозиҳои Париж дунё ба Ӯзбекистон бештар таваҷҷуҳ нигаронд, бо садо додани гимн ва ҷилвагар шудани ливои давлатиамон қалби мо аз ифтихор лабрез гашт.

М. ШОДИЕВ, 
мухбири «Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: