Дастаи мунтахаби миллии Ӯзбекистон дар давраи дуюми Ҷоми Осиё дар Аморати Муттаҳидаи Араб рақиби худ Туркманистонро бо ҳисоби 4:0 мағлуб намуда, ба ҳаштякфинали мусобиқа роҳхат гирифт.
Бояд гуфт, ки дар ин сабқат футболбозони дастаи мо хеле хуб ҳаракат карданд. Дигаргунӣ ва тактикаи таркиби даста, ки аз ҷониби сармураббӣ Эктор Купер татбиқ гардид, натиҷаи худро дод. Дар дақиқаи 17-уми бозӣ тӯбе, ки аз ҷониби Элдор Шомуродов ба майдони ҷаримавӣ партофта шуд, онро Ҷавоҳир Сиддиқов ба дарвозаи ҳарифон ҷой кард. Пас аз ин гол бозии футболбозони ҳар ду даста шиддат гирифт. Пас аз чанд ҳуҷуми пай дар пайи футболбозони мо дар дақиқаи 24-уми сабқат Шомуродов тӯбро ба дарвозаи Оразмуҳаммедов ҷой кард. Дар дақиқаи 40-ум Ҷалолиддин Машарипов голи сеюмро зада бошад, дар дақиқаи 42-юм Э.Шомуродов дубл қайд кард – 4:0. Дар қисми дуюми бозӣ ҳисоб ранги дигар нагирифт ва бо ин натиҷа бозингарони мо холҳои муҳимро ба даст оварда, аз рӯйи ҳисоби голҳо пешқадами гурӯҳ шуданд.
Мувофиқи маълумоти мавҷуда, то ин дам ҷамоаи яккачини мо бо дастаи мунтахаби Туркманистон 9 бозӣ гузаронда, 7 ғалаба, 1 бозии якранг ва дар як сабқати дигар туркманистониҳо пирӯз шудаанд.
Дар бозии дигари гурӯҳи мазкур Уммон ва Ҷопон – 0:1.
Бояд гуфт, давраи дуюми мусобиқа низ аз бозиҳои пуршиддат ва натиҷаҳои ногаҳонӣ холӣ набуд. Дар сабқати дуюми гурӯҳи «А» дастаи Аморати Муттаҳидаи Араб, ки бо ҷамоаи яккачини миллии Ҳиндустон рӯ ба рӯ шуд, мухлисони худро шод кард. Дар ин бозӣ шогирдони Алберто Заккеронӣ бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Футболбозони Таиланд бошад, бозингарони дастаи Баҳрайнро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд. Дар гурӯҳи «B» чемпиони дарамалбудаи мусобиқа Австралия ба худ омада, қасди худро аз дастаи Фаластин гирифт: 3:0. Дастаи Сурия мағлубияти дуюми худро аз Урдун қабул кард: 0:2. Дар гурӯҳи «С» дастаи Қирғизистон аз ҷамоаи Куриёи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда бошад, футболбозони чинӣ бозингарони Филиппинро дар ҳайрат гузошта, бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд. Дастаи Эрон гурӯҳи «D» бо «дубл»-и тӯбзани ҷамоа Сардор Озмун аз рақиби худ, дастаи Ветнам се холи муҳимро ба даст овард. Футболбозони дастаи Ироқ дебютанти гурӯҳ, шогирдони сармураббии дастаи Яман Ян Косянро бо ҳисоби 3:0 шикаст доданд. Гурӯҳи «E». Футболбозони дастаи Лубнон аз бозингарони Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:2 мағлуб гардиданд. Бозии дуюми гурӯҳи мазкур бошад, хеле ҷолиб гузашт. Дар он Қатар бо дастаи Куриёи Шимолӣ вохӯрд ва ба дарвозаи сардори даста Ри Мёнг Гук 6 голи беҷавоб заданд. Ҷолибаш он буд, ки дар ин сабқат ҳуҷумгари қатарӣ Алӣ Алмуаз «поккер» (4 гол) қайд кард. Вай алҳол нисбат ба натиҷаи давраи дуюм (5 гол) тӯбзани мусобиқа ба шумор меравад.
Мувофиқи натиҷаи давраи сеюми бозиҳо, дастаи мизбонон – Аморати Муттаҳидаи Араб бозиро бо Таиланд якранг (1:1) анҷом дода бошад, бозингарони ҳиндустонӣ аз футболбозони Баҳрайн 0:1 шикаст хӯрда, мусобиқаро тарк карданд.
Ҷоизи қайд аст, дастаи мунтахаби миллии мо дар давраи сеюми мусобиқа бо ҷамоаи Ҷопон рӯ ба рӯ мешавад. Сабқати мазкур фардо бо вақти Тошканд соати 18:30 дар варзишгоҳи «Халифа бин Зайд»-и шаҳри Ал-Айн баргузор мешавад.
М. ҚОДИРЗОДА.