Девораи миллии Ӯзбекистон дар ярмаркаи ҷаҳонии сайёҳии «World Travel Market - 2019», ки дар Лондон ба амал омад, тақдим гардид.
World Travel Market – яке аз ярмаркаҳои бузург ва оммавии байналхалқӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, дар он қариб тамоми ҷанбаи хидмати соҳаи мазкур намоиш дода мешавад. Бинобар бузургӣ дар Аврупо ярмаркаи сайёҳии дувум (баъд аз Берлин) буда, WTM ҳар сол, аз соли 1980 инҷониб гузаронда мешавад. Соли равон он беш аз 50 ҳазор соҳибони касби худро аз 182 мамлакати ҷаҳон ҷамъ овард. Миқдори тамошобинони он аз сад ҳазор нафар гузашта, журналистоне, ки кори онро равшан менамояд, 2800 нафарро ташкил дод.
Ӯзбекистон аз соли 2009-ум инҷониб дар чорабинии мазкур мунтазам иштирок менамояд. Ин дафъа мамлакатамонро дар WTM ҳайат дар таркиби намояндагони Кумитаи давлатӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ҶС «Uzbekistan Airways» ва агентиҳои сайёҳии «People Travel», «Orient Voyages», «Hyatt Regency Tashkent», «Compass Tour», «Ulysse Tour» ва дигарҳо тақдим карданд. Видеоролики махсус, ки дар доираи экспозитсияи Ӯзбекистон ва бахшида ба шаҳрҳои таърихӣ, мероси маданӣ ва рушди замонавии он намоиш дода шуд, қувваи ҷозибаи ба худ хоси равшане гардид, ки тамошобинони ярмаркаро ҷалб менамояд.
Девораи миллии мамлакатамон аз маркази павилони Осиё ҷой гирифт. Китобчаҳои эълонӣ, буклетҳо дар бораи имкониятҳои сайёҳӣ дар Ӯзбекистон васеъ истифода шуданд.
Барои намояндагони ватанӣ иштирок дар чорабинӣ имкони гирифтани маълумоти васеъро дар бораи тамоюл ва пешомадҳои рушди сайёҳӣ, шинос шудан бо самтҳои нав, усулҳои идоракунии самарабахш ва таъмин кардани дараҷаи баланди рақобатпазирии ин намуди тиҷорат фароҳам овард.
Бинобар натиҷаи иштирок дар WTM равобит барқарор гардида, гуфтушунидҳо гузаронда шуданд, инчунин бо шарикони бритонӣ ва дигари хориҷӣ шартномаҳо ба имзо расиданд.
Ҳайати Ӯзбекистон бо намояндагони ассотсиатсияи сайёҳии Бритониё, аз он ҷумла «Association of Group Operators», «Association of Nationa Tourist Offices & Representatives», «Evropean Travel Agents & Tour Operetors Association», «Association of British travel agents», «Association of independent tour operators», «Travel the Unknown», «The Travel Experts», (religions tourism), Silk Road Adventures, Донишкадаи оид ба саёҳат ва сайёҳии Бритониё, инчунин маҷаллаи «Wanderlust Magazine» музокироти самарабахш гузаронд.
Баробари ин, ҳайати Ӯзбекистон инчунин дар ҳамоиши вазирони ЮНВТО таҳти мавзӯи «Технологияҳои замонавӣ барои рушди сайёҳӣ дар деҳот» иштирок кард. Дар ҳамоиш инчунин беш аз 50 нафар вазирони сайёҳӣ ва роҳбарони маъмурияти шӯроҳои сайёҳии ҷаҳон ҳузур доштанд. Иштирокдорон бинобар масъалаҳои муҳими соҳаи сайёҳии ҷаҳонӣ, тамоюл ва пешомади рушди минбаъдаи соҳа мубодилаи афкор намуданд.
Дар рафти ярмарка мутахассис бинобар рақси ӯзбекӣ Тара Пандеяи амрикоӣ рақсҳои миллии ӯзбекиро иҷро карда, бо истеъдоди худ ҷамъомадагонро мафтун кард. Т.Пандея ба туфайли муҳаббаташ ба рақси ӯзбекӣ хусусиятҳои онро ба тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла Бритониёи Кабир намоиш медиҳад.
Умуман, ташрифи ҳайати Кумитаи давлатӣ оид ба рушди сайёҳӣ ва операторони сайёҳии ватанӣ барои минбаъд пеш бурдани манфиати Ӯзбекистон бинобар рушди сайёҳӣ ва ба таври ҷиддӣ афзун гардондани сайёҳони бритонӣ ва аврупоӣ ба мамлакатамон асоси хуб фароҳам овард.
АА «Дунё»,
ЛОНДОН.