ӮЗБЕКИСТОН ДАР СММ МАШВАРАТРО БИНОБАР ЛОИҲАИ БАЁННОМАИ МАХСУСИ АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛӣ ДАР БОРАИ «МИНТАҚАИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ЭКОЛОГӢ» ЭЪЛОН КАРДАНИ МАВЗЕИ НАЗДИАРАЛ ОҒОЗ КАРД

Дар ситодхонаи воқеъ дар Ню-Йорки СММ аз ҷониби Намояндагии доимии Ӯзбекистон бобати мувофиқсозии лоиҳаи баённомае, ки аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев ҳангоми иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи генералӣ дар бораи «Минтақаи инноватсия ва технологияҳои экологӣ» эълон кардани мавзеи Наздиарал пешниҳод шудааст, машваратҳо оғоз ёфтанд.

Дар ситодхонаи воқеъ дар Ню-Йорки СММ аз ҷониби Намояндагии доимии Ӯзбекистон бобати мувофиқсозии лоиҳаи баённомае, ки аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев ҳангоми иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи генералӣ дар бораи «Минтақаи инноватсия ва технологияҳои экологӣ» эълон кардани мавзеи Наздиарал пешниҳод шудааст, машваратҳо оғоз ёфтанд.
Дар чорабиние, ки дар шакли конфронси видеоӣ баргузор шуд, коршиносони ҳайати давлатҳои аъзои СММ аз гурӯҳҳои мухталифи минтақавӣ, аз ҷумла Минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором, Аврупо, Амрикои Лотин ва Амрикои Шимолӣ иштирок карданд.
Дар ҷараёни машварат аз ҷониби ҳайати Ӯзбекистон моҳияти асосӣ, мақсад ва муҳимияти ташаббуси мазкур муфассал маънидод карда шуд. Ба муҳимияти ҳуҷҷати мазкур, ки кишварҳои аъзои СММ-ро «ба дастгирӣ кардани саъю кӯшиши давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки ба нарм кардани оқибатҳои экологӣ ва иҷтимоиву иқтисодии хушкшавии баҳри Арал нигаронида шудаанд» даъват менамояд, эътибор дода шуд.
Таъкид гардид, ки баённома ба муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои умумӣ ба мақсади ташаккул додани шароит барои ҷалби сармояҳои хориҷӣ дар коркард ва истифодаи технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, маҷмӯан ҷорӣ намудани равандҳои иқтисодиёти «сабз», технологияҳои тоза ва сарфакунандаи барқу об, пешгирӣ намудани минбаъд хушкшавӣ ва муҳоҷирати экологӣ нигаронида шудааст.
Дар доираи гуфтушунидҳо байни иштирокдорон бинобар дастурҳои ҳуҷҷат табодули афкор ба амал омад. Ҳайатҳо ба ташаббуси Ӯзбекистон баҳои баланд доданд, саривақтӣ будани пешниҳоди ҳуҷҷати мазкур дар доираи СММ ва фавқулодда муҳим будани он ҳам барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам барои кишварҳои дигар таъкид шуд. Коршиносоне, ки дар ҷараёни мулоқот ба сухан баромаданд, ба он чиз ҳамраъй шуданд, ки оқибатҳои манфии экологӣ, гуманитарӣ ва иҷтимоиву иқтисодии фоҷиаи ҳавзаи баҳри Арал аз ҳудуди минтақа убур мекунад ва ба мушкилоти умумиҷаҳонӣ мубаддал мегардад. Онҳо саъю кӯшиши кишварҳои минтақаро бобати паси сар сохтани оқибатҳои манфии буҳрони мазкур дастгирӣ намуданд.

ОИ «Дунё»,
НЮ-ЙОРК.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: