ӮЗБЕКИСТОН ДАР САТРИ НУҲӮМИ РЕЙТИНГИ БЕХАТАРТАРИН КИШВАРҲОИ ҶАҲОН

Мувофиқи Индекси ҷаҳонии волоияти қонун Ӯзбекистон бинобар дараҷаи бехатарӣ байни кишварҳои пешрафта дар ҷои нӯҳум қарор гирифт, хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Дунё».

Мувофиқи Индекси ҷаҳонии волоияти қонун Ӯзбекистон бинобар дараҷаи бехатарӣ байни кишварҳои пешрафта дар ҷои нӯҳум қарор гирифт, хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Дунё».
Таҳлилро донишкадаи бонуфузи оид ба омӯзиши афкори умуми Gallup’s-и Амрико гузаронидааст. Бинобар маълумоти он ба ғайр аз Ӯзбекистон Сингапур, Туркманистон, Чин, Исландия, Кувайт, Норвегия, Австрия ва Шветсия аз сатри нуҳӯм ҷой гирифтаанд.
Афғонистон дар хатти поёнтарини рейтинг қарор дорад. Он ҳамагӣ 43 хол ба даст овард.
Натиҷаҳо дар асоси пурсиши байни аҳолии кишварҳои мухталиф тартиб дода шудаанд. Ба пурсидашудагон саволҳо дар бораи эътимод ба полис, шабона дар кӯчаҳо гашту гузор кардан бехатар аст ва ғайраҳо дода шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: