ӮЗБЕКИСТОН ДАР ТАҚДИРИ АДИБИ БЕЛАРУС

Тошканд шаҳри меҳр ва дӯстист.

Он чун рамз ва тимсоли ҳамбастагии адабиётҳо низ таваҷҷӯҳи умумро ба худ мекашад. 
Беҳуда муҷассама ва бюстҳои А. С. Пушкин, Т. Шевченко, Ш. Руставели, А. Қӯнонбоев, Ч. Айтматов барин шоир ва нависандагони бузург, ки мансуб ба халқҳои гуногун мебошанд, дар беҳтарин гӯша ва хиёбонҳои шаҳри гулободи Тошканд гузошта нашудаанд. 
Дӯстӣ дар сарзамини Ӯзбекистон як-ду соли охир ривоҷи тоза ёфт. Робитаҳо, минҷумла, бо доираҳои адабии Беларусия барқарор шуданд. 24 августи соли 2018 маросими гузошташавии нимтанаи Якуб Колас дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. 
Адиб-академики халқи беларус Якуб Колас ба диёри мо бегона набуд. Вай солҳои даҳшатбори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар қатори аҳли илм ва адабе, ки эвакуатсия карда шудаанд, ба Ӯзбекистон омад. Наздик дуюним сол дар Тошканд зиндагӣ ва эҷод намуд. Дар ин байн бо падидаҳои қаламии ба пирӯзӣ рӯҳбаландкунанда ва саршор аз ҳисси ватанпарастӣ нафақат ба ғалаба аз болои фашизм ҳисса гузошт, балки ба таърихи робитаҳои адабии халқҳои беларус ва ӯзбек саҳифаҳои тоза боз намуд. Бо шоиру нависандагони маҳаллӣ ёру бародарӣ устувор сохт, ба ҳаёт ва меҳнату муборизаи халқи ӯзбек дар замони душвори ҷанг аз наздик шинос ва дар бораи корномаҳои меҳнатию ҷангии диловарони мо асарҳои зиёд эҷод намуд. Дар маҳфилҳои шеърӣ, тадбирҳои фарҳангие, ки дар Хонаи афсарон, Иттиҳоди нависандагон, беморхонаҳои ҳарбӣ, корхонаю муассисаҳо баргузор мешуданд, фаъолона ширкат меҷуст ва шеърҳои оташин мехонд. Яке аз нашриётҳои Маскав солҳои ҷанг китоби ӯ «Садои замин»-ро аз чоп баровард, ки қисми асосии шеърҳои он дар бораи Ӯзбекистон ва тараннуми фазилатҳои олии халқи ин сарзамин мебошанд.
Роҳбари онвақтаи Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Ҳамид Олимҷон як гурӯҳ адибони ӯзбекро ҷамъ ва онҳоро вазифадор намуд шеърҳои Якуб Коласро, ки меҳмони тошкандиён буд, ба ӯзбекӣ тарҷума кунанд. Ғафур Ғулом, Ҳамид Ғулом, Уйғун, Мақсуд Шайхзода, Зулфия, Миртемир, Темур Фаттоҳ, Туроб Тӯла дарҳол аз пайи кор шуда, аз эҷоди пурбаракоти суханвари беларус намунаҳо тарҷума карданд. Соли 1942 дар Тошканд маҷмӯаи «Шеърҳо»-и ӯ дар тарҷума ба ӯзбекӣ ҷомаи табъ ба бар намуд.
Чӣ тавре аксарият огоҳанд, он солҳо як қатор адибони рус, украин, беларус, яҳудӣ, молдован, эстон, латиш, литвонӣ ва ғайраҳо, ки муваққатан дар диёри мо мезистанд, дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон сарҷамъ шуда ва самаранок эҷод мекарданд. Ба бисёр корҳои ташкилӣ адиби нисбатан куҳансол Якуб Колас низ сару бар мегашт. Бо саъю ҳаракатҳои ӯ рӯзнома, радио, китоб, шабҳои ёдбуд ва эҷодӣ, митингҳо ба минбари ҷанговарона алайҳи фашизм табдил ёфта буданд.
Ҷашни 60-солагии адиби барӯманд Якуб Колас дар Ӯзбекистон таҷлил гашт.
Эҷодкорони кинои ҳуҷҷатии ӯзбек тантанаҳоро ба навор сабт намуданд. 
Дар бораи фаъолияти ибратбахши Я. Колас дар Ӯзбекистон шоираи ӯзбек Зулфия чунин қайд карда буд: «Дар ин ҷо вай беҳтарин шеърҳояшро, ки ба Беларусия ва Ӯзбекистон бахшида шуда буданд, эҷод намуд. Ба онҳое, ки дар ҳузураш мебошанд, дар хусуси дӯсташ Янка Купала бо меҳру муҳаббат нақл менамуд.
Бинобар шунидани суханони меҳромези Колас дар бораи дӯсташ ман Купаларо таври худ кашф ва баъдтар бо худи вай аз наздик шинос шудам». 
Баъдтар Зулфияхонум ба шоираи беларус Эди Огнетсева нома навишт ва, аз ҷумла, зикр намуд, аз он ки Купала ва Колас барин адибони номии беларусро медонам ва онҳоро дӯст медорам, дар қалбам нур пайдо мешавад...
Яке аз даргоҳҳои мӯътабаре, ки адибони нуктадони гуногунзабонро муттаҳид ва овозашонро ба дигарон мешунавонд, идораи радиои ҷумҳурӣ ҳисоб меёфт. Дар паси микрофон Петр Павленко, Владимир Луговский, Николай Ушаков, Эди Огнесвет (Огнетсева), Микола Терешенко, Иосиф Уткин ва қатори онҳо Якуб Колас  зуд-зуд шеърҳои оташин ва ҷанговарона мехонданд. Баромадҳои онҳо ба мардум зиндадилӣ, ба қалбҳо таскин мебахшид.
Солҳои вазнин қатори мардуми ҷафокаши маҳаллӣ адибоне ҳам, ки муваққатан дар Тошканд зиндагӣ ихтиёр карда буданд, душвориҳо мекашиданд. Нависандагони мо, хусусан, роҳбари ташкилоти адибон Ҳамид Олимҷон зуд-зуд аз ҳоли онҳо хабар мегирифт, ба беҳтар сохтани шароити зист ва эҷоди  онҳо ҳаракат менамуд. Вай он солҳо мақолае навишт бо унвони «Ҳаёти адабии Ӯзбекистон». Дар бораи роҳи эҷодии В. Иванов, Н. Погодин, К. Чуковский, В. Ян барин адибони рус, ки дар Тошканд муваққатан фаъолият мебурданд, сухан ба миён оварда, дар Маскав рӯйи чоп дидани китоби «Садои замин»-и  Якуб Коласро алоҳида зикр карда гузашт. Воқеан,  миннатдории адибони гуногунмиллат, ки дар пойтахти Ӯзбекистон он солҳои ноором паноҳ ёфта буданд, дар «Хотираи қалб» ном китоби нависандаи украин А. Илченко баён ёфтаанд. А. Илченко мегуфт, ман дар бораи фаъолияти аҳли илм ва адаби миллатҳои гуногун ҳарф зада, ин китоби худро ба қаҳрамонҳои халқи ӯзбек бахшидаам. 
Мегӯянд, бинои дӯстие, ки хиштҳои он дар даму нафасҳои душвор гузошта шудаанд, завол намеёбад. Адибони ӯзбек солҳои вазнини ҷанг ҳамқаламони гуногунмиллатро дар диёр ва хонаи худ ҷо доданд ва  ба онҳо як умр ёру бародар монданд. 
Соли 1954 нависандагони ӯзбек Ҳамид Ғулом ва Ҳоҷӣ Аҳмар ба Беларусия рафтанд. Дар Минск онҳоро адиби маъруф Якуб Колас ба манзили худ даъват намуд. Ба академик Константин Михайлович (Якуб Колас) дар саробӯстони Академияи Улуми Беларусия хонаи боҳашамати дуошёнаро ҷудо карда буданд. Вай дар ин ҷо меҳмонони ӯзбекистониро бо котиби худ Максим Лужанин ва писараш Даниел гарму самимӣ истиқбол гирифт. Аз таҳти дил меҳмондорӣ кард. Ва солҳои мушкили давраиҷангиро бо эҳсосе ёд оварда, иқрор гашт, ки дар меҳмоннавозӣ ба ӯзбекистониён баробар шудан душвор.
Баъдтар дар Минск анҷумани нависандагони Беларусия рӯйи кор омад. Рӯзҳои съезд адиби куҳансол Якуб Колас наздик сад нафар адибонро  ба хонаи худ таклиф кард, ки миёни онҳо фиристодагон аз Ӯзбекистон низ ҳозир буданд. Ба чашмаш чун алав тофтани намояндагони ин диёри офтобиро ошкор баён намуд. 
Колас меҳмони азизи Ғафур Ғулом гардидан, гирди чаҳорпоя, сари як пиёла чойи кабуд, бо ӯ дар мавзӯи шеърият ва умуман ҷараёнҳои адабӣ суҳбатҳои таҳтидилона намудан ва умуман зиндагиаш дар Тошканди меҳмонпарварро фаромӯш карда метавонист? 
Соли 1943 бинобар ба Маскав кӯчидани адиби номвари беларус Я. Колас, Ҳамид Олимҷон ва Зулфия дар манзили худ дастурхон кушоданд. Эди Огнетсвет он воқеаро чунин қайд намудааст: «Октябри соли 1943 Зулфия ва Ҳамид Олимҷон Шоири мардуми Беларусия Якуб Колас ва рафиқаи ҳаётиаш Мария Дмитриева, ҳамчунин ману шавҳарамро  ба меҳмонӣ таклиф намуданд. Дар атрофи дастурхон суханони аз якдигар ширин ва самимӣ баён ёфтанд. Соҳибони хонадон саховат ва ҳарорати модарзоди худро аз мо дареғ надоштанд».
Ба онҳое, ки меҳмони хонадонаш мебошанд, Якуб Колас шеърҳои худ «Ба Ӯзбекистон» ва «Салор»-ро бо меҳр хонда медод. Умуман, ба диёри худ баргашта ва ҳамон ҷо хок шуда бошад ҳам, дар ҳаёт ва фаъолияти ӯ Ӯзбекистон чун яке аз саҳифаҳои рангин монд.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: